Бойгонӣ

Барои зиндагӣ кардан баҳонае бояд ҷуст!

    
   Солҳои охир дар ҷомеа ҳодисаҳои нангин ва падидаҳои номатлуб мушоҳида мешавад, ки ҳар солимфикрро ба андеша водор менамояд. Даст ба худкушӣ задани баъзе афрод аз ҷумлаи амалҳои номатлубе мебошад,  ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. 
  Сабабҳои даст ба худкушӣ задани баъзе нафарон ва омилҳои ба ин ҳолат расонидани онҳо, аз мавзӯъҳои доғи ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки инсоният садсолаҳо боз атрофи он баҳсу мунозира дошта, то кунун паҳлуҳои нокушодаи он мавриди омӯзишу пажуҳиши равоншиносону коршиносони риштаи ҷомеашиносӣ қарор гирифтааст. 

   Ба гуфтаи равоншинос Хайриддин Собиров  ҳолатҳои гуногуни равонӣ, аз ҷумла, эҳсосоти ниҳоят баланди инсон боиси пайдо шудани қасди худкушӣ дар зеҳни инсон мегардад. Нафарони гирифтори ин ҳиссиёти носолим, ки зиндагӣ дар назарашон якранг менамояд, ба ҷойи хушбинӣ ба зиндагӣ ва ба ояндаи хубу дурахшони худ умед бастан, баръакс рӯзгори гузаштаи худро ба ҳасрат ёдовар шуда, бовариҳоро аз даст медиҳанд. Мутаассифона, баъзе одамонро бо сабабҳои гуногун эҳсоси ноумедӣ фаро мегирад, ки ин  аз бемориҳои музмин дида, барои инсон таъсири бадтар мерасонад. Ҳатто як шикасти иқтисодӣ ё нафареро аз даст додан, бахусус, вақте  ҷавонони мо аз дӯстдоштаи худ ҷудо мешаванд, фикр мекунад, ки зиндагӣ дигар барои онҳо маъное надорад ва ба хотири атрофиёнро ба худ ҷалб кардан даст ба худкушӣ мезананд. Ҳол он, ки худкушӣ ва ҳисси безорӣ аз зиндагӣ доштан, роҳи ҳалли мушкилот шуда наметавонад.
   Ҳамчунин, дар зиндагӣ нафаронеро вомехӯрем, ки дар ҳолати ҳаяҷони баланд, ки онро дар тибб  ҳиссиёти “ассеникӣ”яъне, рӯҳафтодагӣ мегўянд, дучор мешаванд. Инчунин ҳолатҳо дар наврасону ҷавонон бештар рух медиҳад, ки фарзанд дар хона бо падару модар атрофи ягон ҳодисаи манфӣ баҳсу мунозира карда, дар ҳолати асабонӣ ба мактаб меравад ва барои вазифаи хонагиро иҷро накарданаш аз муаллим баҳои ғайриқаноатбахш гирифта, ҳам суханони ноҷо мешунавад. Дар идомаи рӯз аз мактаб берун баромада, бо  ҳамдарсону дӯстонаш муноқиша мекунад ва чун ба хона баргашт, аз бародараш сила мехӯрад. Ҳамаи ин ҳолатҳои манфӣ ба мафкураи ҷавон таъсири ҷиддӣ  расонида, вайро дучори ҳиссиёти “ассеникӣ” мегардонад, ки дар базе чунин ҳолатҳо андешаи даст ба худкушӣ задан дар зеҳни ӯ пайдо мешавад,- мегӯяд Хайриддин Собиров.
   Барои пеши роҳи ин ҳодисаҳои нангинро гирифтан пеш аз ҳама бояд як машваратгоҳи равоншиносӣ ташкил намоянд, то дар онҷо ба калонсолон, хусусан ҷавонон дар бораи фарҳангӣ оиладорӣ, омода намудани ҷавонон бобати интихоби дурусти ҳамсар ва дигар масоили муҳими ҳаётӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоем. Роҳи пешгирии дигари худкушӣ ин фароҳам овардани машваратгоҳҳои равонӣ дар мактабҳои олӣ ва миёна аст, ки дар онҷо омӯзгорон ба хонандагон дар бораи ин ҳодисаҳои нангин суҳбату вохӯриҳо гузаронанд. Бо ин ва дигар усулҳои муосири ҳамкорӣ бо сокинони синну соли мухталиф, метавон дар самти пешгирӣ аз худкушиву дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа муваффақ гардид.

    Аъзамбек Иддиев, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Донишогоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иброз медорад, ки: - “Вақте дар зеҳни одам ҳиссиёти бузурги равонӣ пайдо мешавад, вай даст ба худкушӣ мезанад. Аз ин рӯ, ба ҳангоме, ки нафаре аз атрофиёнро дар ҳолати сахти рӯҳӣ мебинем, бояд вайро танҳо нагузошта, бо суханони таскинбахшу рўҳбаландкунанда аз ҳолати асабонияту ноумедӣ наҷот диҳем. 
   Ба андешаи равоншиносон инсон дар ҳолати ғамгинӣ ва ҳам дар ҳолати хурсандии аз ҳад зиёд метавонад ягон амали номатлуб содир намояд. Яъне, инсон набояд, ки  аз ҳад зиёд хурсанд ва ё баръакс ғамгину афсурдаҳол  бошад. Дар чунин ҳолатҳои равонӣ сари чанбараки мошин нишастан ва ё истифодаи телефонҳои мобилӣ тавсия дода намешавад. Баръакс, дар ин гуна ҳолатҳо атрофиён бояд бо суҳбати нарму андешаҳои хушбинона фикру андешаи ӯро банд намоянд.
   Солҳои охир ҳолатҳои худкушӣ бештар дар байни ҷавонон, хусусан, духтарони ноболиғ мушоҳида мешавад. Дар аксар ҳолатҳо сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунада муҳити хонавода ва муносибатҳои оилавӣ ва баҳсу муноқишаҳои байни фарзандону волидон, рашки беасоси байни ҳамсарон, хиёнати яке аз ҳамсарон, бекорӣ, гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, танҳоӣ, ҳолати афсурдаҳолӣ ва бо баҳонаи ночиз ғамгин ва асабонӣ шудан ва ҳатто майзадагӣ боиси рӯй додани ҳодисаҳои худкушӣ шуда истодааст.

   Баҳром Усмонов, духтури асабшиноси Маркази саломатии шаҳри Бохтар ба ин назар аст, ки баъзе аз равоншиносон худкуширо дар аксар ҳолатҳо нишонае аз бемории мағзи сар медонанд, ки то ин мавқеъ нашинохта мондааст. Дар ҳолате, ки инсон зарбаҳои сахти равонӣ мехӯрад, ин ба асаб таъсири худро мерасонад ва системаи асаб, ки ҷузъи асосии майнаи сари инсон аст, оҳиста –оҳиста ба фаромушхотирӣ, афсурдаҳолӣ ва девонагӣ, яъне, ба касалиҳои рӯҳӣ оварда мерасонад. Тибқи мушоҳидаҳои мо имрӯзҳо сабаби бештари ҳодисаҳои худкӯшӣ аз ҳолати ба дӯстдоштааш нарасидан, ҷанҷоли зану шавҳар, хиёнат ба якдигар, қарзи аз ҳад зиёд ба вуқўъ пайвастааст. 
Райҳона Раҳматова сокини шаҳри Бохтар ба ин назар аст, ки заиф ва сустии иродагии инсон низ боис мегардад, ки ӯ ба мушкилот тоб наоварда, ба ҷойи ҷӯстани роҳи ҳали он, даст ба худкушӣ мезанад. Ҳамчунин, инсонҳои дорои бемории равонӣ низ дар аксар маврид даст ба ин амали нангин мезананд. Ба гуфтаи бузурге:
   Барои худкушӣ кардан баҳона бисёр аст,
  Барои зиндагӣ кардан баҳонае бояд ҷуст!
   Дини мубини ислом, ки ҳамеша инсонро ба роҳи покӣ аз ҳар гуна фасодҳо, эҳтироми ҳуқуқҳои якдигар, зарурати амнияту солимии ҷомеаро аз роҳи омӯхтану таълиму тарбия ташвиқ менамояд, худкуширо ҳам гуноҳ  ва ҳам ҳаром, яъне манъ намудааст.  
   Ба гуфтаи Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҳаёти инсонӣ эҳдои Худованд аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки касеро аз ҳаёт маҳрум намояд. Бандаи муъмин бояд ба қадри ҳаёт бирасаду эътиқод намояд, ки ҳаёти ин дунёӣ имтиҳон аст ва ҳаргиз маъюсу ноумед нахоҳад шуд. Бояд бовар дошта бошад, ки ҳама чиз дар дунё бо ризоияти Худованд рух медиҳад. Ва ҳар гоҳ, ки корҳои ӯ барор биоваранд, бояд шукри Эзиди таолоро ба ҷой оварад ва ҳар гоҳ , ки ба мушкилие дучор шавад танҳо ба Худо умед бандад. Онҳое, ки ба  мушкилоти зиндагӣ тоб наоварда даст ба худкушӣ мезананд, албатта подоши ин амали номатлубро  дар рӯзи дар охират хоҳад гирифт. Худованд афродеро, ки даст ба худкушӣ мезананд, лаънат хонда, аз биҳишт маҳрум намудааст. Шахсе, ки дар дунё кору амалҳои хайрро иҷро карда бошаду даст ба ин омали нангин зада бошад, Худованд ба ин гуна афрод низ дарҳои дузахро кушода ва дарҳои биҳиштро баста мегардонад. Парвардигор дар ояти 29-уми сураи “Нисо”мефармояд:
“...Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст”. 
   Ҳамин тариқ, дар ояти 195-уми сураи “Бақара”омадааст,ки:- “Ва дар роҳи Худо харҷ кунед ва хештанро бо дастҳои худ ба ҳалокат нарасонед ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад”
  Мавсуф, зимни суҳбат қайд намуд, ки дар ҳадисе  аз Ҷобир ибни Самура (раз) ривоят шудааст, ки мардеро назди Пайғамбар (с.а.в) барои ҷаноза оварданд. Он мард худро ба қатл расонида буд. Паёмбари Худо (с.а.в) аз хондани ҷанозаи ӯ худдорӣ карданд.
Аз ин рӯ, бояд ҷавононро аз оқибатҳои худкушӣ огоҳ намуда, бахусус, падару модарон дар ҳама ҳолатҳо ҳамроҳи фарзандон  бошанд. Барои аз байн бурдани ин амалҳои номатлуб, ки хилофи шариати исломӣ ва сиришти инсонӣ мебошад, бояд дар якҷоягӣ кор бурд, то нагузорем ҷавонони зебою баркамоли мо ба ин кори бешарафона аз неъматҳои ҷовидонаи биҳишт маҳрум шаванд.
   
С. Хайрулло 


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019