Бойгонӣ

Дар домани кӯҳи зарнисор аст, Кангурт…

  Манзараҳои зебою дилрабо, талу теппаҳои сабзпӯш, роҳравҳои пур аз гулу кӯҳҳои сарбафалаккашидаи болои ин деҳкада ба кас рӯҳияи ногуфтанӣ мебахшад. Ҳангоми вуруд ба деҳаи Кангурти Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар манзараҳои дилрабои талу теппаҳои он ҳаёту рӯзгори ниёгони мо пеши назар меояд, ки аз қиссаву саргузаштҳо дар ин сарзамини бостонӣ шунидаем. Намои деҳаро, ки аз болотари роҳи даромадгоҳ дар ҳар фасли сол манзараҳои гуногунранги талу пуштаҳои зебоманзар шукўҳу шаҳомат мебахшад, нусхаи таърихии табиати ин диёр аст, ки то кунун зиндаву побарҷост. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҷойи он пайроҳаҳои пастобаланди кӯҳистонӣ, роҳҳои ҳамвор бунёд гардида, мардуми ин куҳандиёр барои ободонии диёри хеш кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодаанд.
   Ба гоҳи ворид шудан ба деҳаи Кангурт эҳсос мешавад, ки фарзандони фарзонаи ин диёр Анвар Қурбонов, Кароматулло Абдиев, Абуалї Исматов, Шерхон Салимзода ва дигарон дар пайравӣ аз ташаббусҳои ободонии Пешвои муаззами миллат зодбуми хешро хело ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. 
   Давоми Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди Ҷамоати дењоти Кангурт даҳњо иншооти гуногунтарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Коллеҷи тиббии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои 250 нафар донишҷӯ, бинои Қасри фарҳанг барои 500 ҷойи нишаст, толор ва майдончаи варзишӣ дар ҳудуди мактаб- интернати Кангурт, меҳмонхона ва тарабхона, таъмири кӯдакистони ”Бону” барои 150 тарбиятгиранда, Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт”, бинои “Дандонпизишк”, филиали беморхонаи ташхисию табобатии “Мадади Акбар”, корхонаи истеҳсолии “Мебел”, бинои њаштошёнаи истиқоматӣ бо маркази саломатӣ, мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмон, коргоҳи истеҳсоли макарон ва маҳсулоти макаронӣ ва дигар биноҳои хизматрасонӣ намунае аз шоҳкориҳои ободгарони ватан арзёбӣ мегардад, ки имрӯз мавриди баҳрабардории мардум қарор дода шудааст.

   Муҳимтарин навгоние, ки  дар деҳоти Сафарбоёни ин ҷамоат мардумро хушҳол гардонид, ин бунёди пули пиёдагард дар канори соҳили оби ин деҳа мебошад, ки зимистонҳои пешин мактаббачагон бо мушкилоти зиёду ҳисси хатар дарёро убур мекарданд. Садафмо Ҳайдарова сокини деҳа иброз медорад, ки солиёни зиёд дар мавсими барфу боронҳо хатари гузаштан аз пули ларзонакро зиёд мекард, ки баъзан рӯзҳо фарзандонамон ба мактаб намерафтанд. Сипоси беҳад ба ҷавонмардони парвардаи хоку оби ин диёр, ки бо бунёди пули пиёдагард мушкили №1-и ҳамдеҳагони худро бартараф намуданд.
   Ба гуфти Ҳакимзода Зуҳрои Маҳмадсайид, раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт давоми се соли охир дар ҳудуди љамоат 38 иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Зимни ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати дењоти Кангурт бунёди даҳҳо иншоот ва амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамин тавр, бо иштироки Сарвари давлат барои бунёди майдони Парчами давлатӣ, майдони варзишӣ барои 6 000 ҷойи нишаст, бинои ШВКД санги асос гузошта шуд. Ҳамзамон, дар назар аст, ки то ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди деҳоти Кангурт татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои ҷадид, аз қабили насби дастгоҳи обу ҳавосанҷӣ дар деҳоти Гузари тор, сохтмони осиёбҳои обӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ, мумфаршкунии 1,5 километр роњи деҳаи Оби ширин, сохтмони хобгоҳи коллеҷи тиббӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳама деҳаҳои љамоат, таъсиси ошхонаи замонавӣ дар назди мактаб-интернати Кангурт ва дигар марказҳои хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шавад. Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоати деҳот бунёди корхонаи истеҳсоли асал, мева ва коркарди шир ба нақша гирифта шудааст, ки итминони меравад нақшаҳои пешбинишуда дар муҳлати муайян амалӣ хоҳанд гардид.
   Зимни суҳбат  бо сокинони деҳаи Кангурт маълум гашт, ки бо ифтитоҳи маҷмааҳои хизматрасониҳои гуногун аз қабили коргоҳҳои дузандагӣ, марказҳои тиҷоратӣ, дорухона ва дигар дуконҳои фурӯши маводу маҳсулоти ниёзи мардум, даҳҳо нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор фаро гирифта шудаанд.
  Зодагони Ҷамоати деҳоти Кангурт изҳор медоранд, ки раванди корҳои ободонию созандагӣ дар деҳкадаи онҳо рӯз аз рӯз вусъати тоза ёфта, дар ин заминаи он, барои теъдоди бештари истиқоматкунандагони деҳот ҷойҳои корӣ фароҳам мегардад. Дар қаламрави деҳоти мазкур роҳҳои маҳаллӣ низ қариб, ки пурра аз таъмир бароварда шудааст. То имрӯз бо ҷидду ҷаҳди соҳибкорону сахопешагони Кангурт 22 километр роҳҳо сангфарш ва 18 километр  мумфарш карда шудааст. Дар се деҳа хатҳои  оби нушокӣ гузаронида шуда,  татбиқи иқдомҳои таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ дар дигар рустоҳои деҳот идома дорад. 
   Тавре, ки Файзулло Аминов сокини 70- солаи деҳоти Кангурт  изҳор медорад, бо мурури солҳо ҷойи биноҳои куҳнаву фарсуда иншооти хуштарҳи замонавӣ бунёд гардида, деҳоти Кангурт ба шаҳраки хуштарҳи замонавӣ табдил ёфта истодааст. Сокинони заҳматқарини деҳкадаи Кангурт аз дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ободгаронаи ҷавонмардони саховатпешаи ин диёр, рӯҳбаланд гардида, иќдом гирифтаанд, ки дар ҷараёни корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. - Рисолати дигари мо ҷиҳати хизмати шоиста ба халқу Ватан ин тарбияи фарзандони  ватандӯст ва тарғибу роҳнамоии насли ояндаи диёрамон ба илму донишандӯзӣ мебошад, то ҳамчун кадрҳои донишманду тавоно ба воя расида, дар рушду нумўи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд,-  мегӯяд Файзулло Аминов.
     Маврид ба ёдоварист, ки айни замон дар маркази Ҷамоати деҳоти Кангурт Маҷмааи хизматрасонии “Меҳри Модар” фаъолият менамояд, ки дар он маркази таълимии  калонсолон таъсис дода шудааст. Дар ин марказ шаҳрвандони бе ҷойи кор ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун, аз қабили зардӯзӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шудаанд.   Воқеан, ҷараёни корҳои ободонӣ ва рушду нумӯи самтҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ояндаи наздик ин деҳкадаи дурдасти Тоҷикистон боз ҳам ободу зебо гардида, дар заминаи бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ кулли сокинони корҷӯ бо шуғлҳои сердаромад фаро гирифта мешаванд. Имрӯзҳо ҷиҳати амалӣ намудани марому мақсадҳои наҷиби хеш, сокинони ободгари Кангурти бостонӣ бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами милат ҷидду ҷаҳд доранд, то дар рушду пешрафти зодбуми хеш саҳми босазо гузоранд.

Хайрулло Саъдуллоев, коромӯзи “Сафо” 


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019