Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
Инак боз ба кишвари бостонии мо зеботарин фасли сол, яъне арӯси сол-баҳори оламоро қадам ранҷа намуд. Бо омадани баҳори оламафрӯз табиат ранги зебо мегирад. Дашту даман, талу теппаҳо ҷомаи сабз ба бар карда, дарахтон қабои гулгун мепӯшанду гирду атрофро бо накҳати хуши гулҳояшон муаттар месозанд. Баҳор фасли зебою дилрабоест, ки меҳру муҳаббати инсонҳоро афзун мегардонад. Зинатбахши фасли баҳор ҷашни Наврӯзи оламафрӯз аст. Наврӯзи хуҷастапай бо бисёр расму оин ва маросиму анъанаҳои нек иртибот дорад. Ҳамин аст, ки мардум ба ифтихори фарорасии он ҳамасола фаъолияти солонаашонро ҷамъбаст намуда, барои Соли нав бо ҳазорон умеду орзуҳои нек нақшаи амал таҳия менамоянд.
Тавре ки устод Мирзо Турсунзода фармудааст:
Баҳор омад зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Наврӯз ҷашни қадимаи миллӣ аст, ки аз замонҳои қадим аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст. Наврӯзи хуҷастапай замони баробар шудани шабу рӯз фаро расида, он ба мавсими кишту кор рост меояд. Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз олимон ақидаҳои гуногун баён намуданд.
Донишманд ва олими бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар асари машҳураш «Осор-ул-боқия» овардааст: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст. Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва нишони соли нав аст».
Олими машҳур дар дигар ҷо овардааст, ки; «Эрониёни бостон ҷашне доштанд бо номи Фарвардгон, ки он 10 рӯз тӯл мекашид».
Наврӯз қадимтарин ва бузургтарин ҷашни мардуми ориёнажод, аз ҷумла, тоҷикон мебошад. Ин ид дар аксари кишварҳо, аз ҷумла, дар Ҳироту Балху Хатлон бо номи «Гули сурх» панҷ рӯз ҷашн гирифта мешуд. Ва ин ҷашн ба рӯзҳои 19-23-юми март рост меомад.
Ҳофизи Шерозӣ ба ин маънӣ фармудааст:
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири Наврӯзӣ.
Рӯзи аввали Фарвардинро рӯзи якуми фасли баҳор, оғози киштукор, бедоршавии табиат ва олами наботот медонистанд. Мардум дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз манзилҳояшонро тозаю озода менамоянд, сару либосҳои нав мепӯшанд, шодию хурсандӣ карда, орзуи беҳбудии зиндагиро мекарданд.
Дар гузашта олимон аз донаҳои зироат сабзаҳо тайёр мекарданд ва ба воситаи онҳо ҳосилнокии зироатҳоро дар Соли нав пешгӯйи менамуданд.
Занон 25 рӯз пеш аз Наврӯз барои тайёр намудани суманак гандумро шуста тоза мекарданд ва ба зарфҳо мегузоштанд. Ба истиқболи ин ҷашн боз ҳар гуна таомҳои миллӣ, ҳалвою шириниҳо мепазанд, дастархони Наврӯзиро бо меваю самбӯсаҳои алафин, ширу равған, фатиру нону кулча оро медоданд.
Дастурхони идонаи хони «Ҳафтшин» ва «Ҳафтсин» омода мекарданд.
Баъди истилои Эрону Осиёи Марказӣ арабҳо кӯшиш намуданд, ки ҷашнҳои қадимаю анъанавии халқҳои маҳаллиро аз байн баранд. Вале мардум ба муқобилият ва мамонияти арабҳо эътибор надода, Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро «Суннати Ҷамшед» номида, ба ҷашнгирии он иҷозат доданд.
Азбаски дар ислом истеъмоли шароб мамнуъ аст, арабҳо ба ҷои ҳафт шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шиннӣ, шир ва шона) ҳафт синро ҷорӣ карданд. Дастархонро бо ҳафт навъи неъмат, ки бо ҳарфи син сар мешуд оро медоданд: сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷит, сир, себ ва сипанд. Дар баъзе манотиқ мардум ба ҷои сумоқ ва сипанд сабза, суманак ё самбӯса омода мекарданд. Аз ҳафт дарахти мева ҳафт шохча бурида, рӯйи дастурхон мегузоштанд.
19 феврали соли 2010 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.
Воқеан ҳам имрӯз Наврӯзи ҷаҳонафрӯзи тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ барои рушди робитаҳои фарҳангӣ, таҳкими дӯстии халқҳо, ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ нақши бузург дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи ин ҷашни бостонӣ гуфтаанд: «Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои мардуми ориёнонажод буда, бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат халқӣ мубаддал гардидааст. Халқи мо беҳтарин орзую умеди худро қабл аз ҳама бо Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии хеш пайванд медиҳад. Зеро Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».
Воқеан ҳам ҷашни Наврӯз рамзи худогоҳиву ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан буда, меҳру муҳаббати инсонҳоро афзун менамояд.
Дарвоқеъ, дар кишвари маҳбуби мо ду ҷашни бузург бошукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, ки таҷассумгари ормонҳои деринаи халқи мост: таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз ва дигаре ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ду ҷашни бузург моро ба ояндаи дурахшон, рӯзгори ободу осоишта, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дунёи босаодат раҳнамун месозад.
Бигузор ҷашни Наврӯз, ки аз аҳди бостон то ба имрӯз рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, рамзи эҳёи табиат, ривоҷи дӯстиву рафоқат, фаровонии файзу баракат мебошад, барои мардуми шарифи мо хушбахтию хонаободӣ ва барои давлати тозаистиқлоламон рушду суботи бемайлон эҳдо намояд.
Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборак!
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР