Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Орзуҳои наврӯзии духтари Файз-Раҳмон
Ӯ ёдгораи як тан аз шахсиятҳои муътабари солҳои 1970-1990 - уми ноҳияи Вахш раиси Файзалӣ Раҳмон аст, ки мавсуф тӯли роҳбарии идораи матлуботи ноҳия соҳаи савдоро ба авҷи аъло рушду равнақ бахшида, ҳамзамон, бо тарбияи кадрҳо ҷавон дар соҳаҳои гуногун ва ташаббусҳои хайрхоҳонааш нисбат ба эҳтиёҷмандон миёни мардум маҳбубияти зиёд пайдо карда буд.
Бо ҳама шароиту имкониятҳои хуби оилавӣ аз се писару шаш духтари ин хонадон танҳо ба Гулҷаҳон муяссар гардид, ки таҳсилро дар мактабҳои олӣ идома дода, монои падар дар арсаҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият нишон диҳад. Гарчанде, ки дар ҳар қадам мушкилу саддгузориҳои нотавонбинон монеи пешбариву муаррифӣ шуданаш ба ҳайси беҳтаринҳо мешавад, аммо шикасту навмедиҳо хоси духтари Файзалӣ Раҳмони номдор нест, ки ба гоҳе ақидаву мавқеи худро дар зиндагӣ дигар карда бошад. Чун дар баҳорони хурдсолӣ ба гоҳи муродталабии кадбонуҳои маҳалла гирди (дег) хони сумалак ӯ дар дил орзуи дигар мепарварид: «Мисли падар роҳбар, сиёсатшинос, ватанпарвару хайрхоҳи мардум бошам».
- Овони мактабхонӣ дар мактаби мо синфҳои таҷрибавӣ вуҷуд доштанд, ки тамоми фанҳоро дар ин гурӯҳҳо беҳтарин омӯзгорону мутахассисони ноҳия ва вилоят дарс мегуфтанд. Аз ҷумла, дар илму донишандӯзӣ ва ташаккули афкору ҷаҳонбинии гурӯҳи 21 нафари мо, ки ҳамагӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуда будем, устод Неъматулло Зардиев заҳмати зиёд мекашид, - ба ёд меорад Гулҷаҳон Раҳмонова. – Маҳз насиҳату роҳнамоии устодони мактабиам буд, ки ҳанӯз ҳангоми ноадолатиҳои аъзои ҳакамони даври вилоятии озмуни Квотаи президентӣ, ҳакталошиву мубориза бурданро таҷриба намудам. Вақте дар ҷамъбасти озмун маро ғолиб донистанду аммо баъдан, Квотаи таҳсил дар факултаи таърих ва ҳуқуқро ба нафари дигар «инъом» карданд. Дар он рӯзҳои пуризтиробу эътирозу нокомиҳо дар қиболи ноадолатиҳои замон падар ягона такягоҳам буд.
Ба умеде, ки баъди хатми курси аввал ба таври гузариш таҳсилро дар факултаи таърих ва ҳуқуқшиносӣ идома диҳад, Гулҷаҳон пешниҳоди маъмурони озмунро пазируфта, таҳсилро аз факултаи педагогика ва психологияи томактабии ДДБ ба номи Носири Хусрав оғоз кард. Баъди ним сол зимни боздиди вазири вақти маориф ва илми Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ин донишгоҳ, ӯ ба унвони беҳтарин донишҷӯи ин муассисаи олӣ муаррифӣ гардид. Ҳамин тавр, баъди гузариш ба шуъбаи ҳуқуқшинос- рӯҳшиноси факултаи таърих ва ҳуқуқ Гулҷаҳон ин муассисаи олиро бо дипломи сурх хатм мекунад.
- Пеш аз хатми донишгоҳ интизор доштам, ки бо дипломи аъло бечунучаро маро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор мегиранд. Аммо ин бор ҳам дасти сарнавишт боло гирифт. Бинобар зиёд шудани кадрҳо дар соҳаи ҳуқуқ дар дипломи хатми донишгоҳ ихтисоси моро ҳуқуқшинос – рўҳшинос – омӯзгор навиштанд. Ҳамин сон, новобаста аз он ки таҷрибаҳои донишҷӯиро дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ гузашта будем, аммо тағйирот дар ихтисос имкониятҳои мо, хатмкардагони шуъбаи ҳуқуқшинос – руҳшиносиро барои кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳдуд сохт, - аз тазодҳои зиндагӣ мисол меовард Гулҷаҳон.
Баъди хатм фаъолияти омӯзгориро аз МТМУ №2 зодгоҳаш оғоз бахшид. Донишу лаёқати кадри ҷавонро дар кори таълиму тарбия ва ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногуни мактабӣ дида, маъмурияти соҳаи маориф номзадии ӯро ба вазифаи муовини Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия муносиб донистанд. Гулҷаҳон, ки аз айёми наврасиҳо ва нахустин дастранҷҳояш дар ин ҳунаристон хотираҳои зиёд дошт, пешниҳоди фаъолият дар ҳалқаи нахустин устодони ҳунаромӯзашро бо ҷону дил пазируфт.
- Дар ҳунаристоне, ки маъмани орзуҳои кӯдакиам буд, пешаварони хушсалиқае дарс мегуфтанд, ки мо, шогирдон аз суҳбату машғулиятҳои шавқовари онҳо серӣ надоштем, - иброз дошт дар идома ҳамсуҳбатам. - Бахусус, замони ба ҳайси муовини сарвари ин марказ омадан, аз муаллимаи иззатманд Валентина Кравченко тарзи ҳуҷҷатгузориву усулҳои нави таълим ва дигар вижагиҳои дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврасро аз худ мекардам. Дарвоқеъ, сарвари муассисаи мазкур Валентина Кравченко аз мутахассисони варзидаест, ки дар рушду ташаккули самти таҳсилоти иловагии соҳаи маорифи ноҳияи Вахш хизматҳои бузург анҷом додааст. Корномаи ин шахсияти наҷиб, ки аз насли ҷавони солҳои 1970-уми ноҳияи Вахш то ба фарзандону наберагони онҳо ҳаққи устодӣ дорад, сабақи омӯзандаест барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо...
Самараи ҳамкориву омӯзишу табодули афкор бо устодони забардаст буд, ки Гулҷаҳон ба ҳайси кадрҳои лаёқатманд то зинаҳои муовини сарвари Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят обутоб ёфт. Дар ин миён бо тақозои ташаккулёбии дастгоҳи идеологӣ ва паҳноварии чорабиниҳои маърифатнокӣ дар маҳалҳо ҷамоатҳои деҳот ба кадрҳои корозмудаву лаёқатманд эҳтиёҷ пайдо карданд. Баъди барасии ин мавзӯъ дар доираҳои бонувони пешоҳанг Гулҷаҳон Раҳмонова барои идомаи фаъолият ба ҳайси муовини раиси Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш - ба зодгоҳаш баргашт.
- Аз соли 2019 як муддат ба ҳайси котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фаъолият бинмуда, пас он, то сентябри соли 2021 сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоии дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш буда, айни замон сардори шуъбаи ташкилӣ - тарбияи Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар мебошам. Ба арсаи сиёсат аз сатҳи идораҳои деҳот ворид шуда бошам ҳам, масъалаҳои муҳиме ба мисоли маърифатнокиву ҳифзи афкори умум аз маънавиёти бегона ва мафкурасозию дарёфти идеяҳои пешбарандаи ҷомеа ба ташаббусҳои ватандӯстона аз мо кадрҳои ҷавон масъулияти бузург мехоҳад.
Васияти падари кордидаву собиқадорам буд, ки дар мавриди ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ мо хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони худогоҳи кишварамон ҳар масоили мавриди баррарсиро дурбинона омӯхтаву таҳлил намуда, баъдан тасмим гирифта бошем. Зеро, ки ҳато як иштибоҳи мансабдор ё корманди одии мақомоти давлатӣ ҳам боиси костагии боварии эътиқоди мардум шуда метавонад. Дар баробари садоқату парҳезкорӣ аз амалҳои номатлуб, мабодо маъмурони мақомот донишу таҷрибаи кофӣ надошта бошанд, яқинан, ба хатоҳои ҷиддитар аз фасоду тақаллубкорӣ роҳ медиҳанд. Бинобар ин, як роҳи иқтидору мустаҳкамии сохтори идоракунӣ дар маҳалҳо, ки ба рушду нумӯи шаҳраку деҳоти кишвар мусоидат менамояд, ин интихоби дурусти кадрҳо ба вазифаҳои муносиб аст. Зеро халқ оинаи муҷаллои давлат аст, ки ягон рӯйдоду кирдори мансабдорон аз мадди назари онҳо дур намемонад. Аз ин лиҳоз, ҳисси эътимоду бовариҳои ҷамъият, ба вижа аз гуфтору кирдор ва рафтори мансабдорон дар муносибат бо мардум маншаъ мегирад,- мегӯяд Гулҷаҳон Раҳмонова.
Ю. Ҷамол, ноҳияи Вахш
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ