Бойгонӣ

Модарони саодатманд

   Зиндагии  ҳар  фарди  ҷомеа  аз  меҳру  муҳаббати  самимӣ,  сидқу  вафодории  зан – модар  манша  мегирад. Ободии ҷомеа,  осудагии рӯзгор  аз  фазилати чароғи  мунаввари  хонадон,  таҳкимбахши  ахлоқи хамидаи инсонӣ,  талошҳои  пайвастаи зан – модар  сарчашма  мегирад. Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  таъкид  намудаанд, ки нақши  занону  модарон  дар  пойдориву  устувории  оила  ва фароҳам  овардани  фазои  орому  солим  дар  хонавода  бисёр  муҳим  мебошад.
    Саодат Сафаралиева аз  зумраи  занону  модарони  толеъбаланди  тоҷик  аст,  ки  бо  хислату  ҳамидаи  неки инсонӣ, муҳаббату самимият,  меҳнатдӯстиву садоқаташ дар дили аҳли  оила,  фарзандон ва наздикон  ҷо  гирифта, худ  намунаи  ибрати  ҳамагон  гардидааст. Ин  зан– модари  мушфиқу  меҳрубон бо  ҳамсари  ғамхору  дилсӯзаш- табиби варзида ва собиқадори  соҳаи  тиб Ҷӯрахон  Ҳаётов  зиндагии шоиставу ибратомўз доранд.
  - Дар  донишандўзиву  ҳунаромӯзӣ ва тарбияи  дурусти  фарзандон  пеш  аз  ҳама  завҷаи  меҳрубонам  Саодатбону  нақши асосӣ дорад, - мегўяд Ҷӯрахон  Ҳаётов. Маҳз  шавқу  ҳаваси  зиёд  доштанаш  ба  илму донишомӯзӣ чун  омӯзгор ва  модари  сахтгиру  ғамхор  будани  ӯ  буд, ки мо, волидон тавонистем  дар  ҷодаи тарбияи   дурусти  фарзандон  муваффақ гардем. Имрўз ифтихор дорем, ки меҳнату заҳмати мо баръабас нарафт, фарзандони  мо накуному ва  содиқу  вафодори  халқу  миллат ба воя расиданд.
   Сафаралиева  Саодат  дар  деҳаи  Оқсуи  ноҳияи  Данғара  дар  оилаи  хизматчӣ  таваллуд  шудааст. Соли    1972  мактаби  миёнаи  №10-и  деҳаи  Оқсуи  ноҳияи  Данғараро хатм  намуда, ҳамон сол ба  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дохил  шуда, онро  соли  1977  бо  ихтисоси омўзгори фанни  таърих  ва  ҳуқуқ   хатм  намудааст. Баъди  хатми донишгоҳ  ба ҳайси  муаллимаи  фанни  таърих  ва  ҳуқуқ  фаъолият кард. Баъдан аз  соли  2005  то  соли  2007 ҳамчун  котиби  Ҷамоати  шаҳраки  Данғара ифои вазифа  намудааст.
    Соли  1978  оиладор  шуда,   соҳиби   5 нафар фарзанд мебошад. Ҷӯрахон ва Саодат имрўз ҳар ду  давлати  пирӣ  меронанд.
    Фарзандони  онҳо ва келинҳо ҳама  соҳиби  маълумоти  олӣ  буда,  айни ҳол дар  вазифаҳои  гуногун кору  фаъолият доранд. Ҳаётзода Фирдавс – муовини  якуми  роҳбари  дастгоҳи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Сайёҳат  – котиби  Ҷамоти деҳоти  Корез,  Масрур– муовини  якуми  раиси  суди шаҳри  Ҳисор, Фарҳод  – корманди масъули  Истгоҳи  роҳи  оҳани  шаҳри  Хуҷанд, Фозил  - соҳибкор буда, ҳар яке дар самти кории хеш  садоқатмандона кору  хизмат  намуда  истодаанд.
    Саодатбону дар баробари тарбияи  дурусти  фарзандон  ва  омӯзгори  пешсафу  муваффақ  будан, инчунин  дар масоили тозагии  муҳити  зист,  тарбияи  экологӣ  ва  завқи  зебоипарастӣ низ  намунаи  ибрати  дигарон  мебошад. Ҳар касе  агар боре  ба  ҳавлии Ҳаётовҳо  ворид  шавад,  бемуҳобот  ӯро  тарҳи  меъмориву зебогӣ, накҳати  гулу  гулбуттаҳо,  дарахтони  ороишиву  мевадиҳанда ба худ  ҷалб  менамояд ва  ба  заҳмати аҳли  ин хонавода  таҳсин  мехонад.
   Оилаи онҳо дар ноҳияи Данғара ҳамчун  оилаи  намунавӣ дониста  шуда, борҳо бо  ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ  гаштаанд. Фарзандони ин хонавода ҳама соҳибмаълумот буда, дар риштаҳои  гуногуни хоҷагии халқи кишвар  садоқатмандона меҳнат менамоянд. 
   Тавре апаи Саодат қисса мекунад, ўву ҳамсараш дар тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медоданд. - Дар давраи  мактабхонии  фарзандон  дар омода  намудани  вазифаҳои  хонагиашон  ёрии  амалии  хешро мерасонидем.  Бо  омӯзгорони фарзандонамон вохўрда, аз таълиму тарбияи  онҳо  дар  мактаб пурсон мешудем.
   Ҷӯрахон Ҳаётов ва завҷаи меҳрубонаш Саодат  Сафаралиева  43  сол боз зиндагии хушу хуррамона  доранд.  Фарзандонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба  калонсолон  ва  муҳаббат ба  Ватани хеш тарбия  намудаанд.
   Хонаро  муҳаббати  модару  меҳрубонии  падар  зеб  медиҳанд. Саодат  бонуест, ки ӯро тамоми сокинони  маҳалла  низ  мешиносанду иззаташро ба  ҷо  меоранд. Дар  ҳамсоядорӣ  ин  хонавода  бисёр  ғамхор, дастгир,  саховатманд ва  бовафоанд.
  - Ҳамаи  чор  келинамон низ  соҳиби  маълумоти  олӣ  мебошанд. Ман  ба ҳамаи келинҳоям ҳамчун модар  муносибат намуда,  ба  онҳо ҳунарҳои  кадбонугӣ, пухтупаз, дӯзандагӣ,  меҳмоннавозӣ  ва  дигар ҳунарҳои  ба  зани  тоҷик  хос бударо  омӯзонидам. Зеро келин  ҳам  фарзанд  аст. Моҳе  як  маротиба  ҳамаи  фарзандон, келинҳо ва  набераҳоямонро ба  хона  даъват карда, сари дастархон менишинем. Бо  онҳо  суҳбату маслиҳат мекунем, инчунин вохўриҳо муносибатҳои  оилавиро боз  ҳам  қавитар  мегардонад. Мо  ҳамеша  ба  ҷавонон  маслиҳат  медиҳем,  ки  дар  барпо  кардани  оила  босабру  ботаҳаммул  бошанд,  якдигарфаҳмӣ  кунанд, дониш  ва  касбу  ҳунар  омӯзанд,  калонсолон  ва  падару  модаронро  эҳтиром  карда,  ба  халқу  Ватани  худ  содиқона  хизмат  намоянд.  Хоҳони  он  ҳастем,  ки  тамоми  ҷомеа  аз  оилаҳои  намунавӣ  ибрат гиранд  ва  оилаҳои  хуб  бунёд кунанду пошхўрии оилаҳо кам шавад. Беҳтарин  мероси  падару  модар барои  фарзанд  тарбияи  хуби онҳо мебошад,- иброз медорад  апаи  Саодат.
   -Ман давраи  донишҷӯиро, ки  дар факултети  таърихи имрўза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  таҳсил  намудам,  ба  ёд  оварда аз он  афсўс мехӯрам, ки  дар он  замон оид ба таърихи  халқи  тоҷик соатҳои  ниҳоят кам ҷудо  шуда  буданд ва ҳатто мо, ихтисосмандон  аз  таърихи  миллатамон  тасаввуроти  на  он  қадар  хуб  доштем. Хушбахтона  бо  ташаббуси  Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон таърихи  халқи  тоҷик  имрӯзҳо  дар  ҳамаи  донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва дигар  муассисаҳои  таълимӣ  пурра  омӯзонида  мешавад, ки ин  ҳисси  меҳанпарастии  ҷавононро  баланд  мебардорад. Бо  иқдоми Сарвари  давлат чоп ва ройгон тақсим  гардидани  китоби  “Тоҷикон”-и  Бобоҷон  Ғафуров  низ  барои баланд  бардоштани  ҳувияти  миллии  халқ  такон бахшид, -  мегўяд Саодатбону.
    -Ҳамаи фарзандонамон  ҳаёти  мустақилона ва  хонаву  дари ободи алоҳидаи  хешро  доранд ва онҳо  зуд-зуд  ба  хабаргириамон  меоянд. Ҳар як  боздиди  фарзандону  наберагони  дӯстрўяк  барои  мо иду  шодмонӣ   аст ва  ман  онҳоро бо  ашки  шодӣ ба хонаҳояшон  гусел  мекунам. Шукрона  мекунам, ки  наберагонам  Фаррухҷон  ва  Некрӯзҷон – фарзандони  Фозилҷон  ҳамеша  ҳамроҳи  мо ҳастанд. Бо  онҳо  бозиву  шўхӣ  намуда,  чи  тавр  гузаштани  вақтро  намедонем. Худованд нигаҳбонашон бошад, – дасти дуо мебардорад  апаи  Саодат.

Асомуддин Азизов,  устоди Донишгоҳи  давлатии  Данғара


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019