Бойгонӣ

Замин зар – деҳқон заргар

 
 Халқи тоҷик таърихан соҳибзамину соҳибтамаддун буду бо ҳунар, истифодаи оқилонаи як порча замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ рӯзгорашро ба сомон меовард. Панди машҳури Носири Хусрави  Қубодиёнӣ беш аз ҳазор сол боз мавриди забонҳост:
                    Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
                     Аз ӯ гаҳ заръ гоҳе бӯстон аст.
  Зиндагии Файзиддин Раҳматов, сокини деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» - и ноҳияи Кӯшониён ба замини зарбахши диёр зич марбут аст. Ӯ дар санаи 16 – уми апрели соли 1932 дар деҳаи  Бошбулоқи ноҳияи Данғара чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Раҳмат Мусоев (рўҳаш шод бод) деҳқони асил  буду ҳам шутуркаш ва тавассути корвон берун аз ҷумҳурӣ гандум ва дигар маводи ғизоӣ ворид мекард. Модараш зиндаёд Қурбонбӣ Воҳидова як умр дар хоҷагӣ кор кард. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бародараш Сайфулло ба дифои Ватан рафту панҷ сол бар зидди душман сина сипар намуда, бо сари баланд ба Тоҷикистон баргашт. Дар он солҳои душвори ҷанг падараш Раҳмат Мусоев дар баталиони коргарии дараи Варзоб барои таъмини ғалаба содиқона кор кард. Соли 1952 – юм хонаводаи онҳо ба деҳаи имрӯзаи Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён кучида меоянд ва Файзиддин Раҳматов дар ҳамин деҳа мактабро хатм мекунад. Аз сабаби душвориҳои зиндагӣ яке аз хешовандонаш ӯро ба Кангурт мебарад.То синфи 7  дар мактаби Кангурт ва чанде дар мактаб-интернати Танобчии имрӯза ноҳияи Темурмалик таҳсил намуда, баъдан, дубора ба деҳаи Меҳнатобод бармегардад.
  - Водии Вахшро воқеан, водии дӯстиву муҳаббату бародарӣ меноманд. Аз солҳои 1950 – ум сар карда, аҳли хонаводаи мо падару модарам дар ободонии ин водӣ, ки қаблан дашти қамишзор, талу теппа ва ботлоқзорро мемонд, саҳм гузоштанд. Ин маконро ба диёри меваҳои шаҳдбору гулистони ҳақиқӣ табдил доданд.Чандин хоҷагиҳои хурд якҷо шуда, хоҷагии коллективии «Коммунизм» - ро ташкил карданд, ки минбаъд ин хоҷагӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар собиқ Иттифоқи Шӯравӣ шуҳратёр гардид,- ба хотир меорад он солҳоро Файзиддин Раҳматов.
  Хоҷагӣ дорои 4,5 ҳазор сар чорво ва 4 ҳазору 700 гектар замини пахта буд. Файзиддин Раҳматов солҳои 1959 – 1964 дар факултаи агрономии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон таҳсил намуда, аз соли 1964 то 2001 дар вазифаҳои мудири қитъа, сарвари бригада, сарвари ҷавонон ва ташкилоти ҳизбӣ, сарагроном ва раиси кумитаи иттифоқи  касабаи хоҷагӣ ифои вазифа намудааст. Давоми 8 соли сараграноми хоҷагии  «Ленинград» - и ноҳияи Вахш фаъолият бинмуданаш бо саъю талоши шабонарӯзӣ хоҷагиро ба сафи пешқадамони истеҳсолот баровард. Давоми се сол аз ҳисоби пахтаи маҳиннах соҳиби мошин гардиданду майдони кишти пахтаи маҳиннахро васеъ намуданд. Файзиддин Раҳматов бо шахсиятҳои маъруфу муътабари ҷумҳурӣ, сиёсатмадорони варзида Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ ва суҳбату мулоқоти судманд анҷом додааст. Ӯ дар симои ин мардони шариф инсонҳои покниҳод, хоксор, миллатдӯст ва ватандори асилро дида, аз онҳо сабақи рӯзгор омӯхтааст.
  Хоҷагии шуҳратёри «Коммунизм», ки барои нишондодҳои баланди истеҳсолиаш борҳо ба гирифтани «Байрақи сурхи сайёр» - и Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардида буд,  шахсиятҳои муътабар Маҳмадтоҳир Маҳмудов, Аскар Раҳимов ва чанде дигарон сарварӣ намуданд. Бо шарофати робитаи мустаҳками дўстонаи халқу миллатҳои рус, тотор, ӯзбек, тоҷик, арманӣ, қазоқ ва дигар миллатњо хоҷагӣ баъд аз хоҷагиҳои ба номи «Ленин» - и ноҳияи Восеъ, ки сарвариашро Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев ба уҳда дошт ва калонтарин хоҷагӣ дар вилояти Суғд, ки роҳбариашро Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Абдуғаффор Самадов ба уҳда доштанд, сеюмин хоҷагии шуҳратёр ба ҳисоб мерафт. Дар он давра хоҷагӣ дорои 29 деҳа, 9 агроучастка, 63 бригадаи пахтакорӣ,15 агроучасткаи зироаткорӣ ва 76 сарвари бригада буд. Аз ҳудуди заминҳои хоҷагӣ роҳи оҳан мегузашту ободониҳо дар ноҳия ва деҳот аз ҳисоби даромадҳои софи ин хоҷагӣ буд. 
  - Баъди  ҳашт  соли  агрономӣ  дар  хоҷагии «Ленинград» - и ноҳияи Вахш Аскар Раҳимов маро боз барои идомаи фаъолияти агрономӣ ба хоҷагии «Коммунизм» овард,- иброз дошт дар идомаи суҳбат  Файзиддин Раҳматов.
  Имрӯз бошад бо шарофати соҳибистиқлолӣ зиндагӣ нумӯи тоза ёфта, баъди гузариш ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ, таҷдиди хоҷагиҳои калон ба хоҷагиҳои хурд садҳо хоҷагиҳои дигар, кооперативҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои инфиродӣ арзи ҳастӣ намуд. Ин ҳама меваи истиқлолият ва азму талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишоварзони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар амалигардонии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда доранд.
   Ба Файзиддин Раҳматов муяссар гардид, ки соли 2002 – юм ба зиёрати хонаи Худо комёб гардад. Ҳамчунин иштирокчии фаъоли намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ буда, борҳо ба шаҳрҳои гуногуни давлатҳои Россия, Арабистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон  сафар бинмуда, аз ин ҷаҳонгардиҳо барои худ олами дигар кашф кардааст. 
   Барои хизматҳои содиқонааш дар ин ҷода Файзиддин Раҳматов  бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии  ҶШС Тоҷикистон, унвони Донори хизматнишондодаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
   Аз зиндагии 65 сола бо холаи Моҳшариф Раҳматова соҳиби 9 нафар фарзандон гардидаанд. Дилбар, Хосият, Шарофат, Шералӣ, Рафоат, Ҳамза, Анвар, Шафоат ва Саймиддин номбардори падару модари хешанд. Шералӣ, Анвар, Саймидин соҳиби маълумоти олӣ буда, дар вазифаҳои масъул содиқона кор карда истодаанд. Фарзандашон Ҳамза дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба ҳайси мураббии варзиш фаъолият дорад. Худованд онҳоро соҳиби беш аз 90 нафар набераю абера гардонидааст. Модари меҳрубон Моҳшариф Раҳматова асоси устувории оиларо дар ҳурмату эҳтироми ҳамдигар арзёбӣ менамояд.
   Соли 2021 барои Файзиддин Раҳматов сол соли пурфайзу  баракат ва ҳам хотирмон буд, зеро дар ин сол дар баробари дигар дастоварду хушбахтиҳои ҳаётӣ  ба ӯ муяссар гардид, ки баъди 7 соли заҳмати эҷодӣ таҷрибаи  ним асраи худро дар арсаи кишоварзӣ дар китоби «Замин зар – деҳқон заргар» рӯи чоп биёварад. 
   Дар рӯзи муаррифии рисолаи «Замин зар – деҳқон заргар» раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин ширкат доштанд. Раиси вилоят аз самараи ҳамкориҳои Файзиддин Раҳматов бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисол оварда, пешниҳод намуд, ки китоби «Замин зар – деҳқон заргар»-ро иловатан чоп намуда, дастраси мутахассисони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят гардонанд.
   Дар рисолаи собиқадори соҳаи икшоварзӣ масоили технологияи муҳофизати хок ва сарфаҷӯӣ дар Тоҷикистон, парвариши пахта ва зироатҳои ғалладонагӣ, усулҳои парвариши зироатҳои лубиёгї ва зироатҳои равғандиҳанда, тарзи дурусти парвариши хӯроки чорво, картошкаву сабзавот ва дигар    маҳсулоти полезӣ эътибори махсус дода шуда, китоби мазкур ҳамчун дастури муфид барои деҳқонон ва умуман рушди соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
   Воқеан, кору пайкори Файзиддин Раҳматов дар самти кишоварзӣ, дастуру тавсияҳои ӯ ба деҳқонон, мутахассисон дар рушди соҳаи кишоварзӣ як такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, зеро илм ба амал фоидаовар аст.                                  
Саизода Шералӣ
  н. Кӯшониён


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019