Бойгонӣ

Зи меҳнат ёфт ӯ обрӯву саодат

   Як рӯзи сарди зимистон ба поён мерасиду аз бориши барф болои дарахтони саҳни ҳавлии мактаб «ҷомаи сафед» ба бар карда буданд.  Зери чатри сафеди дарахтони мактаб чанд нафар омӯзгорон суҳбат доштанд. Ташрифи мо ба ин муассиса тасодуфан сурат гирифта буд, баъди ҳолпурсӣ худро муаррифӣ намуда, аз омӯзгорон суроғаи сарвари муассиса, омӯзгори пешқадаму пуртаҷриба Зулқаъда Атоеваро пурсон шудем. 
    Новобаста ба анҷоми соати корӣ  омӯзгори асилу меҳрубон Зулқаъда Атоева моро ба хушӣ пазируфта, риштаи суҳбатро аз рӯзгори гузаштаи худ оғоз намуд.
  Пешаи омӯзгориро аз падари худ, ки яке аз омӯзгорони  пешқадаму обрӯманд Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон Асо Атоев ба мерос гирифтааст. 
   -Мо  дар оила 5 нафар апаю хоҳарон будем. Қиблагоҳамон Асо Атоев дар мактаб аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт ва модарам  Каримова Фавзия бошад омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус буд. Дар ҳамин гуна оилаи маорифпарварон ҳамаи мо, апаву хоҳарон соҳиби маълумоти олӣ гардидем,- мегўяд Зулқаъда Атоева
   Аз миёни панҷхоҳарон танҳо Зулқаъда пешаи волидонро интихоб намуд. Бо насиҳатҳои падар, ки ҳамеша фарзандонро ба илму донишандӯзӣ, интихоби касби дӯстдошта ва амалҳои шоиста ҳидоят мекард, хоҳарон фарзанди омӯзгор буданро масъулияти ҷиддӣ дониста, назди худ азм гузошта буданд, ки дар гуфтору рафтор намунаи ҳамсолони хеш бошанд. 
   Зулқаъда аз хурдӣ чунон ба касби омӯзгорӣ дилбастагӣ пайдо намуд, ки ҳанӯз дар синну соли томактабӣ ҳар саҳар ҳамроҳи падару модар ба мактаб мерафт. Ба нею нестони модар нигоҳ накарда, то охири дарсҳо дар курсии охири синфхона менишаст. Ана ҳамин меҳру шавқи беандоза буд, ки ӯ баъди хатми мактаби миёна ба факултаи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд. Баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳ  инак, 40 сол боз дар МТМУ № 4 ба номи Асо Атоеви ноҳияи Восеъ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. 
   Муаллимаи дӯстдоштаи толибилмон дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ буда ба пешаи интихобкардааш муҳаббати беандоза дорад. Шогирдонро фарзандвор дӯст дошта, аммо дар кори таълиму тарбия  ҷиддӣ буда, нисбати дастпарваронаш ниҳоят сахтгир аст. 
   -Тахминан 5-6 сола будам. Гоҳо мешуд, ки агар падару модарам рӯзҳои истироҳат ба хонаи ягон хешовандонамон ба меҳмонӣ мерафтанд, ман  ҳатман кӯдакони кӯчаро ба хонаамон оварда, худ «муаллима» мешудаму онҳоро ҳамчун «талаба» дарс медодам,- ба ёд меорад овони наврасиашро Зулқаъда Атоева. - Падарам ин ҳолатро дида хурсанд шуда, итминон доштанд, ки ман дар оянда омӯзгори хуб мешавам. Ҳамин тавр, рўҳбаландиву суханони таҳрикдиҳандаи падар шавқу рағбати маро ба касби омӯзгорӣ зиёд намуд. 
   Бо ҳама илму дониши баланди назариявӣ  соли аввали фаъолияти омӯзгорӣ барояш душвор буд. Вақте ба ӯ таълиму тарбияи синфи якумро супориданд, Зулқаъда Атоева тариқи худомӯзӣ ва бештар вақт ба дарсҳои омӯзгорони  собиқадор иштирок намуда, таҷриба меандухт. Аз онҳо маслиҳатҳои судманди методӣ мегирифту усулу шеваҳои нави тадрисро меомӯхт. Натиҷаи худомӯзию заҳматҳои пайваста, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва хислатҳои неки инсониаш буд, ки дар байни ҳамкорону шогирдон ва аҳли деҳа соҳиби эҳтироми баланд гардид. 
   Бо мурури аз бар намудани таҷрибаи омӯзгорӣ худ низ ҳар як машғулиятро бо шогирдон пурмазмуну хотирмон, бо истифодаи усулҳои нави таълим, салоҳиятнокӣ ва бо аёниятҳо мегузаронад. Дар раванди бозомӯзиву такмили ихтисос ӯ ҳикмати бузургонро шиори худ медонад: «Ба ман гӯй, фаромӯш мекунам. Ба ман нишон деҳ, дар хотир мегирам. Маро ҷалб кун, ёд мегирам».
   Ба андешаи Зулқаъда Атоева дарси омӯзгор дар он вақт шавқовару хотирмон мегузарад, ки агар муаллим дар қалби шогирдон шавқи илму донишандӯзиро бедор карда, насли наврасро ба фикркунӣ водор созад. Тавре ӯ иброз медорад: «Дарси хуб мазмуни як асарро дорад». 
  - Дар таҷрибаи бисёрсолаи омӯзгориам итминон ҳосил намудам, ки бозиҳои дидактивӣ дар таълиму тарбияи кӯдакон ва пухташавии андешаю фикрронии онҳо нақши муҳим мебозад. Педагог ва равоншиноси машҳур Олфред Одлер бисёр хуб гуфтааст: «Ба бозӣ ҳамчун воситаи вақтгузаронӣ нигоҳ кардан нашояд, балки бозиро ҳамчун воситаи инкишоф бояд донист»,- иброз медорад Зулқаъда Атоева. – Дастовардҳои назарраси шогирдонам дар озмунҳои ноҳиявию вилоятии «Хатти зебо» ва «Донояк» аз натиҷаҳои судманди усули нави таълим дарак медиҳад.
  Тӯли фаъолияти пурсамараш дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи  маориф бо ифтихорномаю сипосномаҳо ва мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда шудааст. 
Ҳамсари муаллима Сайидмурод Тағоев низ омӯзгор буда, аз фанни забон ва адабиёти рус ба шогирдон дарс мегӯяд. Дар пайравӣ аз падару модари хеш духтарони онҳо Мунираю Саида низ пешаи омӯзгориро интихоб намудаанд. Баъди хатми донишгоҳ яке омӯзгори фанни биология  буда, дувумӣ ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кору фаъолият дорад.
   Ӯ дар тӯли фаъолияти беш аз 40 солаи омӯзгорӣ садҳо нафар шогирдонро ба шоҳроҳи ҳаёт гусел намудааст, ки имрӯз онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон кору пайкор дошта, бо ҳисси ифтихору сарбаланди худро дастпарвари дабистоне мешуморанд, ки дар он омӯзгори асил Зулқаъда Атоева дарс мегӯяд.                                                                                          

Аъзам БОБОЕВ, н. Восеъ   


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019