Бойгонӣ

БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ВИЛОЯТ

“Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад” 
                                                                          Эмомалӣ Раҳмон
   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» (2022–2026) эълон намуданд. 
   Дар ин баробар Пешвои миллат соҳибкорону сармоягузоронро ба татбиқи амалии ин ҳадафи созанда даъват намуда, бо мақсади дастгирии онҳо дар таҳрири нави Кодекси андоз, ки аз аввали соли 2022 оғоз гардид,  аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои пешбинигардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.
   Шароитҳои фароҳамгардида ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки онҳо бо бунёди корхонаҳои саноатӣ ва воридоти дастгоҳу лавозимоти муосири корӣ аз истеҳсоли ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ, он коркард ва омода гардида, маҳсулоти истеҳсолгардида бо банду басти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозор дар шакли тайёр на танҳо дар дохил, балки берун аз он ҳам пешниҳод карда шавад. Ин аст, ки соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватанӣ алакай ба бунёду азнавсозии корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар вилоят мароқ зоҳир намуда, ташаббусҳои натиҷабахшро рӯи даст гирифта истодаанд. 
   Тибқи иттилои Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон танҳо моҳи январи соли равон  аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 7 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар ҶДММ “Иброҳим” оид ба бандубасти писта бо таъсиси 16 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи маҳсулоти ширии “Муҳаммадҷон А” ва корхонаи истеҳсоли докаи тиббии “Ғолибҷон Холов” бо таъсиси 8 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Данғара корхонаи “Шири Хуррамзамин” бо таъсиси 9 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаҳои пахтатозакунии “Оиша” ва маҳсулоти нонию қаннодии “Нонпази Ҳамадонӣ” бо таъсиси 16 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Ёвон корхонаи пахтатозакунии “Сафир” бо таъсиси 25 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 
   Ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар самти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва амалисозии ҳадафи чаҳоруми стратегӣ, яъне  саноатикунонии босуръати кишвар бо ташаббуси соҳибкори ободгару ватандӯст Баҳридин Сироҷиддинзода аз ҷониби корпаратсияи “Салтанат” ва сохтори корпаративии он ҶДММ «Паймонаи заррин» дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант Комплекси афшураҳои табиӣ ва резиши оби ошомиданӣ, корхонаи истеҳсоли оби ҷав ва корхонаи истеҳсолии хишти пухта дар арафаи анҷомёбӣ карор дорад, ки баъди ба истифодадиҳии он 1400 нафар мутахассисносу сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда карда мешавад. 
   Мавриди зикр аст, ки ин Маҷмааи саноатӣ дар заминаи корхонаҳои ҳанӯз аз замони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ аз фаъолият бозмондаву бекорхобида таъсис дода шудааст. 
   Бо мақсади истифодаи самаранок ва коркарди пурраи манбаҳои ашёи хоми маҳаллӣ, истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ, масъулони ин лоиҳаҳои ҷадид дар хатҳои истеҳсолии корхонаи мазкур техналогияҳои навтарини истеҳсолиро аз Ҷумҳурии федералии Олмон ворид намуда, баъди васлу насби онҳо ҳоло ин маҷмааи калони истеҳсолӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад. 
   Дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ беш аз 100 нафар бинокорону муҳандисон аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб карда шудаанд.
   Масоҳати умумии зери сохтмони истеҳсолии корхона аз ҷумла, Хати технологии коркарди меваю сабзавот,  Хати технологии резиши оби ошомиданӣ, амборҳои ашёи хому маҳсулоти тайёр ва озмоишгоҳҳои марказӣ ҳудуди 4,5 ҳазор метри мурабаъро ташкил менамояд.
   Иқтидори коркарду истеҳсолии ин корхонаи навтаъсис дар як мавсим то 50 ҳазор тонна маҳсулот буда, ҳаҷми резиши оби ошомиданӣ ва нӯшокиҳои ташнашикани баландсифати он дар як соат ба 12 ҳазор литр баробар аст. 
   Дар ин коргохи истехсолӣ зиёда аз 10 номгӯи маҳсулот аз ҷумла, афшураҳо ва шарбатҳои лазизи табиӣ, оби ошомиданӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан, мурабоҳои мевагӣ, сабзавоти консервакардашуда, пюреи меваҷоту сабзавот, консертратҳои мевагӣ, фруктоза ва иловаҳои ғизоии табиӣ истеҳсол карда мешавад.
   Тавре иттилоъ дода шуд, хати технологии корхонаи истехсолии оби ҷав аз ҷониби Ширкати маъруфи аврупои ЗИП-Технолоҷӣ дастрас гардида, иқтидори истеҳсоли он дар як даври пазиш ба 20 ҳазор литр баробар мебошад.
   Дар ин корхонаи навбунёд 14 намуди оби ҷави хушсифати ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.
   Дар корхонаи истеҳсоли хишти пӯхта низ шароитҳои муосири кору фаъолият фароҳам оварда шуда, маҷмӯи таҷҳизоти он аз ширкати бонуфузи Ҷумҳурии мардумии Чин “Брикет ЛДТ” оварда шудааст.
   Дастгоҳу таҷҳизоти насбгардидаи истеҳсолӣ дар асоси дастовардҳои муосиртарин техникаи соҳа аз ҷумла, бо истифода аз техналогияи истеҳсоли кишварҳои Итолиё ва Ҷопон тайёр карда шудаанд.
Хати технологии мазкур бо низоми автоматикунонидаи идораи ҷараёни истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда, инчунин, низоми сунъии хушконидани ашёи хишт, ки имконияти барориши маҳсулоти тайёрро дар давоми сол бе танафусҳои мавсимӣ таъмин менамоянд, ҷиҳозонида шудааст.  
   Мавзеи ҷойгиршавии истеҳсолот дар асоси мавҷудияти конҳои кашфшудаи ашёи хом, ки аз ҳудуди корхонаи бунёдшаванда дар масофаи аз ду то даҳ километр воқеъ аст, интихоб гардидааст.
   Дар корхонаи мазкур се намуд хишти пухтаи сохтмонӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.
Иқтидори солонаи барориши хишт 30 миллион дона пешбинӣ гардидааст, ки ин аз бузургтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.
   Тибқи иттилоъи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар давоми соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баистифодадиҳии 132 корхона ва коргоҳҳои саноатии хурду калон бо назардошти қариб 4 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки Маҷмааи истеҳсолии мазкур аз зумраи онҳо мебошад.
Амонулло Бахтиёрзода


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019