Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Инсон, фалак ва осмонҳо
Ба муносибати ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ворид гардидани номинаи “Фалак”
Санъати суннатии “Фалак” таърихи ниҳоят куҳан дошта, ҳанӯз аз давраҳои хело қадим, ки инсоният дар марҳилаи оғози худшиносӣ афкору маъниҳои ҳаётӣ ва асрори буду набудро пайгирӣ мекард, бо дарду ғаму ранҷҳои иҷтимоӣ ба сар бурда, розу ниёз ва эътирозу имдоди худро бо ҳар василае ироа мекард. Яъне, дар масири тамоми фарматсияҳои иҷтимоӣ, ки инсоният бо мушкилу дарду ранҷ зинаҳои душвори зиндагиро тай намудааст, фалак ҳам инъикосгари воқеияти зиндагии башарият ҳамқадаму ҳамзамони вай буд. Чун дар замоне, ки бар асари ҷангу ҷидолҳо инсон дар пайи ғарибиву бекасиву нодорӣ мувоҷеҳи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ гардида буд, мазмуну муҳтавои фалак ҳам ғаму кулфати дурӣ аз азизону пайвандон, ғарибиву муҳоҷиратро дар бар мегирифт.
Сурудҳои фалак ифодагари ҳаёти воқеии мардум ва василаи баёни розу ниёзҳои инсонӣ ба ҳисоб рафта, ошиқон тавассути қироати рубоиву дубайтиҳо эҳсосу андеша ва паёму хостаҳои худро ба ин монанд фалаксароӣ мекарданд;
Ёрам рафтай дилам харобай имшаб,
Аз ҳар дидаам қатраи обай имшаб.
Мардум меган, хоб бикун хоб бинӣ,
Эй бехабарон чӣ ҷойи хоб аст имшаб.
Ҳатто дар замоне, ки асбоби мусиқӣ набуд, одамон аз таъсироти ғаму андуҳ ва хушбахтиву хурсандиҳо ба ваҷд омада, розу ниёзҳои хешро ба ҳар шакле баён мекарданд. Фалаксароӣ василаи изҳори имдоду эътирозҳои ботинии инсон ба ҳисоб рафта, баъзан бидуни ихтиёри кас зери лаб замзама меёбад. Тавре устоди саҳна Ҷурахон Расулов иброз медорад мазмуну муҳтавои фалак ба қавле ҳосили эътирози баландест, ки дар замири инсон нағунҷидааст. Қаблан, дар манотиқи кӯҳистони кишвар мардум дар рӯзи ҷанозаи одамон ҳам фалаксароӣ мекарданд.
Устод Одина Ҳошим дар баъзе маросимҳои ҷаноза марсияҳои ғамангез месароид. Чанд сол пеш дар рӯзи дафни муовини сардори Раёсати фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Хайрулло, нафаре аз миёни бонувони гирди тобут нишаста садо баланд намуд, ки мардакҳо ягон чӣ бихонанд. Баъдан, гурӯҳи ҷавонон ба фалаксароӣ шурӯъ намуданд, ки муҳтавои сурудаҳои онҳо ба хизматҳои содиқонаи он марди фарҳангшинос бахшида шуда буд. Дар маросими дафни шахсиятҳои маъруфи кишвар, аз ҷумла, устод Мирзо Турсунзода ва Маҳмудҷон Воҳидов ҳам суруду оҳангҳои ифодагари ғаму андуҳи бузург садо дода буд, - мегӯяд Ҷ. Расулов.
Бо тасдиқи ин гуфтаҳо Маҳмадалӣ Аюбӣ, хормейстери Театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, иброз медорад, ки аз қадим муаррифгари фалак санъаткорони мардумӣ буданд, ки дар тӯю ҷашнҳои хурсандӣ, маросими дафну маъракаи кишту кор ва дарави ғалладонагиву дигар машғулиятҳо фалаксароӣ намуда, хотири мардумро болида мегардониданд.
Ёд дорам овони донишҷӯӣ маросими мотами оҳангсози тоҷик шодравон Фозил Солиҳов, ки дар саҳни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода баргузор гардид, сарояндагони машҳури кишвар Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Мулоҷонова, Барно Исҳоқова таҳти мусиқинавозии ансамбли асбобҳои халқӣ суруди “Дил муқими кӯи ҷонон асту ман инҷо ғариб”-ро месароиданд ва мо, донишҷӯён, атрофи ҷанозаи оҳангсоз давр мезадем. Ба ин монанд, нолаи занон дар маросимҳои ҷаноза, ки бо қироати рубоиҳои халқӣ марсиясароӣ мекунанд, фалак аст.
-Дар аҳди Шӯравӣ эҳёгари фалак Одина Ҳошим буд, ки дар пайравӣ аз падари санъаткораш ин ҳунари волоро рушду ривоҷ бахшид. Баъдан, Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасан, Давлатманд Холов, Маҳмадсафар Муродов ва дигар сарояндагони номии кишвар дар рушду эҳёи фалак саҳми худро гузоштаанд. Дар овони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат бо эҳёи расму анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ба рушду эҳёи фалак низ таваҷҷуҳ фармуда, ба рушду пешрафт ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани он замина гузоштанд, - изҳор дошт Маҳмадалӣ Аюбӣ. - Маҳз, бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат санъати фалак нахуст аз соли 2001мақоми давлатӣ пайдо кард. Баъдан, давоми ду даҳсола дар кишварамон ансамблҳои “Фалак” гурўҳҳои фалаксароён таъсис ёфта, фалаксароёни моҳир дар ҷашну чорабиниҳои давлатӣ ва маросиму симпозиумҳои дохилу хориҷ аз кишвар ҳунарнамоӣ мекарданд. Бо шарофати ин ва дигар тадбирҳои муҳим фалак рушду равнақ ёфта, ҳаминак, санаи 15-уми декабри соли 2021 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин боиси ифтихору сарфарзории мо ҳунармандон ва тамоми тоҷикони рӯи ҷаҳон аст.
Ба андешаи фарҳангшиносон бо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудани мусиқии фалак таваҷҷуҳи мардум ба ин санъати зебо дучанд гардида, дар баробари тақвият ёфтани фаъолияти ансамбл ва гурӯҳҳои фалаксароӣ инчунин, мактабҳои санъати мусиқӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ба дарёфти истеъдодҳои наврас дар рушду равнақи минбаъдаи фалак бояд нақши бештар гузоранд. Дар ин замина, бояд шурӯъ аз дастурҳои методӣ барномасозӣ намуда, яъне ба рушди минбаъдаи фалак аз зинаҳои аввали омӯзиши санъатшиносӣ аҳамият дода шавад.
- Марҳилаи нави рушду равнақ ёфтани фалак мо, сарояндагони ин жанри бостониро бояд, ки ба қолаби пештараи он маҳдуд нашуда, балки баъзе тобишҳои ҷолиби фалакро кашфу ривоҷу равнақ дода, онро барои мухлисони фалак дар саросари ҷаҳон муаррифӣ намоем,- таъкид дошт Маҳмадалӣ Аюбӣ. - Фалаксароён бо омӯзиши тамоми ҷанбаҳои он тарзи хонишу оҳангсозӣ ва басаҳнагузории онро рушд дода, ҳаваскорони ҷавонро ба ин жанри мусиқӣ ҷалб сохта, бо ин восита дар муаррифӣ ва маъруфияти фалак дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми бештар гузорем. Ин жанри бостонии мардуми тоҷик бо вижагиҳои худ аз дигар санъату ҳунарҳои мусиқӣ фарқи зиёд дорад. Сурудҳои фалакӣ бе асбоби мусиқӣ ҳам сароида мешаванд ва санъати фалаксароӣ дорои баъзе лағжишҳо ва тобишҳое дорад, ки дар нота дида намешавад. Бинобар ин, оҳангсозони моро мебояд, ки ин тобишҳо ва лағжишҳои фалакиро тавассути най дутор, таблак, думбра, доира ва дигар асбобҳои мусиқї ҷур намоянд.
Хулоса, фалак аз қадимтарин жанри мусиқӣ ба шумор рафта новобаста ба забону миллат ҳолати баландтарини имдоду эътироз, қувваи баланду нуқтаи баландтарини шуури башарият арзёбӣ мегардад.
Таърихи фалак баробари инсон аст,
Шояд, ки фалак бародари инсон аст.
Дар роҳ саро, кӯҳ саро, дашт саро,
Нақшаш ҳама ҷо, ба ҳар диле ниҳон аст.
Юсуфи Собир “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР