Паёми шодбошии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати фарорасии Соли нави 2022

Ҳамдиёрони арҷманд! 
Соле, ки сипарӣ мегардад, барои мардуми Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, соли пур аз фараҳу нишот ва таҷлили бузургтарин санаҳои таърихӣ, аз ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар хотири сокинони вилоят ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст. 
Боиси фарҳамандист, ки дар арафаи Соли нав, яъне 15 декабри соли 2021, Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО номинаи “Фалак”-ро бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид намуд ва ҳамин тавр жанри мусиқии суннатии мо “Фалак” мисли ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳониро касб кард. 
Муждаи дигари фарҳангӣ барои на танҳо мардуми Хатлонзамин, балки тамоми тоҷикистониён ин аст, ки солҳои 2022-2023 бо қарори ЮНЕСКО 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ва 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи шарқ Абӯрайҳони Берунӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад. 
Фарорасии соли 2022-ро, ки барои мардуми шарифи кишвар самимона табрику таҳният гуфта, ба сокинони иззатманди вилояти Хатлон саломатию хушбахтӣ, нишоти умр ва офиятмандиро таманно дорам. 
Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди вилояти Хатлон бо иродаи қавӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд. 
Сафарҳои пайвастаи кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои тамоми мардуми водиҳои зархези вилоят басо хотирмону фараҳафзо буд. Бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар соли сипаришаванда бунёди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардида, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ, нуқтаҳои маишию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 
Дар доираи таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳибкорону шахсони эҳсонкор бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ баҳри боз ҳам ободу назаррабо гардидани диёрамон бо бунёди иншоотҳои гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ, маишиву хизматрасонӣ дар пешрафти соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи вилоят саҳми босазо гузоштанд. 
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи соҳибкорони баору номуси вилоятамон, ки бо бунёди иншооти таъиноти гуногун дар таҷлили бошукӯҳи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳиссагузоранд, миннатдории самимӣ баён мекунам. 
Дар соли сипаригардида иқтисодиёти вилоят рушд карда, нақшаи андоз ба андозаи 107,2 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 1 млрд. 395,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 93,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 262,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. 
Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуд. Дар давоми 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 9,4 млрд. сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 млрд. сомонӣ зиёд гардидааст. Дар ин муддат дар ҳудуди вилоят 76 корхонаю коргоҳи саноатию истеҳсолӣ бунёд ёфта, дар онҳо наздик ба 830 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, аз фардои ободу осудаи давлати озоду соҳибихтиёр ва мардуми фарҳангиву ободгарамон шаҳодат медиҳанд. 
Эътимоди комил дорам, ки дар Соли Нави 2022 низ ба хотири амалишавии барномаҳои стратегӣ ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвари вилояти Хатлон азму талоши худро баҳри ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон равона месозанд. 
Мардуми сарбаланди хатлонӣ, чун тамоми тоҷикистониҳо, зери ливои ваҳдати миллӣ ва дар пайравӣ ба мактаби ватандӯстию худшиносии миллии Пешвои муаззами миллат заҳмату кӯшиши ободгаронаи худро барои боз ҳам афзун гардонидани иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани нуфузу эътибори кишвари азизамон дучанд хоҳанд кард. 
Соле, ки дар остонаи хонадони ҳар як сокини шарафманди вилоят қарор дорад, бо оғози татбиқи панҷсолаи рушди саноат ва таҷлили бузургтарин ҷашнҳо, аз ҷумла 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, 2500-солагии шаҳраки “Тахти Сангин” воқеан ҳам бобарору муваффақёт ва соли пурфайзу эҳсон хоҳад гардид. 
Итминонам комил аст, ки сокинони шарафманди вилоят ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ дар соли навин дучанд заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош менамоянд. 
Бигузор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад. 
Дар ин лаҳзаҳои фараҳафзо ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди вилояти Хатлони бостониро бо фарорасии Соли нави мелодии 2022 - соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба кулли ҳамдиёрони азиз сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям. 
Хоҳони онам, ки Соли Нави 2022 барои мардуми кишвари азизамон соли пурфайзу эҳсон, сулҳу амонӣ, файзу накукорӣ ва пешрафту тараққиёти ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят гардад.
Соли наватон муборак бод!
Добавить комментарий