Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Абармарди номуси миллат
«Эмомалӣ Раҳмон ба сахттарин монеаҳо тоб оварда, сохтмони НБО «Роғун»-ро давом дод. Талошҳои ӯ «Роғун»-ро аз нав зинда сохт. Ӯ марди худодод аст, барояш манфиатҳои миллию давлатӣ аз ҳама боло меистанд».
Николай Савченков
Истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи бузургтарин ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва намунаи олии онро чанде баъд тамоми ҷаҳон шоҳид хоҳад гардид.
Ин намунаву самара бунёди НБО «Роғун» аст, ки заминаи бунёд кардани он аз асри гузашта оғоз ёфта буд. Бо сабабҳои зиёд ва монеаҳои гуногун анҷоми кори нотамоми он аз нав оғоз гардид. Албатта, расидан ба ин ҳадаф кори осон набуд. Он бар ивази талошҳо, муборизаҳо, маҳрумиятҳо, истодагариҳо, суботкорӣ, аз минбарҳои баланд бо далел ҳарф заданҳо, ба ҷомеаи байналмилалӣ бо санад шарҳ доданҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт.
Фикр мекунам, ки сокинони кишвар борҳо аз тариқи оинаи нилгун шоҳид гаштаанд, ки Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз рафти сохтмони ҳамаи бахшҳои неругоҳ дидан мекарданд, балки якҷо бо сохтмончиён даст ба кор буданд, медиданд ва сари вақт онҳоро бартараф мекарданд.
Таърихи 29 октябри соли 2016 қуллаи дастовардҳо дар эъмори НБО «Роғун» буд. Дар соҳили дарёи Вахш ҳазорон одамон шоҳиди манзарае шуданд, ки ҳаргиз аз хотирашон фаромӯш нахоҳад гашт.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сари чанбараки булдозери пуриқдидор тӯли якуним соат ду соҳили дарёи пурхурӯши Вахшро ба ҳам пайваст ва маҷрои онро ба дигар тараф гардонд. Пеши дарё баста ва қадами устуворе дар роҳи бунёди ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда гузошта шуд. Ҳамзамон, 16-уми ноябри соли 2018 рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон буд. Аз назди шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ дур нашуда, то фаро расидани торикӣ лаҳзаҳои таърихии баистифодадиҳии НБО «Роғун» ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо рағбат тамошо кардам. Саҳнаҳои корзори нангу номус, қадаммониҳои қатъиёнаву устувори Президенти маҳбубамон дар толори таҷҳизоти ин сохтмони азими аср, чеҳраҳои хандону шукуфони меҳмонону сохтмончиёни коргоҳ ҳама ба дил шодиву фараҳ меоварданд.
Пешвои миллатамон ба суханронии таърихии худ оғоз намуд. Аз самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва чандинсолаи фарзандони банангу номуси Ватан - мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос ёдовар шуда, дар хотима ба ҳамаи аҳли кишвар дилпурона ва бо чеҳраи шукуфон хитоб намуд: «Тоҷикистон, ба пеш! Тоҷикистон, ба пеш!».
Ман дар ин суханон барои худ як ҷаҳон маъноро кашф кардам. Нахустин пеши назарам Тоҷикистони ҷангзада ва харобу валангор, мардуми аз зиндагӣ дилсарду муҳтоҷи як бурда нон дар як муддати кӯтоҳ пайдо шуду зуд нопадид гардид. Ба ҷойи он шоҳроҳҳо, нақбҳо, мактабу табобатгоҳҳо, пулҳо, қасрҳою иншоотҳо, донишгоҳҳо падидор гаштанд. Ҷавонони қавиҳайкал чун Рустами достон – ғолибони олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Расул Боқиев, Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва бисёр дигарон болои сар Парчами давлатии Тоҷикистон аз пеши чашм бо сари баланд қадамзанон гузаштанд.
Илҳомбахши беназири ҳамаи ин давлатсозию ободкориҳо, қавирӯҳу қавибозу гаштани наврасону ҷавонони шуҷою шердил Пешвои маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон аст.
НБО «Роғун» натиҷаи заҳматҳои чандинсола, бедорхобиҳо, баҳри халқ ниҳони дил об кардану пеши касе ё хасе бечоранолӣ накарданҳо ба неруи созандагии халқ такя кардану онҳоро ба корнамоиҳо даъват намудани Пешвои миллат аст, ки он ҳама ҷомаи амал пӯшиданд.
НБО «Роғун» таҳкурсии боэътимоди рушди ояндаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвари мост . Тоҷикистон дар ҳамин замина ба пешравиҳои азим ноил хоҳад шуд.
Хитоби «Тоҷикистон, ба пеш! Тоҷикистон, ба пеш!»- и Пешвои миллат мардуми донишпарвару ҳунардӯсти кишвари азизамонро бо корнамоиҳои боз ҳам бузургтаре ҳидоят менамояд.
Шодмониву сарфарозӣ мекунем, ки бо талошу дастгириҳои доимии Пешвои маҳбуб, ғамхорӣ ва дастгириҳояшон заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, хоса бинокорони «Роғун» ба ин рӯзи фирӯз расидем. Мо аз чунин Пешво ифтихор дорем.
Ҳусейн МИРЗОЕВ, шаҳрванди фахрии шаҳри Норак, рўзноманигор
Добавить комментарий
Ахбор
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР» 13:25БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР 12:27Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 12:23ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН 12:18Кӯлоб. Ба дӯконҳои нонпазии шаҳр ангишти ройгон тақдим карда шуд 15:03
Серхонандаҳо
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Кӯлоб. Ба дӯконҳои нонпазии шаҳр ангишти ройгон тақдим карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
То, эй ғазал, ба гуфтанат оғоз кардаам
ХУШХАБАР. ЧИЛ (КАБКИ ЗИРАК) ПАРАНДАИ СОЛИ 2026 ЭЪЛОН ШУД
ТАҚДИМИ ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛЛАТ -"ШОҲНОМА"-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"



