Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Одамсозӣ кунем то дунёро бисозем
Ба гоҳе вуруд ба синфхонаи фаннӣ ларзаи сардгунае вуҷудашро фаро гирифта, то ҳар қадами наздик шудан ба мизу курсиаш, ту гуфтӣ по рӯи дил мегузошт, ки гиряи гулӯгирашро бо оҳи дардолуд фурӯ менишонд. Тӯли соатҳои дарсӣ ҳама ҳастии худро ба таълиму санҷиши дониши шогирдон мебахшид, то эҳсосу хаёлоти аз он сӯи тирезаи мактаб доштаашро фаромӯш созад… Охир, каме он сӯтарак аз бинои мактаб байрақчаи ҷигарранге, ки аз борону тобиши офтоб лолаи домандаридаро мемонд, нишонҷойи ба шаҳодат расидани ҳамсари ҷавонмаргаш буд.
Баъди қариб ду соли аз даст додани падари фарзандон, он ишқу муҳаббати бепоёнаш, ки ҳар қадамҷои рустои Навзамин хотироте аз саргузаштҳои дилангези ӯро дошт, бо ду ҷигарбанди аз падар ятимонда ба шаҳри Бохтар кӯчид. Собиқаи фаъолият дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва баҳраварӣ аз китобхонаи мактаб имкон дод, ки ба симати коргузор- мошинист дар Ширкати «Тайга» -и ноҳияи Вахш кор пайдо намояд. Пас он, ду сол дар соҳаи андози вилояти Хатлон фаъолият бурда, аз соли 1997 ба вазифаи нозири шуъбаи кадрҳои Маркази маишии «Саодат»-и шаҳри Бохтар пешбарӣ гардид. Аз миён як сол нагузашта ба вазифаи сардори шуъбаи ҳуҷҷатгузории Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКЛ ҶТ дар вилояти Хатлон таъйин гардида, аз соли 1999 дар шуъбаи ҳуҷҷатгузории Филиали №42 Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» - и шаҳри Бохтар фаъолият бинмудааст.
Замоне фаро расид, ки бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои беҳтари илму донишандӯзии фарзандон аз корҳои идорӣ канор рафта, дар бозори шафати манзили истиқоматӣ- маҳаллаи Ҷалолиддин Румии маркази шаҳри Бохтар ба кори савдо шуғл варзидам,- қисса оғоз кард Оймоҳ Ҳасанова. – Мо дар бинои баландошёнаи воқеъ дар рӯ ба рӯи Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон, дар ҳамсоягӣ бо журналистони маъруф Амиршоҳи Хатлонӣ, Шералӣ Саид ва дигарон зисту зиндагонӣ доштем. Маҳз ҳамин устодон пайваста таъкидам мекарданд, ки бо ин ҳама таҷрибаи ҳуҷҷатнигориву донишу забондонӣ ба Раёсати телевизион ва радиои вилоят ба кор оям. Чун дар он солҳо идораву ташкилотҳои давлатӣ ба мутахассисони кор дар мошинҳои ҳуруфчинӣ эҳтиёҷ доштанд, маро баъди санҷиши маҳорат ба ҳайси котиба дар ин боргоҳи муқаддас ба кор қабул карданд.
Мурури фаъолияти пурсамараш дар соҳаи телевизион шавқу маҳорати навкушодаашро дида, роҳбарияти Раёсати телевизион ва радио иҷрои масъулиятҳои гуногунро ба ӯ бовар мекарданд. Ҳамин сон, тӯли солҳои 2002 – 2011 шуруъ аз котиба - ҳуҷҷатгузор, мутахассис, наворбардор, танзимгар ва муҳандиси радио фаъолият бурда, дар баробари ҳуруфчинии матнҳои мухбирон ва фаъолият дар дигар ҷодаҳо ҳамзамон асару китобҳои илмиву бадеии зиёде аз олимону адибонро ҳуруфчинӣ мекард. Давоми ин солҳо бо вуҷуди серкорӣ бо рӯзномаи “Набзи Бохтар” дар робитаи зичи ҳамкорӣ қарор дошта, даҳҳо матлабҳои эҷодкардааш дар саҳифаҳои ин рӯзнома рӯи бо тахаллуси Моҳи Тобон рӯи чоп омадааст.
-Чун аз овони наврасӣ ба эҷоди таронаву саргузаштҳои ҳаётии овони ҷавонӣ шавқу рағбати беандоза доштам, ба таҳияи гузоришу барномаҳои телевизионӣ оғоз бахшидам, - иброз дошт дар идомаи суҳбат Оймоҳ Ҳасанова. Ҳарчанд дар он шабу рӯз ба ҳайси мудири шуъбаи кадрҳои Идораи телевизион ва радиои вилоят фаъолият доштам, ҷидду ҷаҳд ва завқам ба таҳияи барномаҳои телевизионӣ бештар буд.
Ҳамчун муаллиф ва муҳаррири барномаҳои телевизионии «Зангӯла», “Кӯдакон - ояндаи миллат”, “Маърифат”, «Навниҳол», “Таҳлил” ва дар ин радиф тибқи ҷадвали навбатдорӣ барномаи “Имдод”-ро таҳия намуда, саъю кӯшиш мекардам, ки ин барномаҳо натанҳо писанди тамошобинон бошад, балки дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷомеа таъсиргузор бошанд. Илова бар ин, бинобар вазифаи муҳарририро бар уҳда доштан ва дигар масъулиятҳои идорӣ мебоист аз идораи телевизион набаромада барномаҳои муаллифии худро омода ва пешкаши тамошобин гардонам. Мурури андухтани таҷрибаи бештари касбӣ ба вижа, дар самти таҳрири барномаҳо соли 2019 Оймоҳ Ҳасановаро ба вазифаи сармуҳаррири Телевизиони вилояти Хатлон таъйин намуданд.
Ҳарчанд бар зимма гирифтани ин масъулияти ниҳоят муҳим барояш тасмими саҳлу наменамуд, аммо собиқаи касбӣ ва зина ба зина дар ин ҷода обутоб ёфтанашро ба инобат гирифта, роҳбарияти Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон ӯро бовар кунониданд, ки бо дастгирии аҳли эҷодӣ аз уҳдаи ин вазифа баромада метавонад.
-Дар он шабу рӯз тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тариқи моҳвора пахш намудани эфири Телевизиони Хатлон омодагӣ медидем ва ин тасмими ниҳоят муҳим масъулияти моро дучанд афзуда буд. Хушбахтона, бо ҷаҳду талошҳои роҳбарият ва мутахассисону эҷодкорони идораи радио ва телевизион мо бо таҳияву омода намудани 52 барномаҳои гуногуни телевизионӣ тариқи моҳвора ҳам муваффақ шуда истодаем, -иброз медорад Оймоҳ Ҳасанова. - Дарвоқеъ ба моҳвора баромадан орзуи чандинсолаи кормандони Телевизиони вилоятии «Хатлон» буд, аммо ин пеш аз ҳама, аз роҳбарияти телевизион масъулияти ниҳоят зиёдро талаб менамояд. Зеро баъди солиёни мушкилот дар самти фарогирии минтақаҳои дурдасти кишвар ба мавҷи барномаҳои телевизионӣ, ҳаминак, бо дастгириву таъкидҳои Пешвои муаззами миллат имрӯз телевизиони вилояти Хатлонро дар тамоми ақсои олам метавонанд тамошо намоянд.
Бо ёдоварӣ аз рӯзгори паси сар намудааш шукронаи қисмат дорад, ки бо шарофати модари зарофатгӯву афсонахонаш майлу рағбати зиёд ба мутолиаи китобу илму донишандӯзӣ пайдо намуда, ҳамеша дар такопӯи омӯзишу такмили маҳорати касбист. Гарчанде, ки овони хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хости ишқи аввалинаш идомаи таҳсилоти олиро баъди издивоҷ ба таъхир гузошт, валекин, ба ҳайси мураббияи гурӯҳи бардавоми назди мактаби зодгоҳаш пазируфта шуд.
Баъди ба шаҳри Бохтар кӯчида омадан ва дар талоши дарёфти қути лоямут барои фарзандонаш дарк намуд, ки ҳанӯз баъди хатми мактаби зодгоҳ бояд идомаи таҳсилоти олӣ ё касбиро дар мадди аввал мегузошт. Ин буд, ки бо гузашти солҳо ва баъди ба арсаи рӯзноманигорӣ ворид шудан ба шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шуда, соли 2009 онро ба итмом расонид. Ҳамин тавр, зиндагиро бо ҳама мушкилу монеаҳо ва ҷаҳду талошҳо ҷиҳати амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои худ дӯст доштаву дар азми худ устувор ва ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифта мубориз буданро мояи хушбахтиву саодати зиндагӣ мешуморад.
Дар мавриди тарбияи насли ояндаи ҷомеа ба ин назар аст, ки барои дар рӯҳияи меҳандӯстиву қадрдонии муқаддасоти миллӣ, инсондӯсту дар ростои таҳаввулоти замони муосир тавонманду мубориз ба воя расонидани онҳо мебояд тамоми воситаҳои таъсиргузори фарҳангиро фаъол гардонид. -Вобаста ба ин, бо рушди соҳаи синамо ва таҳияву филмҳои мустанад ва силсилафилмҳо аз ҳаёту корномаи қаҳрамононаи нухбагони миллат метавон дар тарбияву ташаккули афкори насли нав муваффақ гардид, - иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Оймоҳ Ҳасанова.
Юсуфи Собир

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД