Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАҲРОМ -АЗ ТАБОРИ САНЪАТКОРОН
Ишқ олитарин эҳсосотест, ки дар қалби ҳар як инсон ҷой дорад, - мегӯяд овозхони ҷавон Шаҳроми Зоир. – Ҳангоме, ки барои даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- ватани азизи ман” тарона интихоб мекардам, мавзӯеро меҷӯстам, ки муҳтавои он ба ҳама хуш ояд. Ва якбора ба хаёлам суруди машҳури итолёвии “Гордая прелесть осанки” омаду онро ба зудӣ аз худ намуда, бо ёрии устодони ҳунар хеле зиёд машқи овоз намудам – идома дод Шаҳром. Ин сарояндаи умедбахш соли дуюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон -ватани азизи ман” шаҳри Бохтарро намояндагӣ мекунад. Ӯ қаблан дар даври шаҳрию вилоятии Озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда буд. Имсол бошад Шаҳроми Зоир кӯшиш намуд, ки ҳунару маҳорати овозхонии худро бори дигар санҷад. Вай чанде пеш аз рӯи номинатсияи овозхонии эстрадии академӣ дар марҳилаи ниҳоии озмун суруд хонда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.
-Барои ман ҳамчун донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов иштирок дар чунин озмунҳои касбӣ ниҳоят муҳим мебошад. Зеро ба ин васила мо санъаткорони ҷавон аз болои худ бештар кор карда, такмил меёбем. Фикр мекунам, ки Озмуни “Тоҷикистон- ватани азиз ман” низ маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд. Ва мо албатта ин имкониятро самаранок истифода бурда, баҳри расидан ба ҳадафи худ талош менамоем, - зикр менамояд ҳунарманд.
Шаҳром аз табори санъаткорон аст. Меҳри овозхонӣ аз овони кӯдакӣ ба қалби ӯ роҳ ёфтааст. Падараш Сафар Зоир, амакҳояш Қурбон ва Мурод ҳамагӣ аз аҳли ҳунар буда, солҳои зиёд дорои ансамбли оилавии худ буданд. Аз ин ҷост, ки Шаҳром низ бо ҳамин пайроҳа рафта, ҳафт сол дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар навохтани асбобҳои гуногуни мусиқиро аз худ намудааст. Ӯ фортепианоро хуб истифода бурда метавонад. Шаҳроми Зоир дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе низ таҳсил намудааст.
- Идомаи омӯзиш дар Консерваторияи миллӣ басо манфиатбахш аст. Онҷо баҳри расидан ба санъати касбӣ кӯшиши зиёд дорам. Дар жанрҳои классикӣ ва эстрадӣ овозхонӣ мекунам. Зеро ба гуфтаи устодонам агар хондани сурудҳои анъанавӣ овозро боқувват кунад, таронаҳои эстрадӣ садоро хушу форам мегардонад, - таъкид мекунад Шаҳром.
Ин овозхони ояндадор орзуи дар Оркестри давлатии симфонии назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданро дорад. Ӯ мегӯяд, ки тавони фаъолият ҳам дар ансамбли эстрадӣ ва ҳам операро дорад. Чун садояш ба ҳарду мувофиқ меояд. Ҳунару истеъдоди овозхонии Шаҳромро дида, аллакай чанде аз муассисаҳои фарҳангӣ ӯро ба кор даъват намудаанд.
- Идеалам дар ин масир шодравон Кароматуллои Қурбон ва Садриддини Наҷмиддин мебошад. Вале ман мехоҳам, ки бо сабку услуби худ дар оянда ҳунарнамоӣ намуда, яке аз сарояндагони номдори Тоҷикистон ва ҷаҳон гардам, - бо ҳавас иброз медорад вай.
Замзамаи як суруди ҷаззоби ватандорӣ, дар назди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи Кохи фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ, ки бо қалами Нуруллои Ориф ва оҳанги худи ӯ офарида шудааст, ба Шаҳроми Зоир илҳом бахшид. Чун бо шунидани ин суруд Сарвари давлат ба мазмуну муҳтаво ва тарзи иҷрои он баҳои хуб дода, шавқу рағбати ин овозхони ояндадорро ба касбаш боз ҳам афзун намуданд.
Шаҳроми Зоир бештар сурудҳои ватанпарваронаро меписандад ва ӯ дар чорабиниҳои фарҳангию тадбирҳои гуногун ширкат варзида, ба шунавандагони худ рӯҳу равони тоза мебахшад.
М. Амонҷон
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


