Бойгонӣ

Шоири ватансаро

Дар васфи эҷодкорон дуруст мегӯянд, ки онҳо меҳнати зиёд мекунанд, заҳмати бе бадал мекашанд, шабзиндадорӣ менамоянд. Дардҳои ҷомеаро ба худ қабул мекунанд. Барои дигарон мисли шамъ месӯзанд ва оламро равшан месозанд:Шамъ шав, шамъ шав, ки худро сӯзӣ,
То бад-он базми касон афрӯзӣ.
Оре, устод Сафар Амирхон аз ҷумлаи он шоирони пуркору сермаҳсулест, ки бо қалби саршори пур аз муҳаббат ва эътиқод ба халқу Ватани маҳбубаш дар мавзӯҳои гуногун шеърҳои пурмазмун эҷод намуда, пешкаши ҳаводоронаш мегардонад. Ӯ шеърро аз қалб ва соддаю равон мегӯяд ва шеърҳояш зуд ба дили хонанда роҳ меёбад.
Аз он хушнуд аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо чунон рушд намуда, тараққӣ кард, ки роҳи садсоларо дар 30 сол тай намуд. Ба ин маънӣ дар шеъри «Тоҷик» гуфтааст:
Эй нури чароғи хонадони тоҷик,
Дармони тану рӯҳу равони тоҷик.
Аз баъди ҳазор сол аз нав омад,
Аз мақ дами ту шуҳрату шони тоҷик.
Тоҷик кунун шуҳраи офоқ  шуда,
Бо қудрати Роғуну тавони тоҷик.
Як умр пайи хидмати халқ у Ватанӣ, 
Фарзанди азизу ҷон ба ҷони тоҷик.
Дар шеъри «Шукри Ваҳдат»  шоир моро огаҳ месозад, ки ҳамаи хушбахтиҳои рӯзгор, комёбиҳои мо ва рӯзгори босаодати мардум бо шарофати Истиқ лолу Ваҳдати миллӣ ба даст омадаву поянда мемонад:
Шукри бахту сулҳу истиқ лолу давлат мекунам,
Шукри фардои саодатбори миллат мекунам.
Даври каҷфаҳмию каҷкорию каҷбинӣ гузашт,
Шукри озодию бахту шукри Ваҳдат мекунам.
Бо талошу ҷонфишонӣ сулҳ шуд моро насиб,
Мо ба сулҳи пойдевори хеш савлат мекунем.
Кай будӣ осон тариқ и ҳамдилӣ дарёфтан,
Шукри ободиву озодии миллат мекунем.
Устод Сафар Амирхон зодаи деҳот асту деҳаи азизашро, ки гӯшае аз Ватани биҳиштосои мост, дӯст медорад ва ёд мекунад:
Ёд кардам деҳаро, азбаски Султони ман он ҷост,
Пораи меҳру вафову дарду дармони ман он ҷост.
Хандааш бар ёд орад чеҳрахандон модарамро,
Рӯҳи поки модари ширинтар аз ҷони ман он ҷост.
Нури чашмонам агарчи андак-андак мешавад кам,
Дилпурам, ки пораи нуре зи чашмони ман он ҷост.
Ҳафт пуштам хоб дар водии хамӯшони ин деҳ,
Дар умеду ноумедиҳо нигаҳбони ман он ҷост.
Гуфтаанд: Аз гӯшаи имон бувад меҳри ватандорӣ,
Пора- пора сураи ихлоси Қ уръони ман он ҷост.
Устод Сафар Амирхон ҳар як гӯшаи диёр, ҳар як пораи Ватани азизашро дӯст медорад ва зебоиҳои биҳиштосои онро бо риштаи назм рангину шоирона тасвир менамояд. Ҳамчун адиби гуманист, хайрхоҳ ба ҳамаи одамон, аз ҷумла ба аҳли қ аламу эҷод меҳру муҳаббат ва садоқ ати бепоён дорад. Ҳамаи аҳли адаби кишварро самимона дӯст медорад ва ба онҳо муҳаббати беандоза дорад. Сафар Амирхон ҳамчун шоири ватандӯсту ватансаро дар ҳамаи ашъораш Ватани азиз –Тоҷикистони биҳиштосоро васф кардааст:
Маснади умеду армонам, Ватан,
Ифтихору иззату шонам, Ватан.
Ҳафт пуштам хок шуд дар пушти ту,
Суғду Хатлону Бадахшонам, Ватан.
Шукр гӯям, шукри тоҷу тахту бахт,
Тоҷикистон, Тоҷикистонам –Ватан!
Аз ҳар як комёбию дастовардҳо, рӯйдодҳои муҳими пешравии иқ тисодӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон ниҳоят шодмон мешавад, ифтихор менамояд ва онро ба риштаи назм мекашад. Аз ҷумла, дар шеъри «Роғун» шоир мегӯяд:
Тӯи оҳанги бедории тоҷик,
Тӯи нанги ватандории тоҷик.
Аё Роғун, ба нури хеш охир,
Тӯи равшангари шабҳои торик.
Бин азму суботи кори Роғун,
Ҳангомаи навбаҳори Роғун.
Ҳар шуълаи оташини кафшер,
Монандаи лолазори Роғун.
Табиати зебо, афсунгар ва биҳиштосои Ватани маҳбуб, олами вуҳуш чаҳ-чаҳи парандагони хушовоз мавзӯи ашъори рангину дилчаспи устод Сафар Амирхон мебошад. Ашъори пурмазмуну рангин ва дилангези устоди сухан Сафар Амирхон аз шеъру суруд, ғазал, рубоиёт, байтҳо ва дубайтиву таронаҳо иборатанд. Аз намунаи ашъори ӯ муҳаббату самимият, вафодорӣ ва садоқ ати бепоён ба Ватани азизу халқ и куҳанбунёдаш ва ғояҳои бузурги инсондӯстӣ баръало ҳис мешавад. Шоир саъй менамояд, то бар суханаш пероҳани зебою рангоранг пӯшонида, муҳаббату ихлоси хонандаро ба ашъораш зиёд намояд. Сафар Амирхон чун шоири дорои истеъдоди воло дар эҷоди ҳама навъҳои бадеӣ, аз ҷумла рубоиёт низ маҳорати баланд дорад:
                      Ку пешаи дилписанд аз шеъру сухан,   
                      Ку мартабае баланд аз шеъру сухан.
                      Кай шеъри жаён ба даст осон ояд,
                    Ҷуз тору тани каманд аз шеъру сухан. 
 Сафар Амирхон баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муддате ба ҳайси омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. Баъдан, аз соли 1981 ба сифати хабарнигор ва муҳаррири Кумитаи садо ва симои собиқ  вилояти Кӯлоб ва сармуҳаррири бархе аз шабакаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат намудааст. Айни замон мудири шуъбаи адабиёти муосири Муассисаи давлатии «Адиб» мебошад. Намунаи ашъораш тавассути маҷмӯаҳои «Гули Наврӯз» (1989), «Чашмаи толеъ» (1993), «Хок ва оташ» (1993), «Ҷилваи хаёл» (2003), «Нозанин» (2019), «Гули санг» (2020), «Куҷо шудӣ, Офтобак», «Пайғом» (2019), «Боғ дар оғӯши борон» (2022) дастраси хонандагон гардидааст.
Ҳамчунин намунаи эҷодиёташ дар маҷмӯаҳои муштараки «Наврӯз муборак!», «Баҳодурон», «Падарнома», «Меҳри Хатлон», «Навсафар» ба табъ расидаанд. Ӯ барои хизматҳои шоиста дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ сазовори медали «Барои меҳнати шоён» ва соли 2015 барои китоби «Чароғи меҳр» барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст. Устод Сафар Амирхон аз зумраи шоиронест, ки дилу дидаи поку тоза ва андешаи неки инсондӯстона дорад. Ҳамеша аз қ алби покаш суханони инсондӯстонаву арҷгузорӣ ба арзишҳои муқ аддас дар туғён аст:
Гар ҳадяи шоир сухану ҳарфу ҳиҷо ҳаст,
Дилномаи ман шеъри тару дасти дуо ҳаст.
      Аъзам Бобозода, шаҳри Душанбе
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019