Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 дек 22:05---
«Шаҳди истиқлол» ғолиб омад
Дар аввали оҳанг садои нарму форами асбобҳои гуногуни мусиқӣ, хусусан скрипка ва най ба гӯш мерсад ва оҳиста-оҳиста он авҷ гирифта, дар тахайюл равшанӣ бар зулмотро ифода мекунад.
Ва ин навои «Шаҳди истиқлол»-и бастакор Абдуалим Маҳмадалиев ғаму ғусаи солҳои нооромӣ дар ватанро як лаҳза ба хотир оварда, сипас бо тантанаи худ умед ба зиндагӣ, ваҳдату баҳамоӣ, эҳёи табиат ва шукуфоӣ, хушрӯзии пиру ҷавон ва озодию ободиро сар ба фалак мекашад.
Бо эҷоди ин асари мусиқӣ Абдуалим Маҳмадалиев имсол ҳам аз рӯи жанри эстрадии «номинатсияи композиторӣ» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», ки ба муносибати 30- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм дониста шуд. Бори сеюм аст дар ин озмун иштирок мекунам, - мегӯяд бастакор. Соли аввал оҳанги «Шоҳроҳи Саразм»-ро офаридам. Маротибаи дуюм бо асари мусиқии «Субҳи истиқлол» то ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтам. Ҳарчанд дар марҳилаи ниҳоӣ комёб нагардида бошам, ҳам вале ҳамоно ноумед нашуда, баръакс бештар талош кардам, ки аз болои худ кор кунам ва оҳанги ҷаззоб эҷод намоям. Дар озмуни имсолаи «Тоҷикистон –Ватани азизи ман» бо омодагии ҷиддӣ ширкат варзида, бо пешниҳоди оҳанги «Шаҳди истиқлол» дастболо шудам, - илова намуд Абдуалим Маҳмадалиев.Ин навозандаи ҷавон ҳамчун композитор оҳангро эҷод намуда, бо кумаки устодону мутахассисон онро дар шаҳри Душанбе ба нота (аломатҳои хаттии махсус, ки ба воситаи онҳо овозҳои мусиқиро нишон медиҳанд) медарорад ва барои иҷро дар даври ҷумҳуриявии озмун ба Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. То ба ҳайати ҳакамони озмун манзур намудани ин асари мусиқӣ на танҳо муаллифи он, балки гурӯҳи калони навозандагон заҳмати зиёд кашидаанд. Зеро ба гуфтаи Абдуалим Маҳмадалиев, агар офаридани оҳанг як тарафи кор бошад, ба саҳна гузоштани он тарафи дигари масъала аст.
Мо дар вилоят навозандаи асбобҳои муосири мусиқӣ кам дорем. Ҳарчанд дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру навоҳии вилоят скрипка, флейта, шайпур, саксафон мавҷуд аст, аммо шумораи онҳо хеле кам буда, илова бар ин асбобҳои дигари мусиқӣ намерасанд, зикр намуд А. Маҳмадалиев. Хурсандибахш аст, ки дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар бо талошҳои зиёди устодон аз ҳисоби таълимгирандагон оркестри эстрадӣ тайёр шуда истодааст, ки умед дорем бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ онҳо бо асбобу лавозимоти зарурии замонавӣ бештар таъмин шуда, барои иҷрои оҳангҳои гуногун дар саҳнаҳои калон омода карда мешаванд, - гуфт ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азиз ман».
Муваффақияти худро Абдуалим Маҳмадалиев дар талошу заҳмати шабонарӯзӣ ва роҳнамоиву дастгирии устодонаш Шералӣ Шодиев, Шералӣ Қосимов, Ҳайитбой Юсупов, Фазлиддин Раҳмон, Неъматулло Авазов, Бозорбой Одинаев ва чанди дигар мебинад.
Ӯ хушҳол аз он аст, ки ин озмуни бонуфуз ва бисёр ҳам пуршукӯҳу зебо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, ки он имконият медиҳад то наврасону ҷавонони санъаткор ҳунару маҳорати худро боз ҳам сайқал дода, ба комёбиҳои нави эҷодӣ ноил гарданд.
Барои қадрдонии шоиста Абдуалим Маҳмададлиев ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро беҳтарин василаи муаррифии истеъдодҳои нав номид. Зеро ба гуфтаи вай озмуни мазкур шароит фароҳам овард, ки чеҳраҳои нав кашф гардад, аз дурдасттарин деҳоти кишвар низ наврасону ҷавонони соҳибзавқ рӯи саҳнаи ҳунар баромада, истеъдодашонро ба намоиш гузоранд.
Имсол шумораи иштирокчиёни озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо бештар буд. Рафти баргузории ин сабқати эҷодӣ собит намуд, ки мо дар мамлакат наврасону ҷавонони санъатдӯст ва навозандагони бомаҳорату сарояндагони хушовоз хеле зиёд дорем. Зеро мардуми фарҳангпарварамон аз азал бо савту наво ҳастанд ва ба ҳунармандон фарҳанги шаҳри Бохтар оғоз гардида, сипас дар ансамбли фолклорӣ – этнографии «Хутал» ва ҳоло ансамбли «Шашмақом»-и вилояти Хатлон идома ёфта истодааст. Бастакори номбурда таълимдида мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар буда, ҳоло донишҷӯи бахши сеюми Коллеҷи фарҳанг ба номи П.Ҷ Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Абдуалим Маҳмадалиев тасмим дорад, ки баъд аз хатми муассисаи таълимии миёнаи махсус таҳсилашро дар Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов идома дода, дар пайроҳаи худ боз ҳам устувор гардад.
М. АМОНҶОН

Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд