Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳамкориҳо густариш меёбанд
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз муассисаҳои олии касбии вилояти Хатлон мебошад, ки дар баробари омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори муосири меҳнат ба равна қи муносибот бо марказҳои илмиву таълимии хориҷи дуру наздик заминаҳои мусоид мегузорад. Дар робита бо ин ва дигар масоили рушди муносибатҳои хориҷии илмиву адабӣ ва таълимиву методӣ суҳбате доштем бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи мазкур, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Фатҳуллозода Икромуддин.
Устоди гиромӣ, лутфан мегуфтед, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳоли ҳозир бо кадом кишварҳо ва марказҳои илмӣ робитаву муносибот роҳандозӣ намудааст.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро метавон дар ҳудуди вилоят маркази асосии илмиву фарҳангӣ, таълимиву методӣ ва заминагузори аслии муносиботи байналмиллалӣ дар ин самтҳо номид. Зеро талошҳои роҳбарияти Донишгоҳ, махсусан ректори муҳтарам, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар ин самт аллакай натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти байналмиллалии мо ин ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳ мебошад.
Ҳудуд ва доираи муносиботи бурунмарзии донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкориҳо бо кишварҳо ва ниҳодҳои нав ба роҳ монда мешаванд. Айни ҳол донишгоҳ бо зиёда аз 16 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳ қи қотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба табодули таҷрибаи устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ва ғайра шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад. Мо бо 9 донишгоҳи Федератсияи Россия, 1 донишгоҳи Эстония, 1 донишгоҳи Озорбойҷон, 3 донишгоҳи Ӯзбекистон ва 3 марказҳои илмиву таълимии байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем.
Феълан Донишгоҳ дар самти роҳандозии муносиботи хориҷӣ ба кадом мувафаф қиятҳо ноил гардидааст?
Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шуроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шуроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ мебошад.
Яке аз омилҳои асосии рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ин тарбияи кадрҳои баландихтисосу ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Такмили касб, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, аспирантон ва магистрони донишгоҳ, яке аз ҳадафҳои асосии раёсати донишгоҳ ва шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ маҳсуб ёфта, он дар асоси созишномаҳои тарафайн ва тавассути лоиҳаҳо бо барномаҳо ва муассисаҳои таълимиву илмии дигар донишгоҳҳову ташкилотҳо амалӣ мегарданд, ки дар рафти он сафарҳои хизмативу эҷодӣ доир карда мешаванд, ки устодон, омӯзгорони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯён бо усули муосири таълиму тарбия ва истифодаи таҷҳизоти илмӣ шинос шуда, онро дар фаъолияти илмиву омӯзгории худ истифода бурда, дар ин замина мавриди омӯзиши дигарон қарор медиҳанд.
Шумо оид ба сафарҳои хизмативу эҷодӣ ҳарф задед. Оё истифодаи усулу метод ва даъвати устодон аз хориҷ дар донишгоҳ таҷриба карда мешавад?
Бале, моҳҳои ноябр декабри соли гузашта як ҳайати донишмандон иборат аз 9 нафар олимону устодон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия (АлтГУ) ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда буданд. Дар ин сафар, ки бо роҳбарии Гайворонский Алексей Сергеевич, сардори шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ ва робитаҳои байнимилалӣ, Неболсина Марина Сергеевна иҷрокунандаи вазифаи директори институти филологияи байнифарҳангӣ ва коммуникатсионӣ ва Маркина Полина Владимиревна, директори Маркази байналмилалӣ дар соҳаи маорифи донишгоҳи номбурда доир гардида буд, мо дар якҷоягӣ нақшаи яксола оид ба дарсҳои маҷозӣ (онлайнӣ), семинарҳо, такмили ихтисос ва дигар корҳои илмиро тартиб додем. Бояд гуфт, ки ин чунин сафарҳои табодули таҷриба дар соли 2021 низ роҳандозӣ гардида буд, ки имрӯз самараи дилхоҳ дода истодааст.
Бояд зикр намуд, ки тибқи лоиҳа барои ҳамкорӣ ва табодули забономӯзӣ меҳмонон бо донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус дарсҳои кушоду намунавӣ ва бо омӯзгорони факултет семинар-омӯзиш гузарониданд. Вохӯрӣ бо хатмкунандагони риштаҳои омӯзгории донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2023 дар доираи ҳамкориҳои судманд бо таклифу пешниҳодҳои дуҷониба низ баррасӣ гардид. Вобаста ба нақшаи тартибдодаи тарафайн аз ҷониби олимони Алтай дар факултетҳои забони англисӣ ва забон ва адабиёти рус дар ҳаҷми 36 соат бо омӯзгорони факултетҳои мазкур курси такмили ихтисос гузаронида шуд.
-На қшаҳои минбаъдаи Донишгоҳ дар самти роҳандозии муносибатҳои байналмилалии илмиву таълимӣ чӣ гунаанд?
-Ҳаминро низ бояд қайд намуд, ки доираи ҳамкориҳо, бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ доир ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайра бо Донишгоҳҳои вилояти Омски Федератсияи Россия баррасӣ карда шуда истодааст. Ташрифи ҳайати гурӯҳи корӣ дар шахси Замятин Сергей Владимирович - ректори Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф.М. Достоевский, Маевский Дмитрий Павлович,- ректори Донишгоҳи давлатии техникии Омск бо ҳамроҳии муовини аввали Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Бурулко Игор Евгеневич ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав санаи 12 декабри соли 2022 далели гуфтаҳо болост.
Вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода С. Х. оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои табодули таҷрибаи устодон ва роҳандозии таҷрибаи ивази донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар Шуроҳои дисертатсионӣ аз он ҷумла, тайёр намудани мутахассисони хуби соҳаи фанҳои дақиқу риёзӣ дар магистратура ва аспирантураи донишгоҳҳои шаҳри Омски Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Илова бар ин дар санаи 14 декабри соли 2022 аз Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мушовири ректор оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Россияву Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Погодаев Николай Петрович ташриф оварданд. Ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ва намояндаи донишгоҳи Томси Федератсияи Россия масъалаи бастани шартномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои табодули устодону донишҷӯён, иштироки мубодила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистр, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо бо тарзи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ), навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани такмили ихтисоси омӯзгорон, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар Шурои дисертатсионии Донишгоҳи давлатии Томск ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзро таҳлилу баррасӣ намуданд, ки дар ин самти ҳамкориҳои илмиву таълимӣ мо метавонем ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, барои тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид пайдо намоем.
- Ҷалби донишҷӯёни хориҷ ба муассисаҳои олии кишвари мо ва ҳамзамон донишҷӯёни мо ба Муассисаҳои олии хориҷи кишвар аз самтҳои муҳими муносиботи хориҷии муассисаҳои олии касбӣ мебошад. Ин самт фаъолият чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Оид ба донишҷӯёни хориҷӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ҳаминро иброз менамоям, ки феълан дар донишгоҳ 201 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ба тадрис фаро гирифта шудаанд, ки 25 нафар дар шуъбаи рӯзона ва бо қимона дар шуъбаи фосилавии донишгоҳ ба касби илм машѓуланд. Мо бештар аз ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон -170 нафар, аз Ҷумҳурии Туркманистон - 25 нафар, аз Давлати Исломии Афғонистон - 4 нафар ва аз Федератсияи Россия 2 нафар донишҷӯ дорем.
- Оё лоиҳаҳои муштараки байналмиллалӣ амалӣ карда мешаванд?
- Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамкории худро бо сафоратхонаҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷии муқими кишварамон низ вусъат дода истодааст. Аз он ҷумла, бо сафоратхонаи Амрико (Шурои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ) ва ташкилоти ғайридавлатии «Good naihbor (Ҳамсояи хуб)» шартномаи ҳамкориҳои илмӣ - техникӣ ва таълимиро ба имзо расондааст.
Дар асоси шартнома ва ҳамкории тарафайн дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисттон аз тарафи Шурои маорифи байналмилалии Амрико дар факултети забони англисӣ “Маркази захиравии забони англисӣ (МЗЗА-ERC)” таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза донишҷӯён ва омӯзгорони факултет аз ин Марказ барои сайқал додани донишу маҳорати педагогии худ истифода мебаранд.
Дар ҳамкорӣ бо деканати факултети забони англисӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва сайқал додани маҳорати забондонии донишҷӯён бо курсҳои 2-юм ва 3-юми ихтисоси англисӣ –русӣ бо иштироки Гулрухон Тӯраева, устоди ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Алекс Варен, намояндаи Маркази такмили ихтисоси шаҳри Сингапур аз барномаи National Geographic. English language teaching Asia дарсҳои онлайнӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Москва як дарси назариявии онлайнии устоди ин донишгоҳ Н.Ф. Илинова дар мавзуи “Технологияи интерактивӣ дар тайёр намудан ва баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгор” барои мудирони кафедраҳои факултетҳои равияи омӯзгорӣ низ ташкил намудем, ки аз манфиат холӣ набуд.
- Дар самти омода намудани мутахассисони ватанӣ бо ҷалби имкониятҳои илмии байналмилалӣ, ки барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз масъалаи калидӣ мебошад, ба Шумо ва ҳайати устодони Донишгоҳи Шумо барор мехоҳем.
Ташаккур, ба Шумо низ барори эҷодӣ таманно дорем.
Суҳбаторо А. Файзалӣ

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД