Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БАҚОИ БАХТУ ДАВЛАТ АЗ РАЪИЯТПАРВАРӢ БОШАД!

Вале, мутаассифона, чанд тан аз бадхоҳони миллат, ба ваъдаҳои бепояи хоҷагони хориҷиашон ва ба андешаҳои пучи мансабхоҳӣ ғарра шуда, ин бахти бозомадаи моро ба фоҷиа мубаддал карданд.
Аммо, миллати асил ва фарзандони фарзонаи он боз ҳам сари мизи гуфтугӯ омаданд ва бо истифода аз неруи созандаву асолати миллӣ роҳи сулҳу оштӣ ва суботро пеш гирифтанд.
Дар чунин вазъи мураккаб ақли солим боло гирифт ва элитаи сиёсии кишвар аз мақоми гурӯҳбозиву маҳалбозӣ фаротар рафта, танҳо аз як мақом - тамомияти пурраи кишвар баромад намуда, кишварро аз варта раҳониданд.
Маҳз дар ин ҳамоиш, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвар бо номи Иҷлосияи ХVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатҳои тиллоӣ сабт шуд, зимоми раҳбари кишвар ба дӯши шахсияти оқилу дурандеш Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид.
Маҳз ҳамин иқдомро метавон бахти миллат ва омади тақдири ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ донист. Зеро вакилони вақти мардумӣ дар рӯёрӯи интихоби басо мушкил ва муҳимтарин –интихоби лидери сиёсӣ меистоданд ва танҳо як амал, як ҳаракати ноҷо метавонист ба решаи миллати аллакай пароканда боз ҳам дардноку жарфтар теша бизанад.
Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба маснади раиси Шурои Олӣ интихоби тасодуфӣ набуда, балки баромадҳои ҷиддӣ , ростқавливу ҳақиқатгӯӣ ва ҷасорати ӯ зимни баррасиҳои масъалаҳои миллӣ дар ҷаласаҳои Шурои Олӣ ба эътибор гирифта шуда буданд. Гузашта аз ин, нафароне, ки дар замони осоишта за минбарҳои баланд бо эҳсосот сухан гуфта, худро ғамхору ҳамдами миллат нишон медоданд, мушкилоти он рӯзҳоро хуб эҳсос карда, ба кунҷи хамӯшӣ хазида, ҳеҷ кас ҳатто ҷуръат намекард, ки раҳбарии кишварро ба уҳда бигирад.
Савганди дар назди вакилони мардумӣ ёдкардаи сарвари ҷавону тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон: “... то вақте дил дар синаам метапад, ҳастиямро барои Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам” ҳамчун сархати девони миллат бо хатҳои заррин ҳаккокӣ шуда, то абадият дар ёди ҳар як тоҷик боқӣ хоҳад монд.
Дере нагузашта сарвари тозаинтихоби тоҷикон бо ҷасорат барномаву имқдомҳои созандаи худро ба мардум муаррифӣ намуданд, ки ҳарф ба ҳарфу сатр ба сатр танҳо беҳсозии шароити мардумро дар бар мегирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар он лаҳзаҳои басо ҳассос аз хиради азалӣ ва таҷрибаи қадимаи давлатсозии миллӣ кор гирифта, панди ниёгонро сармашқи кори худ карда, талоши ҷиддиро дар раҳонидани миллат аз парокандагӣ , бозгардонидани гурезаҳо ба кишвар, ба ҳаёти осоишта баргардонидани мардум равона сохтанд, ки маҳбубияти ӯро миёни мардуми ҳарду тарафи сангар бамаротиб афзун намуд.
Дар оғози кори худ аз таҷрибаву хиради азалии аҷдодони донишманду закӣ кор гирифта, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро аз бахшидани якдигар оғоз намуд, ки бемуболиға дар як муддати кӯтоҳ ҳазорон нафар ба ҳаёти осоишта баргашта, ҳамакнун ин таҷрибаи сулҳсозии Президенти маҳбуби кишвар мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши аҳли башар ва созмонҳои ҷаҳонӣ гаштааст.
Бо талошҳои зиёд, иштирок дар раванду даврҳои доманадори расидан ба субот ва ниҳоят имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Пешвои миллат тавонист тамоми ҷонибҳоро сари мизи гуфтушунид ва гузашту бахшоишҳо нишонад ва ба пуррагӣ сулҳу суботро дар кишвар пойдор созад.
Хушбахтона, сулҳи пойдор дар кишвар побарҷо шуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои эълоннамудаи стратегии миллӣ батадриҷ заминаҳои мусоид фароҳам шудан гирифтанд.
Акнун барои кишвари баъдиҷангии аз ҷиҳати иқтисодӣ талафоти бузургдида роҳандозии барномаву нақшаҳои созанда зарурати вақт гардида буд. Аз ин рӯ барои ворид шудан ба низоми ҷадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ , ба сафи кишварҳои пешқадаму босубот пайвастан Сарвари давлатро лозим буд, ки ислоҳоти бузургро дар кишвар роҳандозӣ намояд ва бо ин васила кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонад. Натиҷаи ин ислоҳот буд, ки низоми давлатдорӣ таҳким ёфта, сохторҳои нави идорӣ мураттаб гашта, сатҳи камбизоатӣ аз 80 фоиз то ба 26 фоиз поин оварда шуд.
Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Пешвои муаззами миллат хуб дарк карда буданд, ки дастовардҳову пешгомиҳои кишварҳои тараққикарда ба рушди соҳаи маориф ва мутолиаву таҳқиқот сахт бастагӣ дорад ва аз ин рӯ, ба ин рушди соҳаи омӯзишу парвариш диққати ҷиддӣ дода, ин соҳаро соҳаи афзалиятнок ва меҳварӣ дар сиёсати худ эълон намуданд, ки ин тасмим барои рушди дигар соҳаҳо заминаи боэътимод гузошт.
Ҳамчунин сиёсати созанда ва иқдомоти мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки мардум барои шинохти худ, рушди асолат ва бузургдошти аҷдодон таваҷҷуҳ ва барои омӯзиши таъриху фарҳанги миллат руҷӯъ карданд.
Дар ин кор Сарвари кишвар бо нигоштаҳои пуразиши илмии худ, аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Забони миллат- ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ » шахсан дар самти пажӯҳиш ва кандукови таърихӣ ва вусъати корҳои таҳқиқотӣ дар самти таърих ва фарҳанги миллат намунаи ибрат шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки таърихофарон шахсони тасодуфӣ нестанд, балки онҳо шахсиятҳои бузург, фавқулинсонҳо мебошанд, ки ба чашми мардум дилнишин буда, қобилияти Пешво буданро доро мебошанд.
Маҳз ҳамин хислатҳоро Сарвари муаззами мо доро мебошанд ва аз ин рӯ бо ифтихору меҳр мардуми Тоҷикистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвонҳои Қаҳрамони Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллатро лоиқу арзанда медонанд ва ӯро дар ҳар як хонадон хурду бузург дӯст медоранд.
Устод Муҳаммад Ғоиб дар шеъре, ки ба Пешвои миллат эҳдо кардаанд, барҳақ фармудаанд:
Ба толори сиёсат нақш бозӣ кардан осон нест,
Тамоми фирқаро ҳам дилнавозӣ кардан осон нест.
Дар ин ҷо адлро гаҳ сояи пинҳонии ҷавр аст,
Ба зери боми гардун сарфарозӣ кардан осон нест.
Ба худ бегона, ба халқ ошноӣ , сарварӣ бошад,
Бақои бахту давлат аз раъиятпарварӣ бошад.
Гурӯҳе гаҳ кунад аз носипосӣ некро ҳам бад,
Дар ин майдон зи бозӣ ҳам гаронтар доварӣ бошад!
Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони мо пеш аз ҳама ватандориро омӯхт ва ин мактаб тарбиятгари насли наврас, худогоҳу худшинос ва ҷасуру содиқ ба ормонҳои миллӣ мебошад.
Акнун ҳар яки моро лозим аст, ки бо дарназардошти шароити мураккаби имрӯза ҷавобан ба талошу ҷоннисориҳои Пешвои муаззами худ барои рушду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ғановати ғурури миллӣ , таҳкими худшиносӣ ҷидду ҷаҳд карда, барои баланд бардоштани нуфузи миллат дари арсаи ҷаҳон талошҳои чашмрас намоем.
Мо бояд таҷрибаи талхи таърихи начандон дури худро аз хотир набарорем, дар заминаи эътибори хатову шикастҳоямон ояндаи худро бунёд намоем ва ба фарзандонамон ганҷури пуропур аз арзишҳои милливу мардумӣ ба мерос гузорем. Ҳама бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат аз як гиребон сар бароварда, нагузорем, ки дигар хасми палиде ба суботу якпорчагии мо халал ворид созад.
Бо боварӣ изҳор медорем, ки зери сиёсати ватандӯстонаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистони мо боз ҳам рушду нумӯъ карда, ҳар як фарди бедордил дар роҳи амалӣ намудани ин сиёсат ҳиссагузор хоҳад буд.
Мавзуна НАБИЕВА, омӯзгори МТМУ №6-и шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад