Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷаҳон бишнохт номи Тоҷикистонро
Воқеан ҳам таҷлили ин рӯзи фархунда таҷлили ҳастию пойдории миллату давлат, хонаи обод, рӯзгори хурраму босаодати мардуми шарафманди тоҷик аст. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барҳақ фармудааст:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Албатта сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ омили ободӣ, рушди устувори кишвар ва амалӣ гардидани ҳамаи орзуҳои нек ва ормонҳои ҳамаи мо мебошад. Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо чанд тан аз сокинони вилоят, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони маҷалла менамоем. Имрӯз аз баракати соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати рушду пешрафти Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 190 кишварҳои дунё робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дошта, узви комилҳуқуқи СММ, СҲШ, САҲА, СААД, ИДМ ва даҳҳо созмонҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Ворид шудани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ кушод ва боиси рушди тиҷорату болоравии ҳаҷми истеҳсоли молҳои хушсифат гардид. Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон шинос намуд». Хушбахтона, тайи солҳои истиқлоли давлатӣ баробари дигар самтҳо соҳаи тандурустии кишвар низ хеле рушду пешрафт дошта, дар шаҳру навоҳии мамлакат садҳо беморхонаҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои ташхису табобатӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин замина хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, натиҷаҳо дар самти бунёди ҷомеаи солим қаноатбахш мебошанд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки ҳар фарди бонангу номуси кишвар Истиқлолиятро ҳамчун рамзи озодӣ, азизу муқаддас ва шарти муҳимтарини зиндагии шоиста ва рӯзгори пурсаодат мисли гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз намояд.
Марворид Раҷабова, мудири шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии шаҳри Левакант - Соли гузашта мардуми шарафманди мо ҷашни пуршукӯҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро дар фазои сулҳу суботи пойдор, бунёдкорию созандагӣ ва комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҷлил намуданд.
Абдукарим Мирсайзода- мудири Филиали № 43-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Бохтар 9-уми сентябри соли 1991 дар ҳаёти сиёсии кишвари маҳбубамон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба амал омад, ки он дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Оре, Истиқлолият шарафу номус ва дастоварди бузург барои мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро, бо гузашти 1 100 сол соҳиби давлати мустақили миллӣ ва соҳибихтиёр гардидем. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ мо соҳиби Конститутсия дар асоси он соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишону Суруди миллӣ гардидем. Асъори миллӣ- сомонӣ низ яке аз нишонаҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад.Гарчанде 31 сол дар таърих давраи начандон зиёд аст, аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири рушд қадамҳои бузургу устувор гузошта, имрӯз ба яке аз кишварҳои пешрафта ва ободу осоишта табдил ёфта истодааст.
Ба муомилот ворид шудани пули миллӣ на фақат падидаи муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, балки оғози болоравии иқтисодиёт ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш ба муносибати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гуфта буд: «Сарҷамъии миллат ва рушди устувору муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлолият ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошад».Аз файзи Истиқлол имрӯзҳо дар кишварамон садҳо корхонаҳои хурду бузург фаъолият мекунанд, ки мамлакатамонро ба сӯи комёбиҳои бузурги саноатӣ ҳидоят менамояд.Ба умеди таҳкими якпорчагии кишвар ва Истиқлолияти Тоҷикистон аз забони шоир мегӯем:
Эй Худо, пайванд кун бишкастаро,
Ҷамъ кун ҷамъи парешонрафтаро.
Ҷамъи хурди Тоҷикистони маро,
Аз парешонӣ нигаҳ дор, эй Худо.
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Албатта сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ омили ободӣ, рушди устувори кишвар ва амалӣ гардидани ҳамаи орзуҳои нек ва ормонҳои ҳамаи мо мебошад. Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо чанд тан аз сокинони вилоят, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони маҷалла менамоем. Имрӯз аз баракати соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати рушду пешрафти Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 190 кишварҳои дунё робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дошта, узви комилҳуқуқи СММ, СҲШ, САҲА, СААД, ИДМ ва даҳҳо созмонҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Ворид шудани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ кушод ва боиси рушди тиҷорату болоравии ҳаҷми истеҳсоли молҳои хушсифат гардид. Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон шинос намуд». Хушбахтона, тайи солҳои истиқлоли давлатӣ баробари дигар самтҳо соҳаи тандурустии кишвар низ хеле рушду пешрафт дошта, дар шаҳру навоҳии мамлакат садҳо беморхонаҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои ташхису табобатӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин замина хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, натиҷаҳо дар самти бунёди ҷомеаи солим қаноатбахш мебошанд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки ҳар фарди бонангу номуси кишвар Истиқлолиятро ҳамчун рамзи озодӣ, азизу муқаддас ва шарти муҳимтарини зиндагии шоиста ва рӯзгори пурсаодат мисли гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз намояд.
Марворид Раҷабова, мудири шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии шаҳри Левакант - Соли гузашта мардуми шарафманди мо ҷашни пуршукӯҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро дар фазои сулҳу суботи пойдор, бунёдкорию созандагӣ ва комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҷлил намуданд.
Абдукарим Мирсайзода- мудири Филиали № 43-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Бохтар 9-уми сентябри соли 1991 дар ҳаёти сиёсии кишвари маҳбубамон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба амал омад, ки он дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Оре, Истиқлолият шарафу номус ва дастоварди бузург барои мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро, бо гузашти 1 100 сол соҳиби давлати мустақили миллӣ ва соҳибихтиёр гардидем. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ мо соҳиби Конститутсия дар асоси он соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишону Суруди миллӣ гардидем. Асъори миллӣ- сомонӣ низ яке аз нишонаҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад.Гарчанде 31 сол дар таърих давраи начандон зиёд аст, аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири рушд қадамҳои бузургу устувор гузошта, имрӯз ба яке аз кишварҳои пешрафта ва ободу осоишта табдил ёфта истодааст.
Ба муомилот ворид шудани пули миллӣ на фақат падидаи муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, балки оғози болоравии иқтисодиёт ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш ба муносибати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гуфта буд: «Сарҷамъии миллат ва рушди устувору муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлолият ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошад».Аз файзи Истиқлол имрӯзҳо дар кишварамон садҳо корхонаҳои хурду бузург фаъолият мекунанд, ки мамлакатамонро ба сӯи комёбиҳои бузурги саноатӣ ҳидоят менамояд.Ба умеди таҳкими якпорчагии кишвар ва Истиқлолияти Тоҷикистон аз забони шоир мегӯем:Эй Худо, пайванд кун бишкастаро,
Ҷамъ кун ҷамъи парешонрафтаро.
Ҷамъи хурди Тоҷикистони маро,
Аз парешонӣ нигаҳ дор, эй Худо.
Добавить комментарий
Ахбор
5151 ВА МАЙНАИ ДОНО 12:12ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 18:07ХУРОСОН. БУНЁДИ ПАНҶ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАСИСАИ ТАЪЛИМӢ 14:04ФУРӮҒИ ДОНИШ ДАР ҚАЛБИ КӮҲИСТОН 12:11Н.ХУСРАВ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:23ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ 12:19ҚУБОДИЁН. СОҲИБКОРОН 68 КИЛОМЕТР РОҲРО МУМФАРШ КАРДААНД 10:16ПАНҶ. 189 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 17:12
Серхонандаҳо
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025
Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад


