Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Иҷлосияи сарнавиштсоз
Доир ба сабақҳои таърихӣ ва аҳамияти бузурги он дар таҳкими давлату давлатдорӣ ва ташаккули истиқлолияти миллии мо суҳбате оростем бо яке аз иштирокдорони фаъоли он, рӯзноманигори варзида ва собиқадори хизмати давлатӣ Шералӣ Яҳеёв, ки муҳтавои онро пешкаши шумо, хонандагони маҷалла менамоем.-Шумо дар ин иҷлосияи воқеан ҳам таърихию тақдирсоз ҳамчун роҳбари Маркази матбуот ва ёрдамчии раиси кумитаи иҷроияи собиқ вилояти Кӯлоб иштирок доштед.
То баргузории иҷлосия шумо кадом
корҳоро ба сомон расонидед? Яъне, дар назди шумо кадом вазифањо меистод?
Ман чун иштирокчии ин иҷлосияи таърихӣ,
шоҳиди ҳқиқати ҳол ва талошу ҷонбозиҳои
бисёре аз вакилони халқ барои баргузории
ин иҷлосия будам. Он рӯзҳо кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд аз техникаҳои ҳарбии қувваҳои сулњдӯст пур буд. Ман дар ҳамкорӣ бо кормандони телевизиони Кӯлоб 18 фита барои сабт ҳамроҳи худ доштам. Дар фитаҳо наворҳо оид ба кумак ба гурезаҳое, ки аз водии Вахш ба Кӯлоб омада буданд, дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштани собиқ
вилояти Кӯлоб, даҳшатҳои муноқишаҳои
шаҳрвандӣ ва талошҳои ашхоси гурӯҳҳои хирадманд ва зиёиёни минтақаи ӯўлоб барои ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии
кишвар гирд оварда шуда буд. Наворҳоро бо кумаки раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Ленинобод (њозира Суғд) Муҳаббат
Умаров ба воситаи телевизиони вилоят ба намоиш гузоштем.Таассуроти шумо аз рӯзи интихоби Раиси
нави Шурои Олӣ ва суханронии таърихсози роҳбари ояндаи Тоҷикистон?
-Яке аз дастовардҳои мушими Иҷлосияи
XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон интихоби
роҳбарияти нави сиёсии кишвар буд. Фаъолияти хирадмандонаи вакилони халқ дар
иҷлосия асосан, рӯзи 19 ноябр ба вуқӯъ пайваст.Барои интихоб шудан ба ин вазифаи олӣ ва пурмасъул номзадии якчанд нафар пешбарӣ
гардид. Вале ягон нафари онҳо ин мансабро ба зимма гирифтан нахостанд. Баҳсу мунозираҳо тӯлонӣ идома ёфт. Ниҳоят номзади
раиси Комиљроияи вилояти Кӯлоб, вакили
мардумӣ дар Шурои Олии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон (Э. Ш. Раҳмонов) пешниҳод
карда шуд. Соҳиб шудани овозҳо ба мансаби Раиси
Шурои Олии кишвар интихоб гардидани
Эмомалӣ Раҳмонов вакилон ҳама аз ҷой хеста, зери чапакзании пурмавҷу бардавом ӯро табрикнамуданд.Тавре ки шаёт собит намуд, онҳо дар интихоби роҳбари давлат хато накарданд.
Сарвари тозаинтихоби давлат бо ҷасорат
ба минбар баромада, нутқи оташину
пурмуҳтаво намуд. Аз ҳайати нави интихобшудаи
Ҳукумати кишвар қотеона талаб намуд,
ки ҳамроҳаш ба шаҳри Душанбе рафта корро
оғоз намоянд. Ҳол он, ки дар ҳамон рӯз
дар Душанбе вазъият ниҳоят муташанниҷ
буду зери назорати гурӯҳҳои силоҳбадасти
ғайриқонунии мухолифин ќэқарор дошт.
Ҳатто пешниҳоду таклифҳое низ буданд, ки ҳайати тозаинтихоби ҳукумат мувафаққатан то ба
эътидол омадани вазъият дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намоянд.
-Мегуфтед, ки дар он рўзҳои хеле душвор ва сангин чӣ тавр воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ҷараёни кори Иҷлосияро барои мардум намоиш медоданд?
-Ман бо супориши муовини раиси
Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Қиммат Рустамова ҳар рӯз аз ҷараёни кори иљлосия тариқи телефонӣ гузориш медодам ва гузоришҳо ба воситаи телевизиони Кӯлоб ба мардум расонида мешуд. Баъдтар маслиҳат шуд, ки ҷараёни кори иҷлосияро дар ҳар се рӯз аз журналистони телевизиони Ленинобод дар сабти фитавӣ гирифта, ба Кӯлоб бурда, тариқи телевизиони Кўлоб намоиш диҳем. Албатта, ин кори хеле мушкил буд. Хушбахтона, рӯзҳои баъдӣ ба ин мушкилот хотима гузошта шуд. Бо ташаббуси котиби Кумитаи иљроияи вилояти Кӯлоб Айнулло Неъматов ва дастгирии сардори
Раёсати истеҳсолӣ-техникии алоқаи
вилояти Ленинобод Бобоҷонов намоишҳои
телевизионии вилояти Ленинобод ба шабакаи
«ОРТ» –и Русия пайваст карда шуд.
Баъди ин сокинони шањри Душанбе, вилояти
Кўлоб ва дигар манотиқи мамлакат имконият пайдо намуданд, ки аз ҷараёни кори
Иҷлосияи таърихӣ бохабар шаванд.
-Оид ба қабули санадҳои меъёрӣҳуқуќэқӣ,
ки давоми баргузории Иҷлосия
ҷараён гирифт, чӣ гуфта метавонед?
- Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри
соли 1992, 17 рӯз давом карда, дар он 23
масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ, иқтисоди ва
иҷтимоии ҳумҳуриро мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Барои ҳалли маљмуи мушкилоти ҷомеа ва ба хотири пурра ба эътидол овардани вазъият дар кишвар 74 санади њуқуқӣ, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардида буд.
Рӯзи 24 ноябри соли 1992 бошад Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи
Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон» қабул гардид. Атрофи қабули
Парчам ва Нишони давлатӣ миёни вакилони
Иҷлосия баҳсу мунозираҳои доманадор сурат
гирифт. Ман ба бузургӣ, хирадмандӣ, фазилат ва маърифати баланди Сарвари навинтихоби
кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қоил
шудам. Ӯ фикру андешаҳо ва пешниҳодҳои
вакилону дигар иштирокдорони Иҷлосияро
оид ба ин масъала ҷамъбаст намуда, изҳор
намуданд, ки пешниҳодҳои Шоири халқии Тоҷикистон, устод Муъмин Қаноат ва олими барҷаста, устод Муҳаммад Сайфуддинович
Осимӣ ба инобат гирифта шавад. Ҳамин тариқ бо овоздиҳии аксарияти вакилон ин Қонун қабул карда шуд.
- Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ бо
унвонҳои таърихӣ, тақдирсоз сарнавиштсоз,
ваҳдатофар дар таърихи миллатамон
ёдоварӣ мешавад.Воқеан ҳам Иљэҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ барои миллати тоҷик як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи давлату давлатдорӣ ва марҳалаи ибратомӯз барои расидан ба сулҳи комил
ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Иҷлосия дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва хатарзо барои
кишвари мо баргузор гардида бошад,
Ҳам, дар он масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки онҳо барои тақдири ояндаи
халқи тоҷик нақши ҳалкунанда доштанд.
Пеш аз ҳама, хатари азбайнравии якпорчагии
Тоҷикистонро пешгирӣ намуда, ба хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ибтидо гузошт. Аз ин
рӯ, тамоми корҳои бунёдкориву созандагиҳо,
рушди босуботи кишвари азизамон ва барору комёбињои имрўзаи мардум мањз аз Иҷлосияи XVI-ум сарчашма мегиранд.
Устод барои чунин сузбати самимию
пурмуҳтаво ба шумо ташаккур мегӯем.
- Аз шумо ҳам сипосгузорем, ки дар ин санаи муҳими таърихӣ моро ба ёд овардаед.
Мусоҳиб А.БОБОЗОДА,
ш. Душанбе
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ 08:291147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД 14:41
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


