ДУХТАРИ ЗАРГАР

    Ҳусния Шоимова дар хонаводаи ҳунарманди маъруфи шаҳри Кӯлоб Исматуллоҳи заргар ба дунё омадааст. Зодмандонаш бо заҳмати ин пешаи аҷдодӣ, ки аз насл ба насл мерос гирифтаанд, рӯзгори хонаводаро пеш мебурданд. Ҳусния аз хурдсолӣ ба омӯзиши ҳунарҳои гуногуни халқӣ шавқи беандоза пайдо кард. Дар ин ҷода устоду роҳнамои ӯ модараш Майрам-бибӣ буд, ки аз заргарони номдори Кӯлобшаҳри бостонӣ ба ҳисоб мерафт.

- Ба хонаи мо, ки коргоҳи заргариро мемонд, рафту омади ҳунаромӯзону савдогарони ҷавоҳироти заргарӣ аз субҳи содиқ то вақти шом идома меёфт. Олами хаёлҳои даврони кӯдакии маро дукону асбобу анҷоми заргарӣ, сангҳои рангорангу зару зевари ороишӣ фаро гирифта буд. Садои оҳанкӯбию суфту соиши сангу оинаҳои ороишоти заргарӣ дар зеҳнам ончунон нақш баста буд, ки ҳатто дар вақти дарсхонӣ  дар гӯшу ҳушам овоз медод.

Новобаста ба маҳдудиятсозии даврони шӯравӣ ба кору фаъолияти ҳунармандону коргоҳҳои наздихонагӣ зодмандони Ҳусния ҳунари аҷдодиро ҳифз намуда, ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштанд. Рӯзҳое буд, ки сарвари хонадон дар мавсими серкорӣ шабона оҳан мекуфту бо дамидани субҳ асбобҳои заргариашро даруни дарахти куҳансоле пинҳон мекард, то нозирони вақт далели кору пайкори авлодиро аз хонаи мо наёбанд. Зеро, овози баланди сангдони коргоҳи усто Исматро далел пеш оварда, баъзе ашхоси нотавонбин  ҳар замон нисбати ӯ ба мақомот шикоят мебурданд.

- Он солҳо заргарӣ аз пешаҳои  сангину заҳматталаб маҳсуб меёфт, - дар идомаи суҳбат иброз дошт Ҳусния Шоимова. -Зеро бо асбобҳои қадимии заргарӣ омода намудани як гӯшвора ё дастпона вақту кори зиёдро талаб мекард. Ҳангоми дар синфи шашум таҳсил доштанам нозукиҳои ҳунарро аз бар намуда, дастёри падару модар будам. Мо аввал шакли гӯшвораву дастпона ва ангуштариро тайёр намуда, ба онҳо муҳраву дигар ороишотро мегузаронидем. Аз субҳи барвақт гирди суфра нишаста, ба кор шурӯъ мекардем, то талаботи муштариёнамонро, ки рӯз то бегоҳ дар ҳавлии мо навбат мепоистанд, таъмин намоем.

«Одати мо чунин буд, ки ҳангоми кор дар гирди суфра музди корамонро зери курпача мегузоштем. Дар мавриди он, ки кадоми мо чанд маблағ кор кардаем, чизе намедонистем, зеро даромади зери курпачаро баъди анҷоми кор танҳо модарам ҷамъ карда мегирифту онро дар алоҳидагӣ бо падарам ҳисобу китоб мекарданд.

Бо гузашти солҳо фарзандони ин хонадон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, имрӯз дар шаҳру минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ ихтиёр карданд. Аз 12 нафар фарзандони оила 6 тани онҳо духтаранду аз ин 3 хоҳару 3 бародарон касбу пешаи аҷдодиро интихоб намудаанд.

Оминамоҳ духтари бузурги хонавода имрӯз аз ҳунармандони номдори шаҳри Кӯлоб маҳсуб ёфта, Ҳусния ба хотири пеш бурдани касабаи аҷдодӣ таҳсилро дар муассисаи олӣ идома дода натавонист. 

- Падарам бо мақсади заргари касбӣ шудану пешаи аҷдодиро, аз худ намуданам, маро пурра ба ин кор банд намуд, - ба ёд меорад он рӯзҳоро Ҳусния. - Корро дар дукони ҳунармандии бародари шодравонам усто Ҳусайн идома додам. Бо шарофати бародари кордонам дастранҷи ҳунармандиҳои мо дар тамоми гӯшаҳои кишвар муаррифӣ мешуд. Вақте моро ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба кишвари Африқо даъват намуданд, шодию хурсандиам ҳадду канор надошт. Дар тараддуди омодагӣ ба ин сафар будем, ки барои ман хостгор омад.

Дар ин асно падари Ҳусния назди хостгорҳо шарт мегузорад, ки духтараш бояд касабаи аҷдодиро идома диҳад. Ҳамин тавр, баъди ҷашни арӯсӣ рӯзе ба хонаи зодмандонаш рафта, сандуқи пур аз асбобу анҷоми ҳунармандиашро ба хонаи шавҳар овард. Бо гузашти айём собит гардид, ки шарти ба хостгорҳо гузоштаи усто Исмат ҳикмати дигар доштааст. Чун дар ҳаёти оилаи ҷавон рӯзҳое пеш омад, ки рӯзгори хонаводаи онҳо аз ҳисоби даромад аз ҳунари заргарӣ пеш мерафт. 

- Бо гузашти айём ҳамсарам низ ба ин ҳунари заргарӣ мароқ зоҳир намуда, минбаъд шарику дастёри боэътимодам гардид. "Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро", имрӯз ӯ бо кору малакаи ҳунармандӣ ҳатто аз ман чанд қадам пеш рафтааст,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

- Соли 1997 мо барои такмили маҳорати касбӣ ва омӯзиши сифатнокии маҳсулоти заргарӣ ба пойтахт кӯчида, ба «Корхонаи заргарии Душанбе» ба кор даромадам. То соли 2012 дар ин коргоҳ фаъолият намуда, назди заргарони машҳури кишвар ҳунари хешро сайкал додам,- идома медиҳад бонуи ҳунарманд.

Баъдан, Ҳусния бо аҳли оилааш ба шаҳри имрӯза Бохтар кӯчид. Дар ин ҷо нахуст дукони хурдакакеро кушода ба кор шуруъ намуд. Сифати кору хизматрасониҳои онҳо ба мизоҷон хуш омад, ки рӯз ба рӯз сафи харидорону касбомӯзон зиёд мегашт. Билохира орзуҳои ҷавонии ӯ ҷомаи амал пӯшиду дар соли аввали фаъолият корхонаи заргарии "Майрамбибӣ"-таъсис дод.  Вакте аз ин рӯйдод модарашро огоҳ кард, аз он сӯйи телефон овози ларзоне танинандоз шуд; "Духтари ҷасури оча, охиран ба орзуҳои наврасиат расидӣ?!". Ӯ бо изтиробу ҳаяҷони зиёде кору пайкори даврони наврасӣ, гирди суфраи хони зодмандон ба хотир меовард, ки баъзан аз шӯру шавқу ҷавонӣ таъкид мекард: "Рӯзе мешавад, ки соҳиби дукону ширкати шахсӣ мешавам".

- Имрӯз соҳиби ҳама дастгоҳу корхонаи хусусиам, вале он рӯзҳои гузаштаву азизони аз даст додаамро баргардонида наметавонам, - оҳи бадарде кашида мегӯяд  Ҳусния Шоимова. - Новобаста ба шебу фарози рӯзгор саъю талош дорам то сатҳу сифати маҳсулоти заргариро ба авҷи аъло расонам. Барои расидан ба ҳадафҳои пешгузошта шогирдони зиёду тарбия намуда, баҳри рушду ривоҷи ҳунари заргарӣ лоиҳаҳои гуногунро тарҳрезӣ намуда истодаам. Рисолати мо ҳунармандон эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ба наслҳои минбаъда боқи гузоштани он мебошад, - мегӯяд Ҳусния Шоимова.


«Сафо»
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019