Саҳмгузорӣ дар ободонӣ садақаи ҷория аст

Садақаи ҷория дар дини мубини ислом амале дониста мешавад, ки нафъаш ба мардум расида, подоши ниҳоят бузург дорад. Доир ба фазилати он Пайғамбар (с) фармудаанд: «Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ гардида, номаи аъмолаш пӯшида мешавад, магар аз се чиз: садақаи ҷория, илме ки аз он истифода шавад ё фарзанди солеҳе, ки барои падару модараш дуо кунад» (Ҳадиси саҳеҳ, м.1631).
Дар ин бора ходими маҷаллаи “Сафо” бо Усмоналӣ Нурзода, сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар, ҳамзамон муовини раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон суҳбате оростааст, ки фишурдаи онро пешниҳоди шумо-хонандагони азиз мегардонем.
 
Пайғамбар Муҳаммад (с) фармудаанд: “Беҳтарин инсон ҳамонест, ки манфиаташ ба дигарон мерасад”. Яъне, ин маънои онро дорад, ки бояд мо дар баробари худ ҳамчунин ба ятимону барҷомондагон, беморону ниёзмандон дасти кумак дароз намуда, ғамхорӣ ҳамдигар бошем, - мегӯяд сархатиби масҷиди марказии шаҳри Бохтар Усмоналӣ Нурзода. – Бузургону дину мазҳаб низ анҷоми амалҳои хайрро ҳамеша талқин намуда, дар мавриди садақаи ҷория махсус таъкид намудаанд. Зеро он аз ҷумлаи беҳтарин хайрот аст, ки аҷри ниҳоят калон дорад, - идома дод сархатиб.
 
Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус сокинони хайрхоҳу ҳимматбаланди вилоятамон дар ободонии як гӯшаи диёр пайваста талош намуда, бо ташаббусҳои неки худ дар ҳалли ин ё он мушкилоти ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд, ки ҳамаи он дар дини поку раиятпарвари мо садақаи ҷория номбурда мешавад.
 
Домулло Усмоналӣ Нурзода иброз менамояд, ки ҳар нафаре қудрату тавоноӣ дорад агар роҳу пулеро азнавсозӣ кунад, ба деҳаи худ хати оби ошомиданӣ орад, муассисаи таълимӣ бунёд намояд ва ё ба амсоли ин амалҳоеро барои ободонии маҳали зисти худ анҷом диҳад, дар дунёву охират аз подоши ҳамешагии садақаи ҷория баҳравар мегардад. Зеро рисолати садақаи ҷория ҳам дар асл ҳамин аст. Он метавонад бисёре аз мушкилоти ҷомеаро бартараф намуда, шароити хубу созгореро барои ниёзмандон фароҳам орад.
 
Садақаи ҷория корест, ки барои осоиши мардум ва ободии ҷомеа равона гардидааст. Аммо агар ба тафсироти он дуруст нигарем савобу самарааш ба ҳадде аст, ки метавонад чеҳраи инсонро ҳам дар назди Худованд ва ҳам аҳли ҷомеа равшан гардонад. Зеро ниёзу камбудиҳои дар рӯзгори  мардум мавҷудбударо шахсони саховатманд бо ҳиссае аз моли худ бартараф карда, онњоро шод мегардонанд.
 
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвари азизамон ва эълони солҳои рушди деҳот соҳибкорони ватандӯсту саховатманд ва шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд ташаббусҳои бунёдкоронаи давлату ҳукуматро якдилона дастгирӣ намуда, дар раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ фаъолона ширкат варзидаанд. 

Ин навбат низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли Ватан ба мардуми сарбаланду фарзандони бонангу номуси Меҳан муроҷиат карда, ба вусъати корҳои ободонӣ даъват намудаанд.
 
-Барои ҳамин ҳам ҳоло фурсати бисёр ҳам хубест ба мардуми кишвар, бахусус дороёну соҳибкорон, ки дар осон намудани мушкилоти иҷтимоии маҳали зисти сокинон дасти дароз доранд. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки бояд ҳамаи мо ба ҷои тӯйу маъракаҳои пурдабдаба, худнамоиву тақлидкорӣ ва хароҷоти нодаркор ба хайру эҳсонкорӣ даст кушода, сабаби шод намудани қалби ятимону бепарасторон, камбизоатону ниёзмандон гашта, ҳамчунин дар ободтар гаштани гўшаву канори диёр ва њалли мушкилоти мардум сањм бигирем, то ба ин васила ҳам дунё ва ҳам охиратамонро обод  намоем, - таъкид намуд Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Дар Қуръони карим ибораи «боқиёти солиҳот» омадааст ва аз ҷумла ҳар кори хуб ё ёдгори фоидаовареро, ки аз барои Худо бошад ва мондагору абадӣ гардад, боқиёти солиҳот гуфтаанд:
Дар чанд маврид дар ин бора оятҳои қуръонӣ мавҷуд аст. Дар сураи Марям ояти 76 омадааст: «...Некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи подош беҳтар ва дар оқибат некутаранд».
 
Сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар мегӯяд, ки ҳар нафаре ҳамчун ташкилотчӣ, сохтмончӣ, усто ва ё таъмиргар дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ сидқан талош мекунад дар баробари ҳаққи заҳмат савобу самараи зиёдро соҳиб мегардад.    
Паёмбари Худо (с) мефармояд, ки одами далолаткунанда мисли одами амаликунанда аст.
 
- Сангро болои санг гузоштан дар роҳи Ватан садақаи ҷория аст. Ҳар як шахси бедордилу худшиносе, ки дар ин диёри зебо зиндагии тинҷу осуда дорад, бояд нисбат ба ояндаи дурахшони мамлакати азизи худ бетараф набошад. Қувват ба тавоноӣ гуфтаанд, ҳадди ақал дар баробари манфиати худ бо шинонидани як ниҳоли дарахти сояафкан ва ё мевадиҳанда дар сарсабзии Меҳан саҳм гузорад. Ин аст, рисолати инсонӣ, мусалмонӣ ва ватандорӣ, - зикр намуд домулло Усмоналӣ Нурзода. - Пайғамбари ислом мефармоянд:

 “Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст”. Вақте ибодат дорему ватандӯст нестем имонамон комил намегардад. Ҳама бурдборӣ аз осоиштагӣ маншаъ мегирад. Боз ҳам Муҳаммад (с) меафзоянд: “Имони инсон дар сурате комил мешавад, ки бо забон гӯяду бо қалбаш тасдиқ намояд”. Ҳар нафаре, ки мегӯяд, ки ман ватанамро дӯст медорам ва ба хизматаш омодаам бояд дар амал нишон диҳад, - илова намуд ҳамсуҳбатамон.

Усмоналӣ Нурзода ҳамчунин зимни суҳбат баён дошт, ки вақте аз илми як нафар дигарон баҳравар мегарданд, яъне дониш меомӯзанд ва касбу ҳунар аз худ мекунанд ӯ низ дар роҳи Худо садақаи ҷория кардааст. Зеро вақте муаллим фарзандони халқро таълиму тарбия медиҳад ва шогирдонаш ба воя расида, инсони нек мегарданд подоши ҳар амали онҳо ба устодаш ҳам мерасад. Муҳаммад (с) гуфтаанд: “Илм иззат дорад дар дунё ва шафоат дорад дар охират”.
 
Таълиму тарбияи дурусти фарзандро , ки пеш аз ҳама вазифаи ниҳоят муҳими волидайн аст Расули Худо (с) баробар бо садақаи ҷория донистаанд. Зеро танҳо фарзанди солимақлу заковат ва донишманду муаддаб, ки меваи пурбори умри одамӣ аст, метавонад бо фазлу карамаш дар ғановати маънавии дигарон, анҷом додани амалҳои хайру савоб ва обод кардани вайронае камари ҳиммат бандад.  

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки хизмат дар роҳи ободии Ватан, њалли мушкилоти мардум, аз илми худ баҳравар намудани дигарон ва таълиму тарбияи фарзандони солим садақаи ҷория буда, савобу самарааш бешумор аст.
 
Амонҷон Маҳкамов  

Добавить комментарий