Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
03 май 09:31Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Аксҳои гӯё
ҲАВЗЕ ЛАБРЕЗИ НИЛУФАР
Ба нақли калонсолҳои деҳаи “Телман”-и Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Ҷайҳун дидани манзарае ба ин зебоӣ замоне эҳсос мегардад, ки ба маҳали зисти онҳо меҳмон меояд.
Сокинони деҳаи мо ба дидани манзараи пур аз гули ин ҳавзҳо кайњо одат кардаанд,-мегӯяд Ислом Нодирзода, сокини 61 солаи Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”. - Барои истиқоматкунандагони ин маҳал гулҳавзи деҳа, кӯлҳои маъмулӣ бо гулҳои ҳамешагиеро мемонад. Савсанҳои обӣ ҳам мисли гулҳои худрӯ дар ин ҳавзҳо паҳн гаштаанд ва касе онҳоро нигоҳубин ва парвариш наменамояд.
- Соли 2008 як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ дар доираи як барнома ба деҳаи мо омада буданд ва ҳавзҳои пургули нилуфарро дида, дар шигифт монданд,- мегӯяд Ислом Нодирзода. - Оид ба ин ҳавзу гулҳо бисёр кунҷковона пурсуҷӯ карда, атрофи ҳавзи пургул аксҳои хотиравӣ мегирифтанд. Ҳамон замон фаҳмидем, ки гули нилуфар, бисёр машҳуру нодир аст. Чун ҳама бо шавқи зиёд аз гулҳо мепурсиданду гул мечинанд.
Бояд гуфт, ки гули нилуфарро ҳанӯз 46 сол қабл Солеҳҷон Олимов, сардухтури беморхонаи минтақавии №1-и Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо хоҷагидори беморхона Владимир Гайдаржи аз боғи ботаникии Душанбе оварда буд. Қаблан ин гулро дар шаршараи назди беморхона сабзонда, баъдан ба ҳавзҳои бекорхобидаи шафати дармонгоҳи худ низ паҳн мекунанд.
Аниқтараш солҳои 1984- 85 вақте, ки ҳавзҳои канори беморхона, ки то он солҳо ҳамчун каналҳои обтозакунӣ истифода мешуд, ин гулҳо партофта мешавад. Ҳамин тариқ, муҳити ҳавзҳои деҳаи “Телман”-и ноҳияи Ҷайҳун барои ин растании бисёрсолаи обӣ созгор омад, ки имрӯз накҳату тароватӣ тозаи онҳо атрофро фаро гирифтааст. То ҳол, сокинон аз буйи муаттари он баҳравар мегарданд.
Нилуфар гулест, ки дар кӯлу ҳавзҳо месабзад. Ин растании бисёрсола аз оилаи савсанҳои обӣ буда, беш аз 100 навъ дорад. Ҳама навъи он миёни мардум бисёр машҳур аст. Ҳатто дар аксар аз кишварҳои мутараққӣ, навҳои гули нилуфар дар Китоби Сурх ҷой дода шудааст.
Муҳити табиии ин гул обанборҳои оби ҷараёнаш суст, ботлоқу ҳавзҳо буда, решааш қависту наздик ба 1 метр мерасад. Ба дарозо қад кашидани решаи гули нилуфар ба он имкон медиҳад, ки ба осонӣ зери кӯлу ҳавзҳо танреша давонад. Барги гули нилуфар шакли нимдоира дошта, ранги сабзи торикро дорост. Ҳаҷми баргҳои он 20-30 сантиметро ташкил медиҳад.
Н. Шамсуддин
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД





