Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қолинҳои Баҳор

Рӯзгори пурпечутоби Баҳор Атаеваи туркментабор дар ноҳияи Дӯстӣ маҳз ҳамин саҳнаро мемонад. Ӯ 26 сол қабл ба Тоҷикистони дар вартаи нооромӣ арӯс шуда омад. Падар ва модар ҳам ба ӯ ягона дороии худ, яъне ҳунарро мерос гузоштанд.
-Ман замоне, келин шуда дур аз меҳан омадам, ки мардуми тоҷик аз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ҳоло ҳам азият мекашиданд, - ба ёд меорад Баҳори қолинбоф. -Пайдо кардани ризқу рӯзӣ, кашидани бори рӯзгор дар он замон кори душвор буд. Рӯз то шом дар саҳро кор кардан зарур меомад, то шикаматро сер кунӣ.
Мушкилии рӯзгорро дида, ӯ бо ҳунари қолинбофияш ба хонаводаи шавҳараш кумакрасон гардид. Дар аввал қолинҳои хурди туркманӣ бофта, ба фурӯш мегузорад. Ҳарчанд харидори маҳсули дасти ӯ хело кам буд, аммо талош мекард, ки дастёри шавҳари худ бошад.
-Худоро шукр мекунам, ки он рӯзҳои душвор паси сар шуда, Тоҷикистон ободу зебо ва сулҳи тоҷикон пойдор гашт, -мегӯяд Баҳор Атаева. – Мурури замон сатҳи зиндагии мо низ хубу шароити зистамон беҳтар шуд.
Баҳор Атаева, сокини Ҷамоати деҳоти “Ҷиликул” -и ноҳияи Дӯстиро дар маҳали зист хурду бузург ҳамчун бонуи қолинбоф мешиносанду эҳтиром мекунанд. 26 сол боз дар ин диёр ба бофтани қолин сару кор дошта, ҳунари аҷдодии худро рушду ривоҷ медиҳад. Аз баракати қолинбофӣ рӯзгорашро беҳтар, фарзандонро соҳиби хонаву амволи рӯзгор кард.
Чун соҳибҳунар буд, пас аз фавти шавҳар ҳам дар таъмини рӯзгор, хонондани фарзандон, оиладор кардану ба ҳаёти мустақил гусел намудани онҳо душворӣ накашид. Ба гуфтаи Баҳор қолинбофӣ на танҳо ба ӯ, балки ба хонаводааш ному нонро таъмин кард. Бо шарофати пешбурди ин ҳунари аҷдодӣ ҳама эҳтироми эшонро ба ҷо меоранду аҳли оила бидуни мушкил қолинҳои бофтаи худро ба фурӯш мегузоранд.
Барои бофтани як қолини паҳноияш 2 ба 3 метра, 4 моҳ вақт лозим меояд. Давоми ин муддат бо сабру таҳаммул ва истифода аз ҳунару малака моро зарур аст, ки аз ришта қолин бибофем,- иброз медорад Баҳор Атаева.
- Фарқи маҳсули дасти мо, аз дигар қолинҳое, ки дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта шудааст, хеле калон аст. Чун мо ҳар як риштаро болои ҳам гузошта, тавассути кордҳои махсус фишор медиҳем. Бо сӯзан масофаи байни торҳои қолинро якхела карда, бо шона зичии қолинро танзим намуда, баъдан бо қайчӣ патҳои қолинро ҳамвор мекунем.
Баҳори қолинбоф воқеан устоди ҳунари хеш асту аз ҳама нозукиҳои ҳунари қолинбофӣ баҳравар ва бо шавқи рағбат даст ба кор шуданро омили асосии ноил шудан ба истеҳсоли қолинҳои хушсифат мешуморад. Натиҷаи заҳмати содиқонаву меҳру муҳаббати бепоён ба ҳунари аҷдодӣ аст, ки имрӯз дастранҷҳои омоданамудааш дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, дар хориҷи кишвар ҳам харидорони худро дорад.
Ба андешаи ин бонуи ҳунарманд дар баробари қолинҳои дастбоф, ҳамчунин, сокинони вилояти Хатлон ба дигар намуди маҳсули ҳунарҳои мардуми туркмантабор таваҷҷуҳ доранд. Аз ин рӯ, ӯ гоҳо ба бофтани ҷомаю камзӯлчаҳои занона, сару либоси зимистона, шиму кастюм , дастархонҳои зебои дастдӯз низ машғул буда, дар хонааш гӯшаи намоишии ҳунарҳои дастиашро ташкил кардааст.
Ин зани ҳунарманд шогирдони зиёдеро тарбия бинмудааст, ки дар оянда ҳунарҳои ӯро идома хоҳанд дод. Ӯ ҳунари қолинбофиро аз волидонаш мерос гирифта, ҳамакнун ин пешаи аҷдодиро ба бонуҳои шавқманди маҳалла меомӯзад, то ин ки ҳунари қолинбофӣ миёни мардум рушду ривоҷ ёбад. Бо ин васила Баҳор Атаева ҳунари қолинбофии туркманҳоро миёни мардуми тоҷик ва дигар сокинони гуногунмиллати Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Низоми ИСО, ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ