12 апр 18:03Мақомот

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023

12 апрели соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2023 доир гардид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар додааст. 

Дар маҷлиси ҷамъбасти иштирок доштанд  муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раёсату шуъбаҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, қисматн роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо, сархатибон ва намояндагони васоити ахбори омма.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо идораю ташкилотҳои вилоятию минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои сиёсати хирадмандона ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, равона намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд. Ҳамзамон муовини раиси вилоят зимни баромади хеш қайд карданд, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  101,9  фоиз таъмин ва ба буҷет 542,4 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбати нақша 9,9  миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағи бақияпулиҳои андоз ба 01.04.23  нисбати аввали сол 2,8 миллион сомонӣ кам гардида, 165,4 миллион сомониро ташкил дод.

Дар вилоят шумораи нафақагирон 274,5  ҳазор нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7263 нафар ё 2,7 фоиз зиёд  гардида, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 317,1 сомонӣ баробар  буда, дар ин давра барои пардохти маблағи нафақа аз ҳисоби воридоти маблағҳои худи ва маблағҳои кӯмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 270,3 млн сомонӣ равона гардидааст, ки 100  фоизи талаботро ташкил медиҳад.

Иҷрои дурнамои солонаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ 5,2 фоиз таъмин гардида, 3225  ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд.
Инчунин, дар ин давра 118 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холи гузаронида шуда, 1486 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар маҷмуъ 1836 нафар ба шуғл фаро гирифта шуданд.

Дар давоми семоҳаи якуми соли 2023 барои ҷалби сармояи хориҷи тадбирҳо андешида, ба вилоят  71,0 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 60,8  млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил дода, ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба соли 2021-ум 2,4 баробар ё ин, ки  43,2  млн. доллар зиёд мебошад. Ба вилоят аз 29 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия 41,7 %, Чин 33,1 % ва Эрон 19,1 % рост меояд.
Дар вилояти Хатлон  43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 863,0 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Бонкҳои вилоят 965,7 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо намуданд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 248,2 млн сомонӣ зиёд аст.
Гардиши савдои чакана 3,2 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бо нархҳои ҳақиқӣ ба 602,1 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 15,3 ва 3,3 фоизиро ташкил медиҳад.

Гардиши савдои хориҷӣ ба 96,5 миллион доллари америкоӣ расида 36,2  миллион доллар содирот ва 60,2 миллион доллар воридоти молу маҳсулотҳо мебошад.
Чун солҳои гузашта, аз вилоят бештар калобаи ресандагӣ, нерӯи барқ, нахи пахта, шираи камол ва семент содирот гардида, ба вилоят асосан нуриҳои минералӣ, сузишворӣ ва шакар ворид шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва самаранок истифода бурдани замин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 1 млрд 140 млн 305,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 62 млн 891 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 5,8 фоизро ташкил менамояд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулотҳои кишоварзӣ ба соҳаи растанипарварӣ 44 млн 58,9 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи чорводорӣ 1 млрд 96 млн 247,0 ҳазор сомонӣ рост омада, дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 229 млн 177 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо мақсади саривақт гузаронидани кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар ин давра ҷиҳати дар оянда бо натиҷаҳои назарраси истеҳсоли ноил гардидан, кишоварзони вилоят дар майдони 237,9 ҳазор гектар, аз ҷумла 123,1 ҳазор гектар ғалладона, 76060 гектар зироатҳои техникӣ, 16667 гектар сабзавот, 6840 гектар полезӣ, 5854 гектар картошка ва 6943 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуд.

Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 68846 гектар кишти пахта гузаронида 55,9 фоизи дурнаморо ташкил намуда, аз майдони киштгардида 6940 гектари онро кишти зери плёнка ташкил намуда, айни ҳол ҳамарӯза ба ин маърака зиёда аз 700 адад тухмипошакҳо сафарбар шуда истодаанд.

Ба ҳолати 1 апрели соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидориии вилоят дар майдони 37,5 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 493 тонна, аз ҷумла 139,5 тонна помидор, 73,6 тонна бодиринг, 280,3 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол карда шуд.
Кишоварзони вилоят ба рушди соҳаи  боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар ин давра  дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 177,4 гектар, аз он 166,6 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 161 гектар бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 6,5 баробар таъмин гардид. Ҳамзамон дар ин давра 255,7 гектар боғҳо ва 112,5 гектар токзорҳо барқарор карда шуд.

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ба 19850 тонна, шир 77337 тонна, тухм 32581,3 ҳазор дона, пашм 97 тонна ва моҳӣ 726 тонна баробар гашта, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз  101 то 153,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 726,0 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида афзоиши истеҳсоли моҳӣ 252,9 тоннаро ташкил медиҳад. Дар хоҷагиҳои моҳипарвар зиёда аз 1660,7 ҳазор дона моҳӣ парвариш ёфта истодааст, ки нисбати соли гузашта 363,3 ҳазор дона зиёд буда, ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли моҳӣ мусоидат менамояд.
Дар соҳаи кирмакпарварӣ айни ҳол аз 8404 қуттии ба нақшагирифташуда 8244 қуттии он тақсимот карда шуда, зери назорати мутахассисон қарор дорад.
Саноатчиёни вилоят, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар се моҳи соли равон ба маблағи 2,4 милиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда,  дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми истеҳсолро ба маблағи 231,7 млн. сомонӣ зиёд намуданд.

Дар давоми се моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ ба 7 миллиону 417 ҳазор тонна (суръати афзоиш 109,8%)  ва ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 29 миллиону 808 ҳазор нафар  (108,9 %) баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 659 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ бошад 2432 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Инчунин муовини раиси вилоят дар баромади хеш оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии  соҳаҳои сохтмон, маориф, тандурусӣ, фарҳанг, дин ва танзим, ҷавонон, сайёҳӣ ва ҳуқуқ дар назди иштирокдорони ҷаласа ҳисобот дод.

Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид баъд аз баромади Сулаймонзода Акрам оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти иҷрои саривақтии андоз, фаъолияти дурусти минтақаҳои озод, иҷрои саривақтии кишти пахта, картошка ва дигар зироатҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар шоҳроҳо, фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои саноати ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ, беҳтар намудани шароити  омӯзгорон, ҷалби бештари сайёҳон ба вилоят, пешгирии зиёдшавии ҳар гуна бемориҳо, пешгирии ғайриқонунии тақсимоти замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар аёми иду маросимҳо ва инчунин оид ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрҳои вилоят, фаъолона иштирок намудани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва оиди дигар камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои қатъи доданд.
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий