Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Сафобахши дилу дидаҳо
«Маориф ва омӯзиши илму фан дар масири таърих ҳамчун чароғи ақлу хирад боиси равшанӣ ва рушди ҳаёти инсоният гардидааст», - пайваста таъкид менамояд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Меҳвари калидии рушди соҳаи маориф омӯзгор буда, роҳнамои насли ояндасози миллат ба сӯи фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Муаллими асил, сокини Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш Маҳмадшо Шарифов аз зумраи омӯзгорони фидоие ба ҳисоб меравад, ки 46 соли умри бобаракаташро ба таълиму тарбияи фарзандони халқ бахшида, то имрӯз ба сифати муаллими фанни физика дар МТМУ № 17–и ноҳияи Вахш содиқона ифои вазифа дорад. Зиндагиномаи ин марди хирад, инсони хоксору ботамкин, фидоии маориф сабақи ибратомӯзест барои наслҳои имрӯзу фардо. Ӯ дар оилаи муаллим, иштирокчии Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ Шариф Каримов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Модари зиндаёдаш Ҳарамгул Саидова зани солеҳаю покдоман, кадбоную ҳунарманд буда, миёни занони деҳа обрӯю мақоми хоса доштанд. - Устоди нахустинам дар дабистони № 8 - и деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ падари бузургворам шодравон Шариф Каримов буданд. Ӯ то синфи чорум дар ин баргоҳи маърифат ба мо сабақ дода, соҳиби хату савод гардонд. Заҳмати устодони зиндаёдам Обидинов, Бобохонов,Тураев ва Бобоевро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. Имрӯз ҳам ба шогирдонам сабақ медиҳам, ки ба қадри падару модар, калонсолон, хоса муаллимон бирасанду ба заҳмату шабзиндадориҳои ин инсонҳои шариф арҷ гузоранд, ёде аз падар ва устодони хеш намуд Маҳмадшо Шарифов.
Солҳои 1971 - 1976 дар факултаи физика – математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳои Рӯдакӣ таҳсил кард. Аз профессорону донишмандон сабақ гирифта, меҳру муҳаббаташ ба фанни физика зиёд шуд. Баъди хатми донишгоҳи зикргардида ҳаёташро ба таълиму тарбияи наслҳои ояндасози миллат бахшида, дар дабистонҳои гуногуни ноҳияҳои Восеъ, Вахш, имрӯза Ҷайҳун ба сифати омӯзгори фанни физика фаъолият бинмудааст. Барои хизматҳои шоёнаш бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ноҳиявию вилоятӣ қадр гардид. Заҳмати сангини чунин омӯзгорони асил, нурбахшони роҳи фардои ватандорӣ ба ҳама гуна қадршиносиҳо арзанда мебошад. – Чаро маҳз касби муаллими фани физикаро интихоб намудед? – суол додем ба устод. - Аввалан, омӯзгориро бароям шараф медонам. Дуюм муаллим сафобахши дилу дидаҳост, шогирдонеро бояд ба камол расонад, ки фардо давлату миллати худро дар ҷаҳон муаррифӣ карда тавонанд. Сониян, физика шоҳи фанҳо буда, инсонро ташаккул медиҳад, ба обу энергия, гармию рушноӣ зич марбут мебошад.Таъкиди Пешвои муаззами миллат, «Устувории пояи ҳар як миллат аз насли наврасаш вобаста аст». Дар ин ҷода фанни физика,дар қатори дигар илмҳо нақши муассир дорад,- афзуд устод Маҳмадшо Шарифов. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми муаллимро дар ҷомеа пайваста баланд мебардорад, зеро «Яке аз самтҳои асосии пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар симо ва меҳнати самараноки муаллим мебинам». Ин баҳои воқеии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф такони ҷиддӣ ва ба омӯзгорон дилгармии хоса бахшид. Дар ин раванд, воқеан, фанни физика мавқеи хоса дошта, устод бештар тавассути гузаронидани таҷрибаҳои физикӣ ин ё он мавзӯъро мушаххасан ба шогирдон меомӯзонад. Натиҷаи заҳмату шабзиндадориҳои муаллим мебошад, ки толибилмон аз фани физика дониши мукаммал дошта, омӯзгорро эҳтиром мекунанд. Дабистони № 17 – и ноҳияи Вахш аз калонтарин муассисаҳои таълимии ноҳия маҳсуб ёфта, шогирдонаш тавассути роҳбарии дурусту оқилона ва заҳмати чунин устодон дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мақом доранд. - Солҳои зиёдест, ки бо устод Маҳмадшо Шарифов дар ин дабистон кор мекунем. Ӯ инсони шарифу покниҳод, муаллими навҷӯю ихтирокор ва дорои беҳтарин фазилатҳои нек мебошад. Ифтихори мактабу маорифи ноҳияи Вахш мебошанд, - мегӯяд омӯзгори ин муассисаи таълимӣ Салима Сафарова. Устод Маҳмадшо Шарифов рисолати муаллимро дар тарбияи наслҳои сазовору арзанда, номбардорони миллати хеш арзёбӣ медорад. Аз нигоҳи муаллим ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки шогирдони худро дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба давлату миллат ва муқаддасоти миллӣ ба камол расонад. Муаллим худро дар ҳалқаи аҳли оила, фарзандону наберагон инсони хушбахт медонад. Пойдории оиларо бештар ба тифоқ зиндагонӣ кардан ва эҳтироми ҳамдигарро донистан арзёбӣ медорад.
Устод аз зиндагии якҷоя тӯли 40 соли умр бо зани оқилу дурандеш, кадбонуи хонадон, модари мушфиқу меҳрубон Мушкинисо Шарифова соҳиби 7 – нафар фарзанд - шаш писару як духтар гардиданд.
Фарзандони хонадон Хушвахт, Дилшод, Насимҷон, Далер, Амирҷон, Аъзамҷон ва Ҳусноро бо падару модари хеш ифтихор доранд. Амирҷон роҳи падар пеш гирифту имрӯз дар дабистони рақами 17 – и ноҳияи Вахш ба сифати муаллими забону адабиёти рус кор карда истодааст. Фарзанди ин хонадон Далер Шарифов журналист асту дар расонаҳои гуногун фаъолияти густурда ва миёни дигар журналистон мавқеи хоса дорад.Банда худро хушбахттарин инсони рӯи олам медонам, ки дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, ба камол расидаам. Бобоям ҳам омӯзгор буданду ҳам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Қиблагоҳам роҳи падар пеш гирифтанду 46 сол боз ба фарзандони халқ сабақ медиҳанд. Мо аҳли оила аз сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон, сиёсати созандаву бунёдкор, сиёсати худшиносии миллӣ ҷонибдории комил намуда, пайваста дар талоши онем, ки баҳри пешрафту шукуфоии ватани маҳбуб қувваю донишамонро дареғ надорем. Дар ин роҳ падари бузургворамон роҳнамои мост,- бо самимияту эҳтиром ба давлату миллат ва Пешвои муаззами миллат таъкид дошт фарзанди устод Далер Шарифов. Мо ба ин оилаи аҳлу тифоқ, тарбиятгарони насли ояндасози миллат, тани сиҳату рӯзгори босаодатро орзу дорем.
Саидзода ШЕРАЛӢ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД


