04 авг 15:25Маориф / Иҷтимоъ

Омӯзгори оқилу фарзона

       Дидаам дилрезаҳое, ки радифи дил нашуд,

      Соҳибунвоне басе дидам, яке фозил нашуд.

      Зиндагӣ ! Гар устоди мо тӯӣ, бепарда гӯй,

   Аз чӣ  шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд?!

    Ин панди устоди зиндаёд Лоиқи Шералӣ  ҳар як фарди бедордилу соҳибватанро ба андешаи ҷиддӣ  водор месозад, зеро ба радифи дил расидану фозилу оқил шудан кори саҳлу осон нест. Аммо Муҳаммадҷ он Шарифов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос  ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон роҳ ба сӯи хонаи дилҳо гирифтаву чун марди оқилу фозил худро дар ҷомеа муаррифӣ  кардааст. Барои расидан ба роҳи ватандорию ватансозӣ  роҳи сангину мушкилро сарбаландона паси сар намуд.

  Дастпарвари МТМУ № 3– и ноҳияи Фархор солҳои 1971 – 1981 Муҳаммадҷон Шарифов аз устоди нахустини худ Ҷаббор Ғаффоров ва муаллимаи фанҳои забону адабиёти рус Ирина Александровна сипосгузор аст, зеро ин устодон ӯро ба роҳи рости зиндагӣ  ҳидоят намуданд. Аз онҳо хондану навиштан, қадршиносии бузургон, ватандориву инсондӯстӣ  ва забономӯзиро сабақ гирифт.

   Дар солҳои 1982 – 1984 дар замони  Иттиҳоди Шӯравӣ  Муҳаммадҷон Шарифов дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар хоки Олмон хизмати Ватан – Модарро содиқона иҷро кард. Қарзи ватандории худро сарбаландона адо намуд. Солҳои 1985 – 1990 дар факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории имрӯза ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе таҳсил кард. Ҳаёти минбаъдаашро ба таълиму тарбияи наслҳои ояндасози ҷомеа, муаллимони ҷавон, шогирдони арзандаи давру замон ба соҳаи маориф бахшид.

- Аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва раванди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли бомаърифату донишманд, кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷ омеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». - Ин суханони Пешворо солҳои соҳибистиқлолӣ  сармашқи кори худ намудам, то дар рушди маорифи кишвар, тарбияи наслҳои ояндасози миллат андаке бошад ҳам ҳиссаи хоксоронаи худро гузорам,- бо нигоҳи ватандорӣ  таъкид дошт Муҳаммадҷ он Шарифов. 

 Ӯ рисолати омӯзгорро дар баланд бардоштани сифати таълим, таъмини иштироки фаъолонаи шогирдон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷ умҳуриявӣ  ва байналмилалӣ , ба камолрасонии шогирдони арзандаи давру замон медонад.

  Устод омӯзгорро чашми давлат номида, қадри ӯро баробари қадри падару модар ва ҳатто аз он ҳам болотар медонад, зеро 

Агар дар дилат меҳри устод нест, 

Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.

    Фаъолияти омӯзгории устод Муҳаммадҷ он Шарифов аз муассисаи таълимии рақами 41 – и ноҳияи Шаҳритус солҳои 1990 – 1993 ба сифати муаллими фанҳои забону адабиёти рус оғоз ёфт. Аз соли 1993 то 2012 ба сифати директори МТМУ №46 – и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, як соли минбаъда мушовири кабинети методии Раёсати маорифи ҳамин ноҳия ва шаш моҳ директори муассисаи таълимии рақами 42 – и ноҳияи Ҷ алолиддини Балхиро ба уҳда дошт. Дар ин боргоҳҳои маърифат аз кору амал, омӯзгорӣ  ва роҳбарии устод ҳарфи дил мегӯянду ӯро муаллими меҳнатқарин ва дӯстдори обу хоки сарзамин арзёбӣ  медоранд.

- Муаллим ҷаззобият, сиёсат дошт. Беҳтарин инсон, поктинат, дорои фазилатҳои нек ва арзандатарини арзандаҳо мебошад. Кору фаъолияти ӯ барои мо шогирдон ва ҳамкорон  сабақи ибратомӯз мебошад, бо арзи эҳтиром андеша баён кард, директори МТМУ № 46 – и ноҳияи Ҷ алолиддини Балхӣ  Таҳмина Солиева. Дигар омӯзгорон низ аз ин марди шариф ба некӣ  ёд карда, ӯро ҳамчун ватандори асил, муаллими ѓамхору мушфиқ, вале сахтгир арзёбӣ  доштанд.

Дар дабистони рақами 46 солҳои роҳбарӣ  устод Муҳаммадҷон Шарифов синфхонаи калони Маркази инкишофи кӯдакро таъсис дода, онро бо таҷ ҳизоту аёният муҷ аҳхаз гардонд. Барои таълиму тарбияи кӯдакон ҳама шароити арзандаро муҳайё кард. Хушбахтона, устодони ин боргоҳи маърифат имрӯз анъанаҳои неки муаллимро идома бахшида, кори Маркази инкишофи кӯдакро боз ҳам ҷ оннок намуданд. Дар дабистони рақами 46 – и ноҳияи Ҷ алолиддини Балхӣ , ки имрӯз ба номи устод Иқбол Қаландаров номгузорӣ  шудааст, устодон дар саъю талошанд, ки шогирдони онҳо фардо машъалафрӯзи илму маърифат гарданд. Зимни боздид аз ин дабистон, суҳбату мулоқот бо шогирдону устодон муаллим Муҳаммадҷон Шарифов аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Муроҷиатномаи Раёсати маорифи вилоят андеша баён карда, таъкид дошт, ки фаъолияти худро тибқи талаботи замон ба роҳ монда, бо тамоми ҳастӣ  наслҳои арзандаро барои фардои дурахшони Тоҷ икистони соҳибистиқлол ба камол расонанд. «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуки хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату чомеа дар дасти ӯст». Ин таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон роҳнамои мост.

   Аз 1 – уми июни соли 2013 то имрӯз Муҳаммадҷон Шарифов ба сифати директори Филиали Донишкадаи   ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон содиқона ифои вазифа дорад. Дар ин боргоҳи маърифат устодони дабистонҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят иқтисоси худро такмил медиҳанд, бо навгониҳои соҳаи маориф аз наздик ошноӣ  пайдо мекунанд.

-Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ  гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем,- мегӯяд М. Шарифов. 

Омӯзгорон, директорони мактабҳо ва дигар кормандони соҳаи маорифе,  ки ба ин боргоҳи маърифат барои такмили ихтисос меоянд, барои муоширату муносибат ва шароити хуби фаъолият фароҳам овардани роҳбарияти Филиали донишкада изҳори сипос менамоянд.

    Бо мақсади ҷалби беҳтарин омӯзгорон, номзадҳои илм, докторону профессорон барои таълим ба устодон бо иқдоми роҳбарият барои фаъолият ба Филиали Донишкадаи ҷ умҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷ алб  гардиданд. Имрӯз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷ умҳурии Тоҷ икистон, ҳидоятҳои Паёми роҳнамо ҳар як муаллимро водор намудааст, ки самти фаъолияти худро ба куллӣ  дигар намуда, савияи дониши устодонро боз ҳам баланд бардоранд, зеро маҳз муаллимон дар мактаб ба шогирдон сару кор доранд.

   Устод Муҳаммадҷон Шарифов муаллими забону адабиёти рус мебошад. Ӯ ба забони русӣ  эътиқод, эътимод ва боварии комил дорад, зеро ин забон дар дунё мавқеи хосаро ишѓол менамояд. -Аммо, мегӯяд устод ҳар як соҳибзабон бояд аввал ба қадру манзалати забони худ бирасад, онро азизу гиромӣ  дорад. 

- Сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои мо аз китоб маншаъ мегирад. Китобро ба мисли забон, ба мисли Ватан, ба мисли Модар самимона бояд дӯст дошт. Китоби «Тоҷ икон» - и аллома Бобоҷон Ғафуров ва нашри он бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мояи ифтихору сарфарозист. Мо бо гузаштаи худ, бо олимону шоирони худ ифтихор мекунем. Имрӯз бояд шахсонеро ба камол расонем, ки фардо бо онҳо ифтихор намоянд,- андеша меронад устод Муҳаммадҷ он Шарифов.

    Омӯзгори оқилу фарзона худ аҳли қалам буда, даҳҳо мақолаҳояш дар маҷ аллаю рӯзномаҳои даврӣ  нашр шудаанд. Ӯ барои хизматҳои арзандааш бо нишонҳои ифтихории Аълочии маорифи ҷ умҳурӣ , Аълочии фарҳанги ҷ умҳурӣ  ва даҳҳо диплому ифтихорномаҳо қадршиносӣ  шудааст.

 Муҳаммадҷон Шарифов хонаву дари обод, фарзандони соҳибкасбу накуном дорад. Аз қитъаи замини наздиҳавлигияшон эҳтиёҷ оти рӯзгорро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ  таъмин менамоянд. Фарзандонашон соҳиби маълумоти  олӣ  буда, дар рушду пешрафти ватан саҳмгузоранд. Манучеҳру Алишер, Ситораву Маъруфҷон, Таҳминаву Рауфҷон аз падари худ, ки дар ҷомеа мақому мартабаи баландро дорост, ифтихор мекунанд.

Ҳамсари устод Ҷумъагул Бобомуродова муаллимаи забону адабиёти рус буда, дар таълиму тарбияи насли наврас, омӯзонидани забони русӣ  саҳми арзанда дорад. Ӯ дар дабистони рақами 47– и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  фаъолияти худро идома бахшида истодааст.

Ба ин марди шариф, инсони ботамкин, дурандеш, дӯстдори миллату давлати тоҷ ик ва аҳли оилаи ӯ тани сиҳату саодати зиндагиро таманно мекунем.

   Саидзода Шералӣ 

н. Ҷ алолиддини Балхӣ 

Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019