Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАҲРАМОНМОДАР
Деҳаи Ҳалқаҷар. Дар ин рустои домони кӯҳу пушта ва мавзеи хушбоду ҳавои ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон қаҳрамони матлаби мо ба воя расидааст. Дар ин деҳаи кӯчаки кӯҳистон, ки он солҳо сокинонаш аз нерӯи барқ ва дигар имкониятҳо маҳрум буданд, қаҳрамони матлаби мо Ҳанифа ба воя расидааст. Волидонаш бо умеди хату саводи кофӣ гирифтан ӯро ба мактаби деҳа равона карданд. Дар деҳаи “Ҳалқаҷар” мактабе буд дар тимсоли мактаби куҳнаи Садриддин Айнӣ. Ба ҷуз чор девору фарши гилину бомпӯши хасӣ тахтаи синфии куҳнаву фарсуда ашёи дигаре надошт. Дар ин дабистон кӯдакони деҳа ҳамагӣ то синфи чор таҳсил мекарданду пасон, ба деҳаи ҳамсоя барои идомаи таҳсил мерафтанд. Он вақт аксарият духтарони худро намегузоштанд, ки таҳсилашонро идома диҳанд.
Ҳарчанд Ҳанифа духтараки хушзеҳн буд, пас аз хатми синфи чорум, волидонаш чун дигар мардуми деҳ иҷоза надоданд, ки ӯ мактабхониашро идома диҳад. Аз ин муносибат ҳарчанд руҳафтода шуд, аммо аз донишандӯзӣ рӯ натофт. Китобҳои бобояшро, ки аз руҳониён ва яке аз адабиётдӯстони деҳа буд, гирифта, мехонду донишашро сайқал медод. Шеъру ғазалиёти Бедилу Ҳофиз, Ҷомиву Навоӣ ва даҳҳои бузургони илму адабро аз худ карда,ба дигарон мехонад. Бо ҳамсоягон байтбарак низ мекард. Ба модараш дар корҳои хона кумак расонида, гулдӯзиву қуроқдӯзӣ ва шероз мебофт. Ба қавли кампирҳои деҳа як духтари улфат буд, панҷ панҷааш ҳунар.
Қисса кӯтоҳ солҳо паиҳам гузашт. Ҳанифа Саидова акнун тифли кӯчак набуд. Ҳусну ҷамолаш аз дигар духтарони деҳа ҳеҷ камие надошт. Аммо иллати лангидани пояш ӯро миёни ҳамсолон ҳиҷил мекард. Ҳарчанд бо ақли расо ва ҳусни зебояш дили даҳҳо ҷавони деҳро тасхир карда буд.
Аз миёни ҷавонони рустоӣ Идибек ном ҷавони бомаърифату тарбиядида ошиқи Ҳанифа шуд. Ҳанифа низ аз муҳаббати Идибек огаҳ буд. Аз шарму ҳаёи зиёд ва тарсу ҳароси атрофиён ба ҳам мулоқот намекарданд, балки муҳаббату самимияташонро бо имову ишора ба якдигар баён медоштанд.
Аммо хонаводаи Идибек лангидани пойи духтарро баҳона карда, ӯро келин накарданд. Идибек ҳам зидди хоҳиши волидон баромада натавонист. Дар деҳа тӯйи калон барпо шуд. Тӯйи домодии Идибек. Хурду бузург хурсандӣ доштанд, вале Ҳанифа кунҷи хона нишаста зонуҳояшро оғуш карда, зор-зор гиря мекард. Ин зарбае ба руҳу равонаш буд, ки то дергоҳ таҳаммулаш кард. Ӯ иродаи қавӣ дошт ва аз зиндагӣ дилсард нашуд, баракс умед ба ояндаи нек мекард.
Бо гузашти фурсате аз деҳаи ҳамсоя ҷавонмарде бо номи Тағоймурод хостагори Ҳанифа шуд. Тағоймурод қаблан издивоҷ кардаву ҳатто ду фарзанд дошт. Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Ҳанифаи бечора ҳатто либоси арӯсиро надид. Як куртаи алвони сурх ва як рӯймоли ғиҷими куҳнаву рангпарида, кафши сиёҳи хоҳарашро пӯшидаву хонаи падариро тарк кард.
Домод, ки дар гузашта тую сур карда зан гирифта буд, ин бор Ҳанифаро ҳамту хоксорона ба хонааш бурд. Ба бахташ Тағоймурод марди ботамкину дидадаро баромад. Нисбаташ муносибати хуб дошту бо лутф сухан мекард. Ҳарчанд зиндагӣ дар хонаи модарандари шавҳар аз нахустин рӯзҳо барояш душвор буд, аммо муҳаббати шавҳараш кифоягӣ кард, ки зиндагиро дӯст дорад. Хушдоманаш бо Ҳанифа муносибати созгор надошт. Ҳар бор мегуфт, ки дар хонадонаш як нонхӯр зиёд шудааст. Таҳаммули ин суханҳо барои Ҳанифа душвор буд. Азм кард, ки бо дӯхтани болинҳои гулдӯзӣ, сӯзаниву деворӣ манфиате ба хонавода оварад.
Аз байн се сол гузашта Ҳанифаву Тағоймурод соҳиби ду духтарча шуданд. Модарандари Тағоймурод бо баҳонаи писардор нашудани Ҳанифа ӯро ба хонаи волидонаш гусел кард. Вақти бозгашт ба Ҳанифа гуфт, ки то писар таваллуд накунад, Тағоймурод ро аз ёдаш барорад.
Бо гузашти вақт Ҳанифа фарзанди сеюмашро таваллуд кард. Писар не, ин бор ҳам ӯ духтар ба дунё овард. Модарандари шавҳараш бо шунидани ин хабар Тағоймуродро ҳушдор дод, ки хабаргириаш нараваду суроғаш накунад. Тағоймурод як муддат ба суханони модарандар гӯш дод, аммо завҷааш Ҳанифаро ва духтарчаҳои чашмшаҳлояшро, ки хело дӯсташон медошт, бо вуҷуди таъкидҳои модарандар, ки маротибаи аввал ҳам боиси парешонии оилааш шуда буд, ба суроғашон рафт ва завҷаи меҳрубону тифлаконашро бо худ овард. Модарандар ин рафтори Тағоймуродро хуш надошта, онҳоро аз хонаи падарӣ берун кард.
Дар гармои тобистон зери як ниҳоли ток зиндагиро бо оилаи меҳрубону ҳунарманд ва се тифлакаш ихтиёр кард. Тағоймурод деҳқонӣ мекарду Ҳанифа бо дӯхтани болинҳои гулдӯзиву шерозаҳо ба ҳамсараш дар пешбурди рӯзгор кумакрасон буд. Давоми солҳои зиндагии якҷоя бо Ҳанифа боз ду духтари соҳибҷамол таваллуд кард. Акнун онҳо соҳиби панҷ духтари хубрӯ буданд. Пас аз интизориҳои фарзанди шашуми Ҳанифа ба дунё омад. Ҳукумати Шӯравӣ он замон бисёрфарзандиро таблиғ мекард. Оилаи Ҳанифаву Тағоймурод ҳам паи ҳам соҳиби 5 писари дигар шуданд. Акнун онҳо 5 духтар ва 6 писар доштанду Ҳанифа қаҳрамонмодар шуд.
Вақте фарзанди духтари калонии Ҳанифаву Тағоймурод мактаби миёнаро хатм кард, хостанд, ки ӯро барои идомаи таҳсил ба донишгоҳ равона созанд. Аммо калонҳои деҳа ба ин зид баромада, шарт гузоштанд. Онҳо гуфтанд, ки агар чунин кунанд хонаводаи Ҳанифа ва Тағоймурод ро аз ин деҳа берун мекунанд. Падар ноилоҷ монеи таҳсили духтараш шуд. Аммо духтар, ки завқи хондан дошт, як рӯз субҳи барвақт аз хона баромаду ғайб зад.
Модар тамоми деҳаро ҷуст, аз хешу табор, дӯстону дугонаҳо духтарашро пурсон шуд, аммо дер ҳеҷ куҷо ӯро наёфт. Навмед гашт, зор-зор гиря карда, дар ин кор шавҳарашро гунаҳкор донист. Онҳо маҷбур шуданд, ки аз гум шудани духтарашон ба нозири минтақавӣ хабар диҳанд. Аз байн 4 рӯз гузашту корманди милиса қозағпораеро, бо ишораи суроға овард. Қабл аз он, ки ин хабарномаро ба Тағоймурод у Ҳанифа диҳад, шарт гузошт, ки монеи хондани духтарашон нашаванд. Онҳо розӣ шуданд ва милиса ба онҳо гуфт, ки духтарашон аз вилояти Қӯрғонтеппаи собиқ ба вилояти онвақтаи Ленинобод ҳозира Суғд барои таҳсил рафтаасту аллакай донишҷӯёи бахши якуми Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аст. Падару модар хушҳол шуданд, ки фарзандашонро саломат ёфтанд ва аз иқдомаш ҳам шод шуданд. Аз ин пеш аз деҳаи онҳо ягон духтар берун аз қишлоқ ба таҳсил нарафта буд. Ин рафтори духтараки деҳотӣ он замон қаҳрамонӣ буд. Зеро ӯ аввалин духтаре буд, ки зидди хости падар ва аҳли деҳа ба хондан рафт. Паиҳам дигар фарзандон ҳам калон шуданду алорағми бадгӯиҳои ашхоси аз маърифат дур таҳсилашонро дар мактабҳои Олӣ идома доданд.
Яке духтур шуду дигаре муаллим, савумин бофандаву дигарӣ соҳибкор. Чор писари калонӣ ба мисли падар деҳқониро пеша карданд. Дуи дигар соҳибкор шуданд Оилаи Ҳанифаву Тагоймурод дар деҳаву ноҳия намунаи ибрат шуд.
Қаҳрамони матлабамон хонум Ҳанифа бо вуҷуди ҳама гуна фишору вазниниҳои ҳаёт тавонист рӯзгори босаодатеро ба сар барад. Фарзандони солеҳу солиҳаро таълиму тарбия дода, онҳоро соҳиби касбу ҳунар гардонад.
Холаи Ҳанифа Саидова акнун 78 сол дорад. Фарзандони баркамолаш ҳамеша парасториаш мекунанд. Ӯ аз касеву чизе камӣ надорад.Ҳоло ҳам вай бекор нишастанро намеписандад. Ҳанӯз ҳам ба дӯхтани рафидаву остинчаҳо шуғл меварзад ва занони деҳаро бо ин ашёҳои рӯзгор таъмин мекунаду аз ин ҳисоб даромад ба даст меорад.
Ҳанифа Саидова қаҳрамонмондар аст. Ӯ соҳиби 11 фарзанд, 38 набера ва 24 абера мебошад.
Оймоҳ Ҳасанова
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Ташаббуси “Нури Рушноӣ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД