Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Чаро маводҳои доруворӣ аксуламал медиҳанд?
Аз замони пайдоиши маводи доруворӣ баъзан маврид ҳангоми ба организм ворид кардан ё истеъмоли он аксуламал рух медиҳад. Дар илми тибб ва дорусозӣ ин як раванди қабулшуда аст. Яъне эҳтимолияти пеш омадани аксуламал ҳамеша ҷой дорад. Дорусозон ҳангоми омӯзиш ва тадқиқотҳояшон ҳатман эҳтимолияти рух додани аксуламалро пешбинӣ мекунанд.
Перомуни ин масъала хабарнигори маҷалла бо Одинамаҳмад Шарифзода, сардори шуъбаи фармакологии Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мусоҳибае анҷом додааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
-Чаро баъзе доруҳо аксуламал медиҳанд?
-Аксуламал асосан аз ҳассосияти ҳар як организм вобаста аст, ки ин ё он маводи дорувориро чӣ гуна қабул мекунад. Ҳар як маводи дорувориро вақте мегиред, ба қуттӣ ё тавсияномаи ӯ агар аҳамият бидиҳед, истеҳсолкунанда аз эҳтимолияти додани аксуаламал маълумот медиҳад. Ва албатта гуфта мешавад, ки эҳтимолан дар кадом ҳолатҳо сар задани аксуламал аз назар дур нест.
-Доруро чӣ гуна бояд истифода кард?
-Дору – модда ё ҷамъи моддаҳоест, ки ҳангоми тамос ба организми инсон ё ҳайвон ба узвҳо ва бофтаҳои онҳо ворид шуда, барои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо ва барқарорсозӣ истифода шуда, аз растаниҳо ва маъданҳо бо роҳи синтез ё бо усулҳои технологияи биологӣ ҳосил карда мешавад. Таъсири номатлуби дору онест, ки бо таъсири воқеан пешбинишуда мувофиќат намекунад. Аз таъсири манфии дору, аксуламали он вобаста аз ҳассосияти фардии бадан, инчунин дар ҳолати аз меъёр зиёд қабул кардани вояҳо зоҳир мегардад.
Ҳар як маводи доруворӣ дар баробари таъсири мусбат доштан боз таъсири манфӣ ҳам дорад, ки дар марҳилаи ихтирои он бо роҳи гузаронидани озмоишҳои дармонгоҳӣ муайян карда мешаванд. Дарди узвҳо, бемадорӣ, дилбеҳузурӣ, асабоният, бехобӣ ва нороҳатӣ, ки нишонаҳои берунии таъсири манфии дору мебошанд, зуҳуроти муваққатӣ доранд. Ин таъсир қаблан пешбинӣ шуда, дар дастурамали истифодабарии дору сабт гардидааст ва ҳангоми интихобу таъйиноти дору бояд ба эътибор гирифта шавад, вагарна ба вазнин шудани ҷараёни беморӣ сабаб мегардад.
Агар таъсири манфии дору бо роҳи озмоиш муайян шуда бошад, баръакс, аксуламал – таҳомулнопазирии дору вобаста аз ҳассосияти фардии бадан метавонад ғайричашмдошт сар занад. Зеро ҳар як организм ҳассосияти ба худ хоси такрорнашаванда дорад ва ҷараёни аксуламалҳо низ гуногун аст. То ҳол ягона усули пешгирии аксуламал аз таъсири дору ин гузаронидани тазриқи санҷишӣ (проба) дар мавриди таъйиноти доруҳои зидди бактериявӣ истифода мешавад. Бояд таъкид кард, ки гузаронидани тазриқи санҷиширо бояд дар ҳузури табиб анҷом дод.
Сабаби дигари ҷой доштани таъсири номатлуби дору аз меъёри муқарраршуда зиёд истифода бурдани вояҳои он мебошад. Ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки шаҳрвандон худсарона бе таъйиноти табибон ба худмуолиҷакунӣ даст зада, вояи аз меъёр зиёди доруро истифода мебаранд ва ба заҳролудшавии бадан роҳ медиҳанд. Ба гунаи мисол эҳтимолияти сар задани таъсири номатлуб ҳангоми истифодаи маводи дорувории зидди бактериявии сефтриаксон дар ҳолати номуайян будани ҳассосиятнокии фардӣ, аз меъёр зиёд таъйин намудан ва таҳомулнопазирии он бо дигар маводи дорвурии таъйиншуда вуҷуд дорад.
-Ҳангоми сарзадани таъсири номатлуб чӣ бояд кард?
-Пеш аз ҳама ҳангоми сар задани аксуламал ба хотири пешгирии оқибатҳои нохуш фавран бояд ба табибон муроҷиат кард. Зеро он метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад. Табибон бояд ҳангоми таъйиноти ин ё он маводи доруворӣ меъёри истифодаи он, ҳассосиятнокии фардии беморро ба назар бигиранд. Дар сурати сар задани якчанд ҳолатҳои аксуламал аз як намуд маводи доруворӣ табибон бояд ин ҳолатро ба қайд гирифта, намунаи маводи дорувориро бо хулосаи мутахассисон ба мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд. Дар тамоми муассисаҳои тандурустӣ новобаста аз шакли фаъолияташон бояд дафтари қайди ҳолатҳои аксуламал бошад.
-Худтабобаткунӣ чӣ паёмад дорад?
-Чуноне дар боло гуфтем яке аз сабабҳои дигари сар задани аксуламал ин худтабобатӣ ва бе тавсияи табибон истифода кардани маводи доруворист. Аз ин хотир шаҳрвандон бояд нисбати саломатии хеш бомасъулият бошанд. Вақте маводи дорувориро аз меъёр зиёд истифода мекунанд, ба организм таъсири манфӣ мерасонад ва ҳаёти инсонро зери хатар мебарад. Бинобар ин, мо бояд пеш аз он ки ин ё он маводи дорувориро истифода мекунем, ҳатман бояд ба духтур муроҷиат намоем ва танҳо баъди тавсияи духтур ба табобат машғул шавем.
Ҳамчунин табибон низ дар ин маврид бояд пеш аз таъйинот ё тавсияи маводи доруворӣ ба бемор тарзи дуруст истифода бурдан ё истеъмоли онро бо пуррагӣ фаҳмонанд.
Ташаккур барои як суҳбати хубу самимӣ ва тавсияҳои судманд.
Саломат бошед.
Суҳбаторо Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Н.ХУСРАВ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:23ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ 12:19ҚУБОДИЁН. СОҲИБКОРОН 68 КИЛОМЕТР РОҲРО МУМФАРШ КАРДААНД 10:16ПАНҶ. 189 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 17:12ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:30Ҷ. БАЛХӢ. 4 КОРГОҲУ КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БУНЁД ШУД 12:58ДӮСТӢ. ЗИЁДА АЗ 98 ФОИЗИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД ГАРДИД 10:54ВАХШ. БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НОҲИЯВӢ БУНЁД ШУД 16:44
Серхонандаҳо
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025
Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД




