Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой

Хонандаи мисраи мазкур ба хубӣ пай мебарад, ки сухан сари мавзуи “кори хирад”, натиҷаи шаҳдбор доштани рафтори хирадмандона меравад, ки аз нури он дидаҳо равшанӣ ва дилҳо сурур мегирад. Мисоли равшани он барқарор гардидани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстии байни ду кишвари ҳамҷавор – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Хирад, рафтори хирадмандона ва бохирадон дар адабиёти пурғановат ва фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати хирадсолори тоҷик ҳамеша ситоиш шудааст.
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Дақиқан, мӯшикофӣ, тадбирҷӯйӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ ва дурандешиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пойдории ҳаёти босуботи насли инсонӣ, ки намунаи барҷастаи он барқарор шудани муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, зуҳури фитрати ирсӣ ва паёме аз табори ориёиҳо – меҳрварзону хуршедсифатони олам будани миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик мебошад.
Нуктаи муҳим ва махсус ин аст, ки ин роҳкушоиву роҳнамоӣ, рафоқату дӯстӣ ва ҳамсоядории нек бо шарафи иродаи сиёсии ду сарвари дурандеш – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров ба даст омадааст, ки орзуву ормони деринаи ду халқи аз жарфнои таърих ба ҳам дӯсту ҳамсояро амалӣ гардонид.
Масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳи дипломатӣ, гуфтушунид ва муайян кардани ҳадди сарҳадӣ бо усули делимитатсия ва демаркатсия мушаххас ва бартараф гардиданд. Мушкилот пушти сар, ояндаи рӯшан пеши назар шуд.
Дар шароити шиддатгирии рақобатҳо ва авҷгирии ангезаҳои беруна, ки ба идораи ҷомеаҳои муайян ё мавриди ҳадаф халал мерасонанд ва метавонанд иродаи роҳбаронро дар рӯйи даст гирифтани тасмимҳо барои бартараф намудани монеаҳо ба нафъи халқҳо ноустувор гардонанд ва сабаби сар задани чолишҳои аз чаҳорчӯбаи чашмдошт берун гарданд, бозгашти эътимод, таҳкими дӯстӣ, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвари ҳамҷавор ва ду миллати дӯсту бародар – Тоҷикистону Қирғизистон, тантанаи хирад, адолат, муросову мадорову муравват ва фарҳанги баланди рафтори дипломатӣ мебошад, ки шоистаи арҷгузорист.
Халқҳои ду кишварро зарур меояд, ки ба поси сиёсати сулҳмеҳваронаи ду сарвари оқил, ки дар ҳаёти ду миллат сулҳ ва осоиши хотирро ба бор овард, ҳусни тафоҳум, иртиботи мусолиҳатомез ва ҳамсоядории некро, ки аз қаъри қарнҳо сарчашма мегирад, нигоҳ доранд, тақвият бахшанд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Собитан метавон изҳори назар кард, ки сулҳ бебаҳотарин дороӣ дар ҳаёти инсоният аст. Беҳуда нест, ки соҳибназарон таъкид кардаанд: ҳеҷ неруе дар ҷаҳон қавитар аз сулҳ нест. Кореро, ки сулҳ анҷом медиҳад, бо дигар воситаҳо ҳаргиз наметавон онро ба анҷом расонд.
Сулҳ, хотири ҷамъ ва маҷмуан амнияти ботину зоҳири инсон маҳак ё ҳаюлои саодати инсониятро ташкил медиҳад. Агар саодат шакли хушбахтии инсон бошад, амният ва осоиши хотир ҳаюлои ҳастии саодат аст. Абулмаонӣ Бедили бузургвор ба маврид фармуда, ки “Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд”. Аз ин рӯ, барои он ки саодати инсоният ҳамеша дар ҳаракат бошад, ҳаюло, яъне ҷон ва моддаи ҳастии он – амният ва осоиши хотир чун гавҳараки чашм, ҳамчун арзиши ҳаётан муҳим, балки ҳамчун ҳаёт қимат дода шавад ва аз таҳдиду хатарҳо ба саломат ҳифз гардад.
Ин аст подоши шоистахӯӣ, тадбирҷӯӣ ва зебу фари роҳбарӣ. Ҳаким Фирдавсӣ байти зеринро маҳз дар шинохти шахсиятҳое чун Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутудааст.
Хирад зевари шаҳриёрон бувад,
Хирад мояи номдорон бувад.
Зиҳӣ, Пешвои маҳбуби миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бо ин фарзонагиву дилҷӯйӣ, бо фарри эзадӣ дар рӯй, гарди осёби зиндагӣ дар мӯй ва бо пиндору гуфтору кирдори накуй.
Фарҳод Сафарзода, сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
3 ҷоиза дар “Парасту-2025” 16:37«Фарҳанги мутолиа омили рушди устувори ҷомеа ва инкишофи тафаккури эҷодӣ» 16:31Беш аз 9 миллион гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад 16:01Зиёда аз 717 ҳазор дарахт шинонида шудааст 11:50Фестивали вилоятии гулҳо-"Сайри гули лола" 16:21ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид
Хатлон. Дар майдони беш аз 9 ҳазору 900 гектар пиёз кишт шудааст