Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
10 апр 14:08Ахбор / Ҳуқуқ ва амният
МЕГАФОН САБАБИ БАД ШУДАНИ АЛОҚАИ МОБИЛИРО ШАРҲ ДОД
Дӯздӣ ва вайронкунии таҷҳизот – яке аз сабабҳои зуд-зуд пайдошавандаест, ки бинобар он сифати алоқа дар навоҳии Тоҷикистон бад мешавад. Вайронкорон намефаҳманд, ки зарари худро на танҳо ба операторони мобилӣ, балки инчунин ба ҳамватанони худ низ мерасонанд. Ниҳоят, таъсири манфии амалҳояшон ба худи онҳо низ мерасад, зеро ба оилаҳои онҳо низ алоқа зарур аст. Аз ҳама аламовар он аст, ки бисёри амалҳои вайронкорӣ аз рӯи надонистан ё бепарвоӣ содир шуда, умуман ягон маъние надоранд.
Оё пластик ҳамчун оҳанпора гирифта мешавад? Ҷавоб танҳо як-то буда метавонад: таббиист, ки не! Бо вуҷуди ин, маҳз хоҳиши гирифтани фоида аз ҳисоби металли ранга сабаби асосии дуздии кабелҳои нахӣ-нурӣ ба шумор меравад. Вайронкорон умед мекунанд, ки дар хатҳои нахӣ-нурӣ мисро пайдо карда метавонанд, лекин дар онҳо мис нест ва буда наметавонад. Хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ, ки барои интиқоли трафики абонентӣ байни шаҳру манотиқи кишвар ба кор бурда мешаванд, аз пластик ё шишаи фишурдаи силикат иборатанд. Манзара чунин мешавад: порчаи кабелро буриданд, ба оператор дар ҳаҷми даҳҳо ҳазор доллар зарар расониданд, тамоми шаҳрро бе алоқа ва интернет гузоштанд, лекин бо кабели дуздидаи худ чӣ кор карданро намедонанд.
Танҳо дар соли гузашта зарари умумие, ки ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бинобар амалҳои вайронкорон ворид гардид, 2 миллион сомониро ташкил дод. Баъзан вайрониҳо на барқасдона, балки тасодуфан низ ба амал меоянд. Масалан, дар роҳи автомобилгарди Рӯшон – Хоруғ моҳи октябри соли гузашта мошини боркаш бо ҳаракати беэҳтиёти худ якбора шаш сутунпояеро, ки тариқи онҳо хатҳои алоқа мегузаштанд, зада афтондааст. Зарари бевосита аз ҳисоби он қариб 15 000 сомониро ташкил дод. Дар Душанбе яке аз ташкилотҳои таъмирӣ ба канализатсия осеб расонида, дар натиҷа ҳолати кандашавии ХАНН ба қайд гирифта шуд ва зарар дар натиҷаи он ба 19 000 сомонӣ баробар шуд.
Лекин хароҷоти операторон – ин як паҳлӯи масъала аст. Муштариён низ ғайриихтиёр ба қатори зарардидаҳо меафтанд. Масалан, чанде пеш дар вилояти Хатлон бинобар сабаби вайроншавии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ (ХАНН) хизматрасониҳои алоқа дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд, Кулоб ва якбора дувоздаҳ ноҳия қисман дастнорас шуданд. Барои пурра барқарор намудани шабака ба муҳандисони МегаФон 4 рӯз зарур омад. Тамоми ин муддат ҳазорҳо муштариён бинобар амалҳои ҷинояткорон ба вазъияти ногувор дучор омаданд.
Бе нерӯи барқ
Боз як намуди нисбатан паҳншудаи вандализм – дуздии симҳо дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ (ХИНБ) ба ҳисоб меравад. Ин амал метавонад ҳатто ба марги одамон оварда расонад, зеро дастгоҳҳои нигоҳдорандаи ҳаёти беморон дар беморхонаҳо низ бе барқ кор карда наметавонанд. Алоқа низ дучори мушкилӣ мегардад. ХИНБ ба операторони мобилӣ тааллуқ надорад, лекин агар нерӯи барқ набошад, таҷҳизот низ аз кор мемонад.
Баҳри пешгирии ин гуна номураттабиҳо операторон дар пойгоҳҳои базавӣ аккумуляторҳо ва генераторҳои дизелиро истифода мебаранд. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳатто дорои генераторҳои бодӣ ва батареяҳои офтобӣ мебошад. Онҳо дар манотиқи дурдасти кӯҳӣ, ки аз он маконҳо хатҳои интиқоли нерӯи барқ намегузаранд, насб карда мешаванд. Лекин бояд гуфт, дар ин ҳолат низ вайронкорон ӯҳдабароёна зарбаи худро мерасонанд: дар мавриде панелҳои заифи батареяҳои офтобӣ, дар мавриди дигаре парраҳои пластикии генераторҳои бодиро мешикананд. Барои чӣ? Ҷавоб нест. Ба касе чунин кирдорҳои бемаънӣ фоидае намеоварад.
Харобкорон соляркаро аз генераторҳои дизелӣ мерезанд, батареяҳои аккумуляторӣ, кондитсионерҳоро, ки таҷҳизоти алоқаро аз гармшавӣ ва азкормонӣ ҳифз мекунанд, медузданд. Вале фоидае, ки бо ин роҳ ба даст меояд, бо зараре, ки ба ҳазорҳо сокинони ноҳия расонида шуда, дар натиҷа онҳо бе алоқа мемонанд, муқоисанашаванда аст. Дар ин ҳолат кормандони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ маҷбур мешаванд, ки фавран ба макони садама ҳозир шуда, фаъолияти шабакаро барқарор намоянд.
Аз рӯи талаботи қатъӣ
Ҷустуҷӯ ва ҷазодиҳии вайронкорон – вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ки ба онҳо хадамотҳои бехатарии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ аризаҳоро бо қайди шакл ва маблағи зарар пешниҳод мекунанд. Худи операторон ҳуқуқ надоранд, ки вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро иҷро намоянд. Лекин мутахассисони алоқа қодиранд шарҳ диҳанд, ки амалҳои харобкорон ба чӣ пайомадҳо оварда мерасонанд.
“Муҳандисони мо байни аҳолӣ корҳои ҷиддӣ пеш мебаранд, дар бораи тарзу роҳҳои фаъолияти шабакаҳои мобилӣ ва хатарҳои бе алоқа гузоштани хешовандону ҳамсоягон маълумот медиҳанд. Ин гуна вохӯриҳо ба вазифаҳои хизматии мутахассисони алоқа дохил намешаванд, лекин танҳо бо ҳамин роҳ метавон дар сатҳи ҷомеа амалҳои манфии харобкорон маҳкум карда шаванд. Сокинони кишвар бояд дарк намоянд, ки вайронкорон аз рӯи талаботи қатъии қонун бояд ҷазои сазовор гиранд”, - мегӯяд директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил Аглямов.
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ 08:291147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД 14:41
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


