Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БАЛҶУВОН: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК КАРДАНД
25.11.2026. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон дар ҳамроҳӣ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар мавзеи Калтачинор баргузор гардид, иштирок намуданд.
Маъракаи мазкур дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ, сабзгардонии муҳити зист ва зиёд намудани майдони дарахтони сояафкану ороишӣ роҳандозӣ шудааст.
Зимни иштирок дар маърака Сарвазири мамлакат ба аҳаммияти ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини дурусти дарахтони шинонидашуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки сабзгардонии муҳити зист бояд танҳо бо шинонидани ниҳол маҳдуд нашуда, нигоҳубин ва парвариши минбаъдаи онҳо низ мунтазам таъмин карда шавад.
Балҷувон бо табиати кӯҳсор ва мавзеъҳои зебои худ яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, вусъат бахшидани корҳои кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити табиӣ дар рушди минбаъдаи ноҳия аҳаммияти хос дорад.
Маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар баробари беҳтар намудани вазъи экологӣ, барои зебо гардонидани муҳити зист, ҳифзи сарватҳои табиӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон мусоидат мекунанд.
Дар ин замина, масъулини ноҳия вазифадоранд, ки ҷиҳати нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда, таъмини обёрии саривақтӣ ва назорати сабзиши онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Рисолати парчамдорӣ 11:32ВАХШ: ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ БЕШ АЗ 7 ҲАЗОР ГУЛИ МАВСИМӢ ШИНОНИДА ШУД 11:29ҚУБОДИЁН: 34,5 КИЛОМЕТР РОҲИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАЪМИРИ ҶОРӢ МЕШАВАД 11:19БОҒПАРВАРЕ АЗ ҶОМБАХТ 11:15КӮЛОБ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ШИНОС ШУД 16:11КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАНДОНПИЗИШКИИ «УМЕД ДЕНТ» 16:06КӮЛОБ: ТАҚДИМИ 188 БАСТАИ ЛАВОЗИМОТИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ БА ЗАНОНИ ДЕҲОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 15:02БАЛҶУВОН: КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ НОН ВА МАҲСУЛОТИ НОНӢ БО ТАЪСИСИ БЕШ АЗ 15 ҶОЙИ КОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД 10:58
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБИИ «ҶАЙҲУН» БО ИҚТИДОРИ 250 МЕГАВАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД
Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК




