Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ — 2026»
Муҳтарам муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло!
Муҳтарам роҳбарони вазорату идораҳо, сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ!
Муҳтарам меҳмонони гиромӣ аз хориҷи дуру наздик!
Муҳтарам сармоягузорон, соҳибкорон ва шарикони рушд!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон самимона хайрамақдам мегӯям.
Боиси хушнудист, ки имрӯз намояндагони кишварҳои гуногун, ширкатҳои бонуфуз, ниҳодҳои молиявӣ ва доираҳои соҳибкории ватанию хориҷӣ барои баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар ин сарзамини бостонӣ ҷамъ омадаанд.
Аз ҳузури шумо, меҳмонони гиромӣ, ва таваҷҷуҳатон ба вилояти Хатлон ман аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос менамоям.
Мо баргузории ин форумро фурсати муносиб барои муаррифии дастовардҳо, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва, муҳимтар аз ҳама, оғози ҳамкориҳои нави иқтисодӣ мешуморем. Итминон дорем, ки мулоқоту гуфтушунидҳои имрӯза барои густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гардидааст.
Сулҳу суботи сиёсӣ, тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ барои пешрафти минтақаҳои кишвар имкониятҳои нав фароҳам овардаанд.
Вилояти Хатлон низ дар ин раванд рушд намуда, дар солҳои охир ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ноил шудааст.
Агар соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 22,1 миллиард сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 49,5 миллиард сомонӣ расидааст. Яъне, дар давоми панҷ сол ҳаҷми иқтисоди вилоят аз рӯйи арзиши номиналӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ин тамоюли мусбат дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли ҷорӣ низ идома дорад.
Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли 2026 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 37,2 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10,6 миллиард сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 35,7 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди саноат 15,5 фоиз ва кишоварзӣ 8,2 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, ба сармояи асосӣ қариб 3,5 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардида, афзоиши он нисбат ба давраи муқоисавӣ 25,3 фоизро ташкил медиҳад.
Рақамҳои овардашуда барои мо на танҳо натиҷаи фаъолияти иқтисодӣ ба шумор мераванд, балки васеъ будани заминаи истеҳсолӣ ва имкониятҳои рушди минбаъдаи вилоятро низ нишон медиҳанд.
Албатта, мо аз дастовардҳои мавҷуда қаноатманд шуда наметавонем, чунки ҳадафи асосии мо танҳо афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нест. Мақсади мо пешбурди чунин модели рушд аст, ки ба таъсиси корхонаҳои муосир, ҷойҳои кории устувор, афзоиши содирот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум бештар мусоидат намояд.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар мо ба ҷалби сармояи мустақим ва рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанию хориҷӣ аҳамияти махсус медиҳем.
Муҳтарам иштирокдорони форум!
Вилояти Хатлон бо масоҳати 24,8 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолии қариб 4 миллион нафар яке аз минтақаҳои бузурги иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мавқеи ҷуғрофии мусоид, дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ, захираҳои фаровони обу замин, иқтидорҳои энергетикӣ, ашёи хоми саноатӣ ва неруи меҳнатии ҷавон барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт имкониятҳои назаррас фароҳам меоранд.
Аммо мо медонем, ки бартарии иқтисодии минтақаро танҳо бо мавҷудияти ин захираҳо муайян кардан кофӣ нест.
Муҳим он аст, ки мо онҳоро то кадом андоза самаранок истифода мебарем ва ба маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда табдил медиҳем.
Ба андешаи мо, ояндаи иқтисодии Хатлон пеш аз ҳама ба рушди саноати коркард, истифодаи технологияҳои муосир, беҳтар намудани инфрасохтор ва тавсеаи содироти маҳсулоти рақобатпазир вобаста аст.
Барои расидан ба ин ҳадаф мо тавсеаи ҳамкории доимиро бо сармоягузорони дохиливу хориҷӣ зарур мешуморем.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз соҳаҳое, ки вилояти Хатлон дар он имкониятҳои васеъ дорад, кишоварзӣ ба шумор меравад.
Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи муҳим дошта, қисми зиёди маҳсулоти асосии кишоварзии ҷумҳурӣ (зиёда аз 60 фоиз) дар ҳамин минтақа истеҳсол мешавад.
Танҳо дар соли 2025 дар вилоят зиёда аз як миллион тонна ғалладона, 2,1 миллион тонна сабзавот, 233 ҳазор тонна картошка, 450 ҳазор тонна мева ва 160 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст.
Дар баробари ин, вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти полезӣ, пахта, гӯшту шир ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи назаррас дорад.
Иқлими мусоид имкон медиҳад, ки дар бисёр минтақаҳои вилоят аз як қитъаи замин дар як сол ду-се ҳосил ба даст оварда шавад.
Ин иқтидори бузург барои рушди саноати хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мустаҳкам мебошад.
Аммо сатҳи коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз ба имкониятҳои истеҳсолии вилоят мутаносиб нест.
Яъне, қисми зиёди маҳсулоти соҳа дар шакли ашёи хом ба бозор бароварда мешавад ва имкониятҳои нигоҳдорӣ, коркард ва содироти он пурра истифода намегарданд.
Вазифаи асосии мо дар ин ҳолат тағйир додани ин вазъ аст ва маҳз дар ҳамин самт барои сармоягузорон имкониятҳои воқеӣ мавҷуданд.
Бунёди корхонаҳои муосири коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли маҳсулоти консервашуда, шарбат, меваи хушк, ташкили сардхонаҳои калонҳаҷм, марказҳои бастабандӣ ва логистикӣ метавонанд барои ҳар ду ҷониб манфиати иқтисодӣ дошта бошанд.
Ҳамчунин, рушди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва коркарди маҳсулоти онҳо аз самтҳои дигари ояндадори сармоягузорӣ мебошанд.
Дар ин раванд мо ба татбиқи технологияҳои сарфакунандаи об, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва мутобиқ намудани маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус медиҳем.
Мақсади мо — маҳсулоти кишоварзии Хатлонро бештар дар шакли тайёр, бо сифати баланд ва арзиши иловагӣ ба бозорҳои хориҷӣ пешниҳод кардан аст.
Дӯстони гиромӣ!
Дар баробари кишоварзӣ, рушди саноат яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти вилояти Хатлон мебошад.
Мехоҳам дар ин робита махсус ба имкониятҳои рушди саноати нассоҷӣ таваҷҷуҳи шуморо ҷалб намоям.
Хатлон яке аз минтақаҳои асосии пахтакории Тоҷикистон буда, соли 2025 дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ гардида, беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шудааст.
Ин ҳаҷми ашёи хом барои рушди саноати ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ имкониятҳои бузург фароҳам меорад.
Аммо имрӯз қисми асосии нахи пахтаи истеҳсолшаванда то марҳалаи маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили вилоят коркард намегардад (ҳамагӣ 22 фоиз коркард мешавад).
Дар натиҷа, мо имкониятҳои ба даст овардани арзиши иловагии бештар ва таъсиси ҷойҳои нави кориро пурра истифода бурда наметавонем.
Маҳз барои ҳамин мо рушди коркарди амиқи пахтаро яке аз самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ муайян кардаем.
Ҳадафи мо ташкили занҷираи мукаммали истеҳсолӣ — аз пахтаи хом то ришта, матоъ, маҳсулоти дӯзандагӣ ва содироти маҳсулоти тайёр мебошад.
Дар ин самт барои таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ташкили истеҳсолоти рақобатпазир шароити мусоид мавҷуд аст.
Мо сармоягузоронро даъват менамоем, ки имкониятҳои ҳамкориро дар рушди саноати ресандагӣ ва нассоҷӣ мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Дар баробари ин, вилояти Хатлон барои рушди саноати масолеҳи сохтмон ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ низ иқтидори назаррас дорад.
Дар вилоят шаш корхонаи истеҳсоли семент мавҷуд буда, иқтидори умумии солонаи онҳо тақрибан 3,4 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Мо ба ҷалби сармоя барои истеҳсоли маҳсулоти нави сохтмонӣ, навсозии корхонаҳои амалкунанда ва ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф манфиатдор ҳастем.
Муҳтарам сармоягузорон!
Яке аз бартариҳои муҳими вилояти Хатлон мавқеи он дар низоми энергетикии мамлакат мебошад.
Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ 80 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди вилоят неругоҳҳои бузурги барқи обии Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва дигар иншооти энергетикӣ ҷойгир шудаанд, ки дар таъмини неруи барқи кишвар нақши муҳим доранд. Мавҷудияти чунин иқтидорҳои энергетикӣ барои рушди саноат аҳамияти стратегӣ дорад.
Ҳамзамон, мо ба ҷалби сармоя барои истифодаи технологияҳои сарфакунандаи энергия, рушди манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи неру, обёрии муосир ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ устувор таваҷҷуҳ дорем.
Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои обу энергия, истифодаи самараноки онҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Аз ин рӯ, рушди иқтисоди сабз ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири экологиро низ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ мешуморем.
Ҳозирини арҷманд!
Барои рушди истеҳсолоти рақобатпазир инфрасохтори муносиб ва дастрасӣ ба бозорҳо аҳамияти калон дорад.
Мавқеи ҷуғрофии вилояти Хатлон ва ҳамсарҳадии он бо кишварҳои ҳамсоя барои рушди хизматрасониҳои нақлиётиву логистикӣ имкониятҳои муайян фароҳам меорад.
Бо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ зарурати рушди марказҳои логистикӣ, анборҳои муосир, сардхонаҳо ва инфрасохтори содиротӣ бештар мегардад.
Мо дар ин самт барои ҷалби сармоя ва таъсиси марказҳои муосири нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли маҳсулот омодаи ҳамкорӣ ҳастем.
Дар баробари ин, дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд аст, ки барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом ва рушди содирот имкониятҳои муносиб фароҳам меоранд.
Мо ҷонибдори истифодаи бештари иқтидори ин минтақаҳо барои ҷалби сармояи мустақим ва ташкили истеҳсолоти рақобатпазир мебошем.
Муҳтарам меҳмонон!
Вилояти Хатлон дар баробари имкониятҳои саноативу кишоварзӣ дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ ва табиати зебо мебошад.
Мероси таърихии Хуттали қадим, Қалъаи Ҳулбук, маҷмааи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мавзеъҳои зебои Нораку Балҷувон ва дигар минтақаҳо барои рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ, экологӣ ва фароғатӣ имкониятҳои назаррас фароҳам овардаанд.
Ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар соли 2025 (11 ёдгорӣ) имконияти нави муаррифии байналмилалии минтақаро фароҳам оварда, ба ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад.
Мо ба бунёди меҳмонхонаҳои муосир, маҷмааҳои истироҳатӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ таваҷҷуҳи махсус дорем.
Ҳамзамон, яке аз бартариҳои асосии вилояти Хатлон аҳолии ҷавон ва захираҳои бузурги меҳнатӣ мебошад.
Мо манфиатдорем, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва муассисаҳои таълимӣ омодасозии мутахассисон, рушди малакаҳои касбӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамиро тақвият бахшем (дар вилоят 21 маркази касбомӯзӣ, 18 литсейи касбии техникӣ ва даҳҳо муассисаи дигари касбомӯзӣ фаъолият менамоянд).
Барои мо муҳим аст, ки сармоягузорӣ на танҳо ба рушди истеҳсолот, балки ба баланд гардидани сатҳи дониш, малака ва имкониятҳои шуғли ҷавонон низ мусоидат намояд.
Муҳтарам сармоягузорон ва шарикони рушд!
Мехоҳам ба масъалае таваҷҷуҳ намоям, ки онро барои рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ бисёр муҳим мешуморам.
Ин эътимод ба муҳити иқтисодӣ, шаффофияти муносибатҳо ва масъулияти мақомоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон мебошад.
Мо хуб медонем, ки сармоягузор пеш аз қабули қарор на танҳо имкониятҳои иқтисодӣ, балки шароити фаъолияти минбаъда, дастрасӣ ба инфрасохтор ва тартиби ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаро низ арзёбӣ менамояд.
Ҳамчун роҳбари вилоят мехоҳам таъкид намоям, ки муносибати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба сармоягузор бар асоси эътимод, масъулият ва ҳамкории дарозмуддат ба роҳ монда шудааст.
Вазифаи мо танҳо муаррифии имкониятҳо ва даъват намудани сармоягузорон нест.
Мо омодаем, ки дар доираи ваколатҳои худ барои татбиқи лоиҳаҳо мусоидат намоем, масъалаҳои ташкилӣ ва инфрасохториро сари вақт баррасӣ кунем ва барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ андешем.
Бо ин мақсад, барои ҳар як лоиҳаи муҳими сармоягузорӣ масъулони мушаххаси ҳамоҳангсозӣ муайян гардида, раванди татбиқи он пайваста мавриди назорат қарор мегирад.
Аз нуқтаи назари мо, муносибат бо сармоягузор танҳо бо имзои созишнома ё баргузории мулоқот анҷом намеёбад, балки аз марҳалаи пешниҳоди лоиҳа то оғози фаъолияти истеҳсолӣ робитаи мустақим ва ҳамкории пайваста ба роҳ монда мешавад.
Аз ин рӯ, механизми ҳамоҳангсозӣ ва пайгирии лоиҳаҳои сармоягузориро дар сатҳи вилоят минбаъд низ тақвият медиҳем.
Ҳамзамон, бори дигар аз мақомоти дахлдор талаб менамоем, ки пешниҳодҳои асосноки сармоягузоронро сари вақт ва бо масъулияти баланд баррасӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест — 2026» барои мо танҳо як чорабинии муаррифии имкониятҳои иқтисодии вилоят нест.
Мо мехоҳем, ки натиҷаҳои он дар рушди воқеии иқтисоди минтақа инъикос ёбанд.
Муваффақияти форумро бояд аз рӯйи он арзёбӣ кард, ки баъди анҷоми он чанд лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад, чӣ қадар сармоя ба истеҳсолот ворид мешавад, чанд корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ мекунад ва барои сокинон чӣ қадар ҷойи корӣ таъсис меёбад.
Маҳз чунин натиҷаҳо барои мо аҳамияти асосӣ доранд ва мо омодаем ҳамкориҳоро бо ҳамаи шарикони манфиатдор идома дода, барои татбиқи пешниҳодҳои асосноки сармоягузорӣ мусоидат намоем.
Дӯстони гиромӣ!
Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли таърихӣ ба шумор меравад.
Мо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагӣ таҷлил менамоем.
Дар ин давра, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо роҳи бузурги давлатсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро тай намуда, барои пешрафти минбаъдаи худ заминаҳои устувор гузоштааст.
Имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин дастовардҳоро ба имкониятҳои нави иқтисодӣ, рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум табдил диҳем.
Вилояти Хатлон дар ин раванд имкониятҳои бузург дорад ва мо омодаем, ки бо ҷалби сармоя ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми худро дар пешрафти иқтисоди мамлакат бештар намоем.
Мақсади мо аз он иборат аст, ки сармоягузорон вилояти Хатлонро на танҳо ҳамчун минтақаи дорои захираҳои фаровон, балки ҳамчун шарики боэътимод, дорои имкониятҳои воқеии истеҳсолӣ ва дурнамои устувори ҳамкорӣ шиносанд.
Бовар дорам, ки мулоқоту гуфтушунидҳои форум барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва оғози лоиҳаҳои нави муштарак заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар фарҷом, ба ҳамаи иштирокдорони форум барои таваҷҷуҳ ба вилояти Хатлон ва омодагӣ ба ҳамкорӣ изҳори сипос менамоям.
Ба кори форум барору комёбӣ ва ба ҳамаи шумо дар фаъолияти минбаъда муваффақият орзу дорам.
Ба вилояти Хатлон — сарзамини меҳнат, созандагӣ ва имкониятҳои нави иқтисодӣ — хуш омадед!
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ



