Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷ. БАЛХӢ. 4 КОРГОҲУ КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БУНЁД ШУД
Давоми соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 303,2 миллион сомонӣ расонида шуда, ин нишондод дар қиёс ба соли 2024-ум 38,4 миллион сомонӣ, ё 9,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин хусус муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбоналӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки соли гузашта, ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 101,5 фоиз, равғани растанӣ 88,2 фоиз, гӯшт 110,1 фоиз, маҳсулоти ширӣ 56,5 фоиз, сангу шағал 6,6 баробар, маҳсулот аз пластикаи физилӣ 120,3 фоиз ва чигит 102,8 фоиз иҷро гардид.
Зикр гардид, ки дар ноҳия шумораи корхонаҳои саноатӣ 35 ададро ташкил дода, соли 2025-ум 4 коргоҳу корхонаи нав бо 182 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмиру бунёди 340 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 324 иншоот ё 95,3 фоиз сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



