Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Хатлон 97 км хати нахи нурӣ гузошта шуд
Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон дар шашмоҳаи аввали соли 2025 барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва афзоиши истифодабарандагони интернет 97,3 километр хати нахи нурӣ гузаронид,- иттилоъ дод Махмалов Алиҷон директори филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон.
Корҳо дар шаҳри Бохтар, аз ҷумла кӯчаҳои Кайҳонавардон, Умари Хайём ва Қазақон (18,7 км), дар ноҳияи Кӯшониён (6 км), инчунин дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Норак анҷом дода шуданд. Ин иқдом барои васеъ намудани муштариён истифодабарандагони интернет ва заминаи пайвасти таҷҳизоти GPON роҳандозӣ шудааст, ки имконияти таъмин намудани интернети босуръат, алоқаи телефония ва пахши барномаҳои телевизиониро фароҳам меорад.
Филиал нақша дорад, то соли 2030 тамоми ташкилоту муассисаҳоро ба хати нахи нурӣ пайваст намояд. Ин иқдом дар доираи солҳои 2025–2030, ки ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудаанд, амалӣ мегардад.
Маҳмадалӣ Маҳмадалиев "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд



