Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. 221 НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ВОРИД ШУДААСТ
Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар минтақаи фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон гардиши молии умумӣ арзиши гумрукии 252,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллион доллар зиёд мебошад.
Тавре сардори раёсати ниҳоди болозикр Эраҷ Ҳалимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аз ҳаҷми умумии гардиши мол 135,4 миллион доллар ба воридот ва 117,5 миллион доллар ба содироти мол рост омада, дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 53,5 фоиз ва содирот ба 46,5 дарсад баробар мебошад.
Гуфта шуд, ки муносибати тиҷорати хориҷӣ бо 6 кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба маблағи 49,7 миллион доллар сурат гирифта, ин маблағ бо низомҳои гумрукии содирот 9,7 миллион доллар ва воридот бошад, 40 миллион доллар рост меояд.
- Дар давраи ҳисоботӣ бо 27 давлатҳои хориҷи дур амалиётҳои содиротию воридотӣ ба анҷом расонида шудааст, ки арзиши гумрукӣ 160,5 миллион долларро ташкил дода, ин маблағ бо низоми гумрукии содирот 72,6 миллион доллар ва воридот 87,9 миллион доллар рост меояд,-гуфт Э. Ҳалимзода.
Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар минтақаи фаъолияти раёсат 454 адад воситаҳои нақлиёт ҳамчун мол барасмияти гумрукӣ дароварда шуда, ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 179 адад зиёд мебошад. Дар ин муддат 221 адад воситаҳои нақлиёти бо барқ ҳаракаткунанда аз Ҷумҳурии Хитой ворид гардида, барасмияти гумрукӣ дароварда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра сарҳади гумрукии вилояти Хатлонро 146 ҳазору 674 нафар шаҳрвандон убур намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 ҳазору 670 нафар шаҳрванд кам мебошад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



