Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

МУҲАББАТИ БЕҲУДУД

Холаи Закия аз тоифаи занҳое буд, ки дар тозагию олуфтагӣ, меҳру муҳаббат, маҳорати баланди кадбонугӣ беҳамтост. Ҳатто кӯдакони хурдсол аз кӯчаи ин холаи меҳрубон гузар намоянд, ҳатман бо ширинӣ гуселашон мекунад. Аз таърифу тавсифи аҳли деҳашон бармеояд, ки холаи Закия на танҳо ба инсоният, балки ба ҷонварон низ аҳамияти ҷиддӣ дода, муҳаббати беандоза дорад.
Холаи Закия аз даврони хурдсолӣ аз волидонаш тарзи гуфтор, рафтору интизом ва ҳунарҳои зиёдеро аз худ намудааст. Дар замири ӯ муҳаббат ба инсонияту ҷонваронро модари бузургвораш бедор намуда, ки ӯ то имрӯз чи тарзе ба фарзандону наберагон муносибат дошта бошад, ба ҳайвонҳои хонааш низ муносибаташ чунин аст.
Барои бекор намондану худро андармони коре намудан рӯзе холаи Закия аз писараш хоҳиш мекунад, ки ба ӯ гове биёранд, то ба нигоҳубини он машғул шавад. Ҳарчанд писаронаш дар аввал инро нахостанд, вале ӯ истодагарӣ намуд. Холаи Закия аз субҳ то шом бо наберагонаш андармони нигоҳубини чорво буданд. Нигоҳубини мол барояш хуш меомад. Ҳар як емеро, ки ба чорво медиҳад, ҳатман онро тоза намуда, пасон ба чорво медиҳад. Ин амалҳои бибӣ набераҳоро ҳайрон мекард.
– Бибиҷон, чаро ин қадар говро дӯст медоред, тоза нигоҳ медоред, ҳатто емашро тоза карда медиҳед?
– Ҷони бибӣ, ҷонварон безабонанд, вақте гурусна мемонанд, ҳар он чи диҳӣ мехӯранд. Аммо, хуб мешавад, ки ба онҳо муносибати дуруст дошта бошем, он гоҳ меҳру муҳаббати ҳайвон низ ба инсон бештар мегардад.
Ҳар субҳ холаи Закия пас аз намози бомдод ба оғилхона рафта, оѓилро тоза карда ва баъдан ба ширдӯшӣ ва ем додан машғул мешавад. Ҳатто ҳайвон муҳаббати ин модарро дарк намуда, аз дидани ӯ осуда мешаваду дар вақти ширдӯшӣ низ ором мегирад. То аз хоб хестани наберагонаш аллакай бибии меҳрубон ширро мепазад, ки фарзандону наберагон хӯрда, роҳат намоянд.
Рӯзе холаи Закия бемор мешавад. Аз оғилхона садои чорво баланд мешуд. Ҳарчанд писару келин амалҳои модарро иҷро мекарданд, яъне ба гов алаф медоданд, вале ҳайвон роҳ намедод. Гӯё пазмони дидор шуда бошад, бо алам садо баланд мекард. Холаи Закия тоқат накарда, бо ёрдами писаронаш ба назди гов меояд. Бо дидани модар гов мехост наздаш ояд, вале баста буд. Аз чашмони гов ашк ҷорӣ мешуд. Ногоҳ чашми холаи Закия ба еме, ки наздаш гузошта буданд, меафтад. Хӯроки додаашон чандон тоза набуд, ки гови гуруснаи ба тозагӣ одаткарда онро нахурд. Дар дохили емаш шаммаи чой, хӯроки пасмонда ва пӯсти меваю сабзавот якҷошуда буд. Ин амали фарзандон модарро нороҳат сохт бо нигаронӣ изҳор дошт, ки агар ҷойи шишту хезатон чунин ифлос бошад, ба шумо низ ман чунин таоми аралашу мисли ахлотро биёрам, истеъмол мекунед? Албатта на. Охир ҷонвари безабон гуфта, чи ахлоте ёфтед, мепартоед. Холаи Закия ба бемории худ нигоҳ накарда, ҳамаи хӯрокаро гирифта, ба ахлотҷой партофту ба тоза кардани оғилхона ва таоми чорво шурўъ намуд,
Модар гуфт, азизонам бинед, ки аз бемории ман ҳатто ҳайвон ашк мерезад. Ин ашк барои чист? Барои муҳаббате, ки нисбаташ дораму ӯро зиёд дӯст медорам. Ин суханони модар ба фарзандон таъсир кард. Онҳо низ мисли модар ба тозагии хӯроки чорво диққати ҷиддӣ медодагӣ шуданд.
Рӯзе писари модар барои номусоидии вазъи рӯзгор тасмим гирифт, ки говро ба савдо барорад. Яке аз наздикони онҳо, ки ду деҳа болотар сукунат дошт, онро харид. Лаҳзаи гусел модар гирист ва чорво низ гӯё эҳсос карда бошад, зиёд садо баланд кард. То расидан ба охири деҳа садои чорво баланд буд, ки ин модарро нороҳат месохт.
Аз байн чор рӯз сипарӣ шуд. Холаи Закия бемор ва рӯйи бистар буд. Ногоҳ садои чорво баланд шуду модар гӯё неруи нав гирифта бошад, аз ҷой бархост. Аз тиреза нигоҳ карду аз шодӣ ашк рехт. Ба берун баромад ва гов гирду атрофи кампир давр мезад. Дере нагузашта аз пасаш соҳиби чорво расида омаду аз дидани ин манзара ҳайрон монда, ба модар гуфт, ки аз рӯзе ин говро ба хона бурдаам, ором нашуд. Емаш то ҳол истода, боре даҳонашро набурд, ҳатто мо натавонистем шир дӯшем. Ҳайронам, чи бояд кард?
– Еми говро тоза кардӣ? – На, омехта буд.
– Таги охурро тез-тез тоза мекардӣ? – Не, боре ҳам накардаам.
– Маълум мешавад, ки меҳр накардӣ. Бачаҷон биё равем, ман нишон медиҳам, ки ҷойи чорво ва охури ӯ чи гуна тоза аст. Ҳамсояҳо ё аҳли оила агар барои чорво ем биёранд, ман дар табақи махсус аввал мерезам, ҷудо мекунам, нонро аз пўсти меваю сабзавот ҷудо карда ва дар охир тоза шуста, ба охураш мерезам. Дар фасли сармо оби ширгарм мерехтам, то бемор нашавад. Охир ҳайвонҳам ба муҳаббат ва диққати мо ниёз дорад.
– Эҳ модар, модар. Воқеан ҳам фариштаи ҳар хонадон зан – модар аст. Ман ҳатто ба ин муҳаббату меҳрубонии шумо қоил шудам, – гуфт соҳиби мол.
– Бачаҷон, ман аллакай хело худамро хуб ҳис мекунам. Биё ин тавр маслиҳат мекунем. Говамро мегираму ана ин гўшвори тиллоиамро ба ту медиҳам. Боз маблағи боқимондаашро баргардонида медиҳам, – изҳор дошт холаи Закия.
– Холаҷон, ин гўшвору боқимонда маблағи говро бахшидаматон. Худо аз шумо розӣ бошад. Шумо бароям дари дунёи муҳаббати инсониро боз намудед. Ман то имрӯз дарк намекардам, ки ҳайвон низ ба муҳаббату ғамхории инсон ниёз дорад.
Воқеан ҳам муҳаббат сарҳад надорад. Чї инсоният, чї ҳайвон ба муҳаббату ғамхорӣ ва диққати махсус ниёз доранд. Аз ин рӯ мо бояд дар ин дунё аз худ номи неку амали некро ба ёдгор гузорем. Ба ҳамдигар меҳрубон бошем, навозиш кунем, аз ҳоли ҳам бохабар бошем, ки ин аст амали неки инсонӣ.

Махфират ШОИМОВА
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019