Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ БАРҚ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД
Минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин хотир истифодабарандагони қувваи барқ бояд дар ин самт масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд.
Гарчанде, ки барои рушди энергетика кӯшишҳо зиёданд, аммо сатҳи талафоти неруи барқ дар кишварамон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ин хотир зарурат пеш омад, ки барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шавад.
Аз ин пас истифодабарандагони неруи барқ ҷиҳати риоя ва иҷрои бечунучарои талаботи мазкур масъулияти шахсӣ дошта, дар сурати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ ё дуздии он масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидан дар доираи талаботи қонун баррасӣ мешавад. Дар мавзӯи мазкур бо пурокурори шаҳри Бохтар, мушовири адлияи дараҷаи 1 Шодизода Сафар Абдулло суҳбат доштем. Чуноне ӯ гуфт, дар шаҳри Бохтар аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомот, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳал бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи қувваи барқ тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодааст. Бо мақсади риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ вобаста ба истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирии талафот ва дузии он гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, бо мақсади пешгирӣ ва минбаъд аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият моҳияту мазмуни тағйиру иловаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо, фаъолон ва зиёиён ба таври содаву равон расонида, ба ҳар як оилаи дар шаҳр истиқоматкардаистода нусхаи иқтибос аз тағйиру иловаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо имзо дастрас мешавад. Дар ин баробар гурӯҳи корӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор кардани ҳолатҳои дуздии қувваи барқ, худсарона пайваст шудан ба хатҳои шабакаҳои барқӣ, истифодаи майнинг фермаҳо ва таҷҳизоти истеҳсолкунандаи криптоасъор чораҳои дахлдор роҳандозӣ намояд.
– Ҳамагон бояд донем, ки дар асоси моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» ном дорад, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1500 то 2250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2250 то 3750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15000 то 22500 сомонӣ) ҷарима таъйин мешавад.
Ҳамзамон бояд донем, ки дар моддаи 253 иловаи 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» ном дорад, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 27350 то 41025 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор агар ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, (аз 60 000 то 90 000 сомонӣ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Агар сӯиистифода аз мансаб дар барқасдона истифода намудани ваколатҳо ифода гардад, тибқи моддаи 62-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷиноят эътироф мешавад.
Прокуратураи шаҳри Бохтар ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузориро дар ин самт зери назорати қатъи қарор дода, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ санҷишҳои прокурориро ба роҳ монда, як қатор қонунвайронкуниҳоро ошкор ва мавриди чораандешӣ қарор додааст. Аз ҷумла, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии идора ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар 16 амр ва 4 пешниҳод таҳия ва ирсол намуда, 7 нафар масъулини шабакаҳои барқи шаҳр ба ҷавобгарии интизомӣ ва 12 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 17 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 2 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Инчунин, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи қарзи қувваи барқ ба миқдори 4010520 сомонӣ пардохт карда шуд, – иброз дошт пурокурори шаҳри Бохтар, мушовири адлияи дараҷаи 1 Шодизода Сафар Абдулло.
Ҳамагон бояд донем, ки истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ на танҳо ба суботи молиявии давлат таъсири манфӣ дорад, балки хатари ба вуҷуд овардани садамаҳо, қатъ шудани барқ, сӯхтор ва хатар барои ҳаёт ва саломатии инсонҳоро пеш меорад.
Дар маҷмуъ истифодабарандагонро лозим аст, ки минбаъд талаботи қонунгузориро қатъиян риоя намуда, ҳамзамон дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд.
Мақсади асосии давлат таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки рушди муназзами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст.
М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мавсими ҷамъоварии пилла оғоз гардид 13:53ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ! 12:30ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ БАРҚ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД 12:25Таъсиси ҳайъати корӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ 12:20Таҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар вилояти Хатлон 12:12БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ПАРВАРИШИ ПИЛЛА 15:04РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРОНИ ҶБВ РАФТАНД 14:57Рӯзгори ибратомӯз 14:47
Серхонандаҳо
Панҷ. Бунёди панҷ бунгоҳи тиббӣ дар нақша
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
ҲАМАДОНӢ. 12 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ МЕШАВАД
Вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» сазовори ҷойи дуюм гардид
“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо”
Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид
Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
3 ҷоиза дар “Парасту-2025”