Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Рӯзгори ибратомӯз
Дар арафаи таҷлил аз 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба феҳристи таърихии иштирокчиёни ин набарди таърихӣ нигариста афсӯс мехӯрем, ки сол аз сол теъдоди ин ҳомиёни башарият ангуштшумор монда истодаанд. Сокини шаҳри Бохтар Зайнулло Алиев аз зумраи иштирокчиёни ҳаводиси ҷанги хонумонсӯз аст.
Чашмони рангиобӣ, чеҳраи пурожанг, оромтабиатию таҳаммулпазирии ин пирамарди нуронӣ таҷассумгари рӯзгори пуршебу фарози як насли бузургсол аст, ки бо кору пайкори мондагор ва шуҷоату қаҳрамониҳои бемисл ҷомеаи башариро аз гирдоби зулму кушторҳои бераҳмонаи фашизми гитлерӣ наҷот бахшида, масири сиёсатҳо ва ҳаётро дар рӯи замин дигар кардаанд.
Аз суҳбат бо ин марди наҷиб бармеояд, ки ҳаёту рӯзгори паси сар намудааш саропо китоб аст. Китобе, ки саҳфааш бо хуни дил ва зарбаи тақдир навишта шудааст. Ӯ 12-уми ноябри соли 1925 дар деҳаи Гули Зиндони ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик) ба дунё омадааст. Тавре ки ӯ қисса мекунад, дар сафи сарбозон дар фронтҳои Ленинград ва Белоруссия, дар муҳорибаҳои шадиди озод кардани Ленинград, Калинин, Варшава, Молдавия, Венгрия ва Руминия иштирок намудааст.
Соате, ки аз саргузаштҳои худ қисса мекард, ҳар суханаш дар қалб маъво мегирифт, зеро андешаву гуфтораш ёде аз гузаштаи ӯст. Воқеаҳо, рӯйдодҳо, чеҳраҳои фаромӯшшуда боз мисли филме аз рӯзгори оташбори ҷанг пеши назар падид меомад.
-Вақте ҷанги беамон оғоз шуд, ман ҳамагӣ 16-сола будам. Рӯзе падарам аз деҳа маро ба шаҳри Душанбе овард. Модарам бо чашмони пуроб аз паси ман менигарист. Аз Кангурт то Душанбе ва аз онҷо то Ленинград роҳи сангину тулонӣ буд, вале руҳияи ҷавонӣ, ки қалбе саршори муҳаббат ба Ватан доштем, ба мо неруи тоза мебахшид. Дар идомаи ин ҷанги ҷаҳонӣ ёд дорам, ки рӯзҳои бо хоки Германия ворид шуданамон чӣ гуна борони тиру бомбаҳо ба сарамон меборид. Дар он лаҳзаҳо шиори пешбарандаи мо “Барои Ватан” буд, - ёд овард бобои Зайнулло
Ба гуфтаи мусоҳиби мо солҳои ҷанг мардум аз гуруснагӣ азият мекашиданд ва зиёде аз аскарон аз гуруснагӣ мефавтиданд.
Давоми ҷанг дар яке аз минтақаҳои Берлин аз пой захмдор шуд. Замин сарду ҳаво хунук буд. Дар миёни мурдаҳо танҳо монда буд ва дар ҳамин асно аз ҷониби мухолиф садои душманон ва сагҳои таълимгирифтаи онҳо ба гӯш меомад. Зайнулло беҳолу бемадор рӯи замин мехобид, ки яке аз сагҳо ба ӯ наздик шуда, аз қафаси синааш мегазад. Дар он лаҳзаҳо дандонҳои сарду сахти ҳайвон ба устухонаш кора кард. Дар он асно аз куҷое бомба ба наздикии онҳо партоб шуду сагҳои бӯйгир ҳамагӣ пароканда шуданд...
Аз суҳбаташ эҳсос мегардид, ки ба ёд овардани хотираҳои гузашта саҳлу сода нест, зеро ҳар лаҳзаи он дилрешкунандаву даҳшатовар аст. Дар баробари рӯзҳои сахту сангин дар хотироти Бобои Зайнулло рӯзи Ғалаба абадӣ нақш бастааст. Он рӯз осмон дигаргуна менамуд. Хомӯшии ҳайратангезе фазоро фаро гирифта буд, ки гӯё худи табиат ҳам интизори рӯзи Ғалаба буд.
– Вақте ки аввалин бор ин калимаро шунидам, эҳсосоти бузурге маро фаро гирифта буд. Чанд лаҳза чашмонамро пӯшида, худ ба худ мегуфтам, ки шояд орзу бошад ё шояд хоб, – ба ёд меорад бобои Зайнулло. - Аз баландгӯякҳо оҳангу суруди "Победа!" садо медод ва гӯӣ замину осмон рангу таровати дигар гирифта, ҳам офтоби оламоро равшантар медурахшид. Мо ҷанговарон ҳамяроқони дар ин ҷанг аздастдодаамонро пеши назар оварда, гумон мекардем, ки ҳамин ҳоло онҳо ҳам аз ин рӯйдоди бузург эҳсоси хушнудӣ доранд.
Бобои Зайнулло пас аз ҷанг дар собиқ хоҷагии ба номи Карл Маркси шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза шаҳри Бохтар) ба кишоварзӣ машғул шуда, ҳамчун собиқадори меҳнат таҷрибаю малакаи худро баҳри рушди пахтакорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ сарф намудааст. Меҳнати ҳалол ва муҳаббати беандозааш ба мардум ӯро дар дили ҳамагон маҳбуб гардондааст.
Барои корнамоӣ ва хизмати шоён Зайнулло Алиев бо ордену медалҳои “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дараҷаи дуюм, ба номи Жуков, 25, 40 ва 60-солагии Ғалаба, “75- солагии муҳорибаи Москва”, “50- солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР”, “100- солагии В. И. Ленин” ва медал "Барои меҳнати шоён" сарфароз гардонида шудааст.
Имрӯз, ӯ дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ҳамроҳи фарзандону наберагонаш умр ба сар мебарад. Бобои Зайнулло бо вуҷуди захмҳои замони ҷанг ва сахтиҳои рӯзгори паси сар бинмудааш, ҳамеша бо меҳру муҳаббат ба зиндагӣ рӯз мебарад. Дарвоқеъ, ҳаёту фаъолияти пурсамари чунин нафарон дарси муҳими ватандӯстиву инсонпарварӣ барои наслҳои имрӯзаву оянда мебошад.
Маҳмадализода Маҳмадалӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Н.ХУСРАВ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:23ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ 12:19ҚУБОДИЁН. СОҲИБКОРОН 68 КИЛОМЕТР РОҲРО МУМФАРШ КАРДААНД 10:16ПАНҶ. 189 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 17:12ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:30Ҷ. БАЛХӢ. 4 КОРГОҲУ КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БУНЁД ШУД 12:58ДӮСТӢ. ЗИЁДА АЗ 98 ФОИЗИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД ГАРДИД 10:54ВАХШ. БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НОҲИЯВӢ БУНЁД ШУД 16:44
Серхонандаҳо
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025
Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД


