Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мактаби мардонагӣ
Шоҳрух Ҳафизов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Окимшоҳ Минаков, сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Дӯстмурод Қурбонбеков, сокини ноҳияи Данғара сарбозони қисми ҳарбии 07256-и комендатураи ҳарбии гарнизони Бохтар мебошанд. Бо онҳо вобаста ба хизмати сарбозиашон мусоҳибае анҷом додем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандаи азиз менамоем.
МУСОҲИБА БО ШОҲРУХ ҲАФИЗОВ
– Пеш аз хизмат бо чӣ кор машғул будед?
– Факултаи баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси аудит ва ревизия хатм кардам. Баъди хатми донишгоҳ ҳисси ватандӯстӣ маро водор кард, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бипайвандам.
– Оё орзуи сарбоз шудан доштед ё касе шуморо роҳнамоӣ кард?
– Фикр мекунам, ҳар ҷавонмарде дар дил ҳисси ватандӯстӣ дошта бошад, хоҳад, ки шаҳрвандони ватанаш, хешу ақрабо, алалхусус оилаи ӯ тинҷу осуда бошанд, албатта орзуи сарбоз шуданро дорад.
– Аз айёми сафарбариатон ба хизмати ҳарбӣ ёдовар мешудед.
– Субҳи якуми октябри соли 2024 буд. Аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба қисми ҳарбии 07017 сафарбар шудем ва пас аз тақсимот ба қисми ҳарбии 07256 ҳамчун наваскар ворид гаштам.
– Аввалин лаҳзаҳои ба қисми низомӣ расиданро чӣ тавр қабул кардед?
– Дар қисми низомӣ қабул муқаррарӣ, муносибат - хуб, фаҳмондадиҳӣ. Дарсҳо мегузаштанд барои қасами ҳарбӣ ёд кардан. Аз нозукиҳои хизмати ҳарбӣ, аз шарту шароит ва интизоми он бархӯрдор гаштем.
– Ҳаёти сарбоз аз зиндагии муқаррарии дигар сокинон ягон тафовут дорад?
– Фарқияташ ҳамин аст, ки ин ҷо реҷаву тартиби хосаи худро дорад. Аз ҷумла, аз хоб хестан, машқу тамрини бадан, хӯрокхӯрӣ, тозакорӣ, машқҳои ҳарбӣ ва ғайра. Фикр мекунам, ки берун аз қисми ҳарбӣ на ҳар кас мувофиқи реҷа амал мекунад ё ин ки як тартиби муайян дар зиндагии ҳаррӯзаи худ дошта бошад.
– Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро мактаби ҷавонмардӣ мегӯянд, чаро?
– Воқеан ҳам дуруст аст. Чун мо вақте берун аз қисми ҳарбӣ, дар хонаи падару модари худ ҳастем, онҳо нозбардори мо ҳастанд, дар ҳар мушкиле ҳамроҳамон ҳастанд. Албатта, ин ҷо командири қисми ҳарбӣ, афсарону прапоршикон дар бари мо ҳастанд, вале сарбоз як масъулияти хосро бар дӯш мегирад- муҳофизати марзу буми Ватан. Яроқ дар бар мегирад, ба сарҳад мебарояд, хати марзу буми ин сарзаминро ҳимоя мекунад ва аз худ шуҷоату далерӣ ва ҷавонмардӣ нишон медиҳад ва ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ дар ӯ афзун мешавад ва ҳамин аст, ки онро мактаби ҷавонмардӣ меноманд.
– Аз хизмати ҳарбӣ чӣ омӯхтед?
– Баъди ба қисми ҳарбӣ дохил шудан бисёр чизҳоро омӯхтам. Пеш аз ҳама, ҳисси ватандӯстӣ дар вуҷуди ман дучанд шуд. Умуман, дарси асосие, ки аз қисми ҳарбӣ омӯхтам, низомӣ будан аст. Паёми ман ба ҷавонон, ба онҳое, ки ба синни 18 расидаанд ва аз ҷиҳати руҳиву ҷисмонӣ солим ҳастанд, ҳамин аст, ки шуҷоъ бошанд, далер бошанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омада хизмат намоянд.
СУБҲАТ БО ОКИМШО МИНАКОВ
Окимшоҳ Минаков 6 моҳ мешавад, ки хизмати ҳарбиро адо намуда истодааст. Бо ӯ низ роҷеъ ба хизмати ҳарбӣ мусоҳиб шудем, ки инак, фишурдаи он.
– То замони сарбозӣ боре либоси низомӣ пӯшида будед?
– Не, аммо орзу доштам, ки либоси ҳарбӣ пӯшида, Ватанро муҳофизат кунам ва хушбахтона, ҳамин рӯз ҳам фаро расид.
– Оё сафарбариатон ба хизмати ҳарбӣ ихтиёрӣ буд?
– Бале, соли 2024 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардам ва бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастам. Дар қисми низомӣ ҳам кору фаъолияти санъат ва фарҳангро идома дода истодаам ва айни ҳол дар оркестри нафасии қисми ҳарбӣ низ фаъолият дорам.
– Сарбози Ватан чӣ масъулиятеро бар дӯш дорад?
– Сарбоз масъулияти муҳимеро бар дӯш дорад. Ин ҷо реҷаи муайян аст. Ҳамарӯза машғулиятҳои махсус мегузарем ва мувофиқи реҷаи рӯз амал менамоем.
– Чун Ватан-Модар мегӯем, чӣ эҳсосе дар вуҷуди шумо пайдо мешавад?
– Ҳар хизматчии ҳарбӣ Ватан- Модар гуфта, ба хизмат меравад. Ватан модар аст. Бояд барои Ватан- Модар, ҳимояи марзу буми Ватан садоқатмандона хизмат намоем. Барои мо шараф аст, ки модарону хоҳарони хешро муҳофизат мекунем ва номи пуршарафи сарбозро соҳиб ҳастем.
Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонмард чӣ медиҳад?
– Хизмати ҳарбӣ ба ҷавонписар якум, ҳушёрию зиракӣ, ҷавонмардӣ ва дарки масъулият дар ҳимояи марзу буми Ватан ва дувум, манфиатҳои зиёде дар зиндагии шахсии ӯ медиҳад. Махсусан, ҷавононе, ки хизмат мекунанд, феълу рафторашон дигаргун мешавад ва умуман, моҳияти ватандорӣ ва арзишҳои миллиро бештар дарк мекунанд.
– Оё барои ҳар ҷавонмард хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳим аст?
-Албатта, муҳим аст. Бояд ҳар як ҷавонмард хизмати ҳарбиро адо намояд.
Аз шароити қисмҳои ҳарбӣ мегуфтед.
Шароити қисмҳои ҳарбӣ хеле хуб аст. Ҳама чизҳои лозимӣ муҳайё карда шудааст. Гумон мекунам, ки дар ягон қисми ҳарбӣ мушкилӣ ва ё танқисӣ нест. Аз ин хотир, ба Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузории худро мерасонам, ки чунин шароитҳо ва чунин пешравиҳоро дар қисмҳои низомӣ фароҳам намудаанд. Ба ҳамсолон ва ҷавонони тоҷикистонӣ пешниҳод менамоям, ки биёянд ва хизмати ҳарбиро мардонавор адо намоянд. Салому паёми худро ба модару падарам мерасонам, ки ором бошанд, ташвиш накашанд ва ман рисолати ҷавонмардии хешро сарбаландона адо намуда истодаам, ягон мушкиле ё ягон танқисие надорам.
ДӮСТМУРОД ҚУРБОНБЕКОВ
Сержант Дӯстмурод Қурбонбеков, сокини Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара аст. 1 солу 6 моҳ мешавад, ки дар ин қисми ҳарбӣ адои хизмат менамояд. Ӯ мегӯяд, шароитҳои хизмат хеле хуб аст ва ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ чунин шароитҳоро фароҳам овардаанд.
– Мо низ дар баробари ғамхории Пешвои миллат ҷонро дареғ надошта, Ватанро мардонавор муҳофизат менамоем. Аз хурдӣ мехостам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сарбоз хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ адо намоям ва хушбахтона, ба орзуям расидам. Бале, дуруст, ки ин ҷоро мактаби мардонагӣ мегӯянд. Мо дар ин ҷо кор бо яроқро меомӯзем, худро обутоб дода, ҳисси ватанхоҳиямонро тақвият медиҳем. Ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи ҳар ҷавонмард мебошад. Дар ин ҷо аз Суғд, аз Бадахшон, Рашт ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳама мисли акаву додар, ҳамчун аъзои як оила адои хизмат менамоянд. Албатта, баъди адои хизмат дӯстии мо идома хоҳад кард, – мегӯяд Дӯстмурод.
Мусоҳибони мо чунин хулоса доранд, ки ҷавонмарди ватандӯст ҳеҷ гоҳ аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саркашӣ намекунад. Онҳо медонанд, ки ҳеҷ кас марзи ин Ватанро ба ҷуз фарзандонаш ҳимоят нахоҳад кард. Модарон, аъзои оила ва умуман, дигар наздикони онҳо бояд шабонгаҳ ором бихобанд ва хотирҷамъ бошанд, ки фарзандони диловари Ватан яроқ дар даст гирифта, хати сарҳадро бо ҷону дил муҳофизат менамоянд.
Маҳмадалӣ Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
КӮЛОБ. 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ ШУД 16:36ЁВОН. БУНЁДИ 60 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ИДОМА ДОРАД 15:03Асрори ҳунарманд 14:49Шинохти дӯст 14:32Весна братства открывает новую страницу регионального партнёрства 14:44ЭЪЛОН: 515 000 СОМОНӢ ГРАНТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА СОҲИБКОРЗАНОН 14:39ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 14:35Мактаби мардонагӣ 14:23
Серхонандаҳо
Панҷ. Бунёди панҷ бунгоҳи тиббӣ дар нақша
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
ҲАМАДОНӢ. 12 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ МЕШАВАД
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
Вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» сазовори ҷойи дуюм гардид
“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо”
Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид