Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«Фарҳанги мутолиа омили рушди устувори ҷомеа ва инкишофи тафаккури эҷодӣ»
Имрӯз, 22-юми апрел, дар шаҳри Бохтар, дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо ташаббуси идораи рӯзномаи вилоятии "Хатлон" Конференсияи илмӣ-амалии «Фарҳанги мутолиа омили рушди устувори ҷомеа ва инкишофи тафаккури эҷодӣ» баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш таҳкими фарҳанги мутолиа, боло бурдани маърифати китобдӯстӣ ва ташвиқи нерӯи эҷодии ҷомеа арзёбӣ шуд.
Ҳамоиш бо бақайдгирии иштирокчиён ва боздид аз намоишгоҳи китоб оғоз ёфт. Китобҳои навтарин, асарҳои бадеӣ, илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оғоз гардид. Қайд гардид, ки нақш ва аҳамияти китоб дар рушди маънавиёти мардум ва дастгирии барномаҳои фарҳангпарваронаи вилоят назаррас аст.

Сипас муовини директори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон", номзади илмҳои педагогӣ Камолзода Сайфиддин дар мавзуи "Марҳалаи чашмрас дар масири фарҳанги мутолиа" баромад карда, аз дастовардҳои китобхонаҳо, нақши муассисаҳои фарҳангӣ ва ташаббусҳои миллӣ дар тарғиби мутолиа изҳори назар намуд.
Ҳамчунин, ходими калони илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Каримова Ҳилола бо маърӯзаи "Китоб – ганҷинаи илму дониш ва масдари тафаккур" суханронӣ намуд. Вай аз нақши китоб дар рушди ҷаҳонбинии инсон ва тавоноии он дар ташаккули афкори созанда таъкид кард.
Дар идома дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филология Маҳмадалиева Муҳаббат дар мавзуи "Нақши оила дар ташаккули фарҳанги китобхонӣ" андешаҳои ҷолиб баён дошта, аҳамияти тарбияи китобдӯстӣ дар муҳити хонаводагиро таъкид намуд.
Маҳмадалӣ Маҳмадализода
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



