Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПУДИНА ДАР ГАРМХОНА
Иқлими вилояти Хатлон барои кишту парвариши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мувофиқ буда, деҳқонони заҳматқарини он ҳамасола аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии хеш ду се ҳосил мерӯёнанд.
Хатлон калонтарин вилояти аграрии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тибқи иттилои мутахассисони соҳа ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи вилоят беш аз 60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Барзгарони хатлонӣ аз заминҳои файзбори ин минтақа бо истеҳсоли маҳсулоти фаровони аз ҷиҳати экологӣ тоза дар таъмини амнияти озуқавории мамлкат ҳиссаи назарраси худро мегузоранд.
Нурхон Азимов яке аз деҳқонони соҳибтаҷрибаи деҳаи Тугараки Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ буда, ба қавле мӯйи сарашро дар ин соҳа сафед кардааст. Ин деҳқони чашмикордон бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзии фарзандонашро аз пайи кишту парвариши маҳсулоти гуногун пайдо карда, заминро зар мегӯяду деҳқонро заргар.

Ҳамасола амаки Нурхон дар баробари кишту парвариши помидору бодиринг, қаламфури булғорию тезак, караму гулкарам, инчунин парвариши пудинаро ба роҳ мемонад, ки харидорони зиёд дорад.
Ба андешаи ӯ пудина яке аз маҳсулоти асосӣ дар тайёр намудани хӯрокҳои гуногун, аз ҷумла шакароб, оши бурида, туппакашак, самбӯса, манту ва тушбера ба ҳисоб рафта, дар баробари хушхӯр кардани таом, инчунин хусусияти шифобахшӣ низ дорад.
Амаки Нурхон 0,8 гектар замини наздиҳавлигии хешро самараноку оқилона истифода менамояд ва аз ҳар ваҷаб замин ҳосили дилхоҳ мерӯёнад. Дар як қисмати ин замин панҷ гармхона бунёд карда, дар дохили яке аз онҳо парвариши пудинаро ба роҳ мондааст. Дар боқимонда гармхонаҳо кӯчатҳои дигар маҳсулоти барвақтӣ кишту парвариш карда мешаванд.
-Мо ҳар сол дар фасли баҳор, аслан пеш аз иди Наврӯз пудинаро пешкаши харидорон мегардонем, чунки дар ин фасл талабот ба он хеле зиёд буда, аз ҷумлаи маҳсулоти асосии таомҳои Наврӯзӣ ба ҳисоб меравад, - иброз дошт зимни суҳбат амаки Нурхон.
Ба гуфтаи ин деҳқони чашмикордон пудина дар аввали моҳи феврал кишт карда мешавад ва нигоҳубину парвариши он чандон душвор нест. Танҳо аз поруи табии истифода бурда мешаваду халос.

-Муддати ин қадар соле, ки ман деҳқонӣ мекунам, барои ҳосилхез гаштани замин танҳо аз поруи биологӣ истифода менамоям. Пору заминро ҳосилхез мегардонад ва аз он бояд бештар истифода барем, - гуфт дар идомаи суҳбат Нурхон Азимов.
Амаки Нурхон дар масоҳати як гектар хоҷагии деҳқонӣ низ дорад. Соли равон дар 0,45 гектари он картошка кишт карда, дар боқимондаи он дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ коридааст. Ин деҳқони меҳнатқаринро дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати самараноку оқилона истифода бурдани замин ҳамагон мешиносанду аз маслиҳатҳои судмандаш истифода мебаранд.
Ба андешаи ин кишоварзи рӯзгордида, Тоҷикистон биҳишти рӯи замин асту заминҳои ҳосилхезу файзбори он дар тамоми фаслҳои сол барои кишту парвариши маҳсулот мусоид мебошад. Танҳо агар:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
С. СУЛТОНОВ, н. Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



