Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон. 113- солагии матбуоти тоҷик таҷлил шуд
Дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар Рӯзи матбуоти тоҷик бо шукӯҳ таҷлил гардид. Дар ҳамоиши ҷашнӣ рӯзноманигорону собиқадорон, сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ноширон ва намояндагони дигар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо намоиши дастовардҳои матбуоти вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо оғоз ёфт. Дар ин намоиш намунаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо пешкаши ҳозирин гардида, меҳмонон бо фаъолияти нашрияҳо шинос гардиданд.
Анзурат Абдусаломзода муовини раиси вилояти Хатлон аз номи раиси вилоят Давлаталӣ Саид аҳли қаламро бо иди касбиашон таҳният гуфта, нақши рӯзноманигоронро дар инъикоси воқеият, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳидояти мардум муҳим арзёбӣ кард.

– Фаъолияти рӯзноманигорон дар пешрафти ҷомеа, инъикоси воқеият ва тарбияи тафаккури солим нақши калидӣ дорад. Аҳли қалам бо сухани таъсиргузори худ мардумро ба ваҳдат, ҳамбастагӣ ва созандагӣ даъват намуда, дар баробари ин ба таҳдидҳои иттилоотӣ ва ақидаҳои ифротӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд.
Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз заҳмати пуршараф ва таъсирбахши намояндагони воситаҳои ахбори омма дониста мешавад. Имрӯз нақши ВАО дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар хеле муҳим буда, бе фаъолияти онҳо тасаввур кардани ин равандҳо ғайриимкон аст,– таъкид дошт Анзурат Абдусаломзода.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкори боэътимод ва ҳомии арзишҳои миллӣ мебинад.

Дар идомаи чорабинии мазкур нахуст, ба барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ва Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Носири Хусрав (назм) ва Шамсиддини Шоҳин (наср) диплому мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Инчунин, озмун барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои беҳтарин маводи журналистӣ - "Неруи сухан" аз рӯи 10 номинатсия ҷамъбаст гардида, ғолибон соҳиби диплому мукофотҳои пулӣ гардиданд.
Ҳамчунин як қатор рӯзноманигорони собиқадор бо сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Маҳмадалӣ Маҳмадализода
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



