Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 ноя 15:25АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод / Мақолаҳо
Қурутҳои кӯҳистон
Қурут аслан чаккаи хушкшудае беш нест, аммо маҳсулоти дӯстдоштании хурду бузург ва серхаридору бозоргузар мебошад. Таркиби қурут аз витаминҳои фоидаовар, махсусан, калсий бой буда, мазааш хушхӯр аст. Аз ин рӯ, онҳое, ки ба омода кардани қурут машғуланд, барои серхаридор гаштани маҳсули дасти хеш аз усулҳои гуногун истифода мебаранд. Ҳатто дар баъзе маврид, барои омода кардани қурут аз маҳсулоти дигар, ба монанди кабудӣ ва тезӣ, (қаламфур) истифода менамоянд, ки ин харидорони онро бештар мегардонад.
Рӯзигул Абдуллоева аз зумраи нафаронест, ки бидуни истифодаи ҳеҷ яке аз маҳсулоти иловагӣ дар омода кардани қурути одӣ мизоҷони зиёди худро пайдо кардааст.
– Мавсими омодакунии қурут дар диёри мо аз моҳи май оғоз мегардад, зеро дар ин моҳ табиати кӯҳистони ноҳияи Муъминобод аз гулу гиёҳ сабзу хуррам гашта, барои истеҳсоли барзиёди шир шароит фароҳам меорад. Ҳамин тавр, шуруъ аз моҳи май то охирҳои ноябр мо саргарми ин шуғли даромаднок мебошем,- мегӯяд Р. Абдуллоева.
Ба гуфтаи холаи Рӯзигул бонувони ноҳияи Муъминобод барои ба фурӯш омода гаштани дастранҷи худ ҳафтаҳо заҳмат мекашанд. Шири дӯшидаро нахуст ҷӯшонида, ҷурғот мехобонанд, пасон ҷурғотро дӯғ кашида, барои обашро полонидан дар халтаҳои махсус гирифта, ба баландӣ меовезанд. Баъди ба чакка табдил ёфтани шир, ба он каме намак илова карда, то каме сахт шудан онро дар сояи дарахт мегузоранд.
Баъдан, чаккаи намакхӯрдаро бо даст молиш дода, онро дар шакли кулӯла дар сабадҳои махсуси чӯбин мегузоранд ва ин маҳсулотро ҳафтаҳо аз нури офтоб дур нигоҳ медоранд, то қурути хушсифат омода гардад.
– Як сирри сафеду босифат мондани қурут ин аст, ки мо чакка ва баъдан дар шакли қурут омодашудаи онро дар соя нигоҳ медорем. Агар қурутҳои тайёрнашударо дар рӯшноии офтоб гузорем, зудтар омода мегардад, аммо рангашон хираю зард мешавад, зеро ки равғани дар таркиби чакка боқимонда рӯй мезанаду сифати қурут коҳиш меёбад. Харидорон ҳам аслан қурути сафеду хушхӯр фармоиш медиҳанд.
Аз ин ҷост, ки қурутҳои омодакардаи ман харидори зиёд дорад,- мегӯяд холаи Рӯзигул.
Пайроҳаи рушди тиҷоратҳои хурд дар кӯҳистон
– Дар оғози кор заҳмати мо қариб, ки ройгон буд, зеро барои ҷалби муштариёни бештар 10 дона қурутро бо арзиши 1 сомонӣ мефурӯхтем ва бо ривоҷу равнақ ёфтани кор ҳоло 1 дона қурути омоданамудаи мо 3 сомонӣ арзиш дорад.
-Боиси хушнудию ифтихори мо, пешаварони ин шуғли даромаднок аст, ки имрӯз муштариён барои харидани маҳсулоти омодакардаи мо навбат мепоянд. Бо афзоиши талаботи харидорон ҳамакнун мақсад дорам, ки дар баробари истифодаи маҳсулоти хонагии худ, инчунин, аз дигар ҳамдеҳагонам ҳам чакка харида, тиҷорати худро рушд диҳам,- мегӯяд Рӯзигул Абдуллоева.
Табиати бою гиёҳҳои шифобахш
Ба гуфти Рӯзигул Абдуллоева сирри муваффақияти тиҷорати ин маҳсулот дар ноҳияи Муъминобод табиати бою гиёҳҳои шифобахши ин диёри хушбоду ҳаво аст. Зеро рустои онҳо дар иҳотаи кӯҳҳои баланду анбуҳи дарахтон ва гулу гиёҳи шифобахш воқеъ буда, ин ҳама гулу гиёҳҳои табиӣ омили сифати баланди маҳсулоти ширӣ арзёбӣ мегардад.

-Ҳамин табиати дилкашу гулу гиёҳҳои атрофи хона имконият медиҳад, ки ҳам чорвои мо шири бештар диҳад ва ҳам ғизонокии маҳсулоти ширии онҳо аз ҳаргуна витаминҳо бой бошад. Шири аз чорвоҳои хонагии мо дӯшида ғафсу равғаннокиаш бештар аст ва аз ин рӯ қурутҳои омода намудаи мо таъми хуб доранду харидори зиёд. Албатта, бо рушду пешрафти илму техника имрӯз дастгоҳҳое ихтироъ шудаанд, ки кори 5- 6 соатаро дар 1 соат анҷом дода, аз чакка қурути бештар омода мекунанд, аммо бешакку тардид маҳсули ҳеҷ гуна техника, ҷойи қурутҳои дастии моро гирифта наметавонад, -иброз медорад холаи Рӯзигул.
Ба андешаи Рӯзигул чаккаи тоза танҳо тавассути бо даст молиш додан шакли дилкашу зебо пайдо мекунад. Аммо дар дастгоҳҳои қуруттайёркунӣ бошад, барои он ки чакка дар дохили дастгоҳ начаспад ба он орд илова мекунанд, ки ин сифатнокӣ ва таъми қурутро коҳиш медиҳад.
Дебоча
Рӯзигул Абдуллоева дар деҳи Гулзор, Ҷамоати деҳоти “Чилдухтарон” сукунат дошта, зиёда аз 30 сол аст, ки ба омода кардани қурут машғул аст. Шуғли асосии ӯ чорводорӣ ва кишоварзист ва дар баробари омодаву ба фурӯш гузоштани қурут, ҳамчунин, ҳамасола аз меваҳои ин диёри кӯҳистонӣ хушкмева ва шарбату шириниҳои гуногун омода намуда, пешкаши мизоҷон мегардонад.
Низоми ИСО, Бохтар-Муъминобод-Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Н.ХУСРАВ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:23ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ 12:19ҚУБОДИЁН. СОҲИБКОРОН 68 КИЛОМЕТР РОҲРО МУМФАРШ КАРДААНД 10:16ПАНҶ. 189 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 17:12ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:30Ҷ. БАЛХӢ. 4 КОРГОҲУ КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БУНЁД ШУД 12:58ДӮСТӢ. ЗИЁДА АЗ 98 ФОИЗИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД ГАРДИД 10:54ВАХШ. БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НОҲИЯВӢ БУНЁД ШУД 16:44
Серхонандаҳо
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025
Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



