Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РӮЙДОДИ БЕНАЗИР
Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 16-уми ноябр – 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, тадбири муҳиме дар ҳаёти сиёсии кишварамон ба ҳисоб меравад. Ин Иҷлосияи сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як марҳалаи нав ибтидо гузошт - оғози давраи сулҳу ваҳдат, ризояти миллӣ ва корҳои бузурги созандагӣ.
Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (рӯзи 27-уми июни соли 1997) аз ҳамин Иҷлосия сарчашма мегирад. Дастоварди бузурги ин Иҷлосияи таърихӣ дар он аст, ки вакили мардумӣ аз ҳавзаи рақами 172 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Нахустин суханони ӯ ҳамчун Роҳбари тозаинтихоби кишвар аз сулҳу баҳамоӣ буданд. «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем…». Ин суханони пурҳикмат қалби мардуми ҷангзадаю дилрешро ба ояндаи дурахшон рӯшан намуд.
Хушбахтона, мардум Сарвари оқилу дилсӯз, боҷасорат ва ҷонфидои худро дарёфтанд. Ӯ тавонист киштии миллатро аз гирдоби баҳр наҷот дода, ба соҳили мурод расонад.
Баъд аз анҷоми чандрӯза кори Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, “Муроҷиатнома ба халқи Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки дар он ҳадафҳои бунёдкоронаю созанда ҷиҳати ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи кишвар дарҷ гардида буд. Ба гузашти 32 сол ҳамаи он нақшаву чорабиниҳо ва тадбирҳои тарҳрезишуда бо шарофати сиёсати оқилонаю бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақона амалӣ гардиданд. Обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд гардид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд.
Дар набарди зиндагонӣ шоҳи оқил дидамат,
Байни шоҳон бемуҳобо, марди қобил дидамат.
Ғолибҷон Юсуфзода, директори Муассисаи
давлатии “Шабакаи китобхонаҳои марказонидашуда”-и ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



