Зиёдулло Абдулзода: Ҳавасмандии омӯзгорон ба кори мактабу маориф бештар гардидааст

Мусоҳибаи ихтисосии котиби масъули маҷаллаи “Сафо” бо Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон

-Дар олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба кадом дастовардҳо ноил шуданд?
-Натиҷаи озмунҳои фаннии мактаббачагон яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти бонизоми муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Албатта, ин аз сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳо вобастагии калон дорад. Тибқи таҳлилҳо бо фароҳам шудани шароити муосири таълимӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа ба мактаб дастовардҳои хонандагону омӯзгорон бештар гардида истодааст. Масалан, соли гузашта дар олимпиадаҳои фаннӣ 1ҳазору353 нафар хонанда иштирок намуда, 541 медал ба даст оварда шуд.  
Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бошад, 1ҳазору 361 нафар иштирок карда, сазовори 54 медали тилло, 165 медали нуқра ва 227 медали биринҷӣ гардидаанд, ки назар ба соли таҳсили гузашта 61 ҷойи ифтихорӣ зиёд аст.
-Озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ гуна ҷараён доранд?
-Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо дастгирии рӯзафзуни Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол бошукӯҳтар баргузор гашта истодааст. Зеро хурду бузурги мамлакат имрӯз хуб дарк кардаанд, ки мутолиаи китоб ва иштирок дар ин сабқати зеҳнӣ инсонро ба мурод мерасонад. Имсол мо масъулони соҳаи маорифи вилоят бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” борҳо бо хонандагону омӯзгорон ва роҳбарияти шаҳру навоҳӣ вохӯриҳо доир намудем. Ҳамчунин, дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳавасманднамоии ғолибони даврҳои озмун бо роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ба мувофиқа расидем. Инаст, ки имсол дар даври вилоятии озмуни мазкур 1 ҳазору 129 нафар иштирок намуда, 120 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд, ки назар ба солҳои гузашта хеле зиёд мебошад. 
Дар даври дуюми озмуни “Илм фурӯғи маърифат” дар умум 11 ҳазору 588 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, ҳоло ба марҳилаи вилоятии озмун омодагӣ дида истодаанд.
Давоми соли гузашта бо дастгирии раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ҳар ҷашну маросим ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд, ки он боиси ҳавасмандии ҳарчи бештари иштирокчиён гардид. Вале дар ин маврид бояд гуфт, ки роҳбарияти на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо хонандагони фаъол ва ғолибони даври дуюму сеюмро дастгирӣ карданд. Ҳоло он ки дар ин бора ҳам Сарвари давлат ва ҳам раиси вилоят ба ҳамаи масъулон дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. 
-Имсол чӣ қадар муассисаҳои таълимӣ ва биною иншооти иловагӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад?
-Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” ва “Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони иншооти соҳаи маориф бо вусъат идома дорад. То охири соли 2024 дар миқёси вилоят бунёди 197 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба 2-юми сентябри соли ҷорӣ 59 адади он бо 9 ҳазору 925 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Аз ин ду иншоот муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, чор муассисаи томактабӣ, як мактаб-интернат, 48 синфхонаи иловагӣ, 3 майдончаи варзишӣ ва як ошхона барои мактаббачагон мебошад.  
Имрӯз дар бунёди муассисаҳои таълимӣ, биною синфхонаҳои иловагӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, то ин ки онҳо солҳои дароз мавриди истифода қарор дода шаванд. 
Бояд гуфт, ки дар амалӣ гардидани ин ташаббусҳои созанда дар баробари мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони маърифатпарвар, шахсони алоҳида, падарону модарони хонандагон ва сокинони ҳимматбаланд саҳми намоён доранд. 
Итминон аст, ки мардуми саодатманди мо дар оянда низ дар раванди корҳои ободонию созандагӣ фаъолона ширкат варзида, дар фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзии мактаббачагон саҳми худро мегузоранд. Набояд фаромӯш кард, ки бунёди хизмат дар роҳи таълиму тарбия ва донишомӯзии фарзандони халқ беҳтарин амал буда, шахсро миёни ҷомеа обрӯманд мегардонад. 
-Робитаи падару модарро бо мактабу омӯзгор чӣ гуна дидан мехостед?                                 
-Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактаб робитаи падару модар бо омӯзгорон ниҳоят муҳим аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин омил на танҳо боиси беҳ гардидани донишомӯзии кӯдакону наврасон мегардад, балки он масъулияти омӯзгоронро низ дар ин раванд меафзояд. Имрӯз кам нестанд, падару модароне, ки бо кори худ ва ташвишҳои рӯзгор банд шуда, аз ҷараёни дарсазхудкунии фарзандонашон бехабар мемонанд. Дар ин баробар омӯзгоронро низ мебояд дар робита бо волидайни хонандагон баҳри беҳбуд бахшидани раванди таълиму тарбия талош варзанд. Кадом омӯзгор ва мактабе, ки ҳамкориро бо волидайни хонандагон хуб роҳандозӣ намудааст, таълимгирандагони ҳамон муаллим ва муассисаи таълимӣ комёб ҳастанд. Дар ин самт муассисаҳои таълимиро лозим аст, ки бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва беруназсинфӣ ҳамкориро бо падарону модарони хонандагон зичтар кунанд. Дар муассисаҳои таълимӣ кӯдакону наврасоне низ ҳастанд, ки душвортарбия мебошанд ва онҳо ба рӯйхат гирифта шудаанд. Инҷо дар баробари омӯзгорон падару модарон ва парасторони чунин хонандагонро мебояд дар ҳамкорӣ бо мактаб ва дигар ниҳодҳо ба ҳар амалу рафтори фарзандон диққати махсус зоҳир намоянд. Имрӯз аз ҳама муҳим барои мо, омӯзгорон завқи мактаббачагонро ба донишомӯзӣ бедор ва диққати онҳоро ба дарс ҷалб кардан аст. 
-Баҳри баланд бардоштани маънавияти кӯдакону наврасон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ чӣ тадбир андешида истодаед?
Бо мақсади оммавигардонии китобхонӣ миёни омӯзгорону хонандагон ва тарғиби он миёни аҳолӣ Раёсати маорифи вилоят ташаббуси некеро пеш гирифт, ки аз ҷониби ҷомеа ҳамовозии хуб пайдо кард. Зеро нафаре, ки китоб мехонад зеҳн ва андешаи тоза дорад. Чунин афрод аз адабиёти мутолианамудааш қаҳрамонҳои мусбию манфии худро дар зиндагӣ интихоб карда, метавонад ояндаи дурахшон дошта бошад. Тайи солҳои охир бархе аз омӯзгорон низ каммутолиа гардидаанд. Барои ҳамин ҳам мо ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ҳам тавсия додем, ки китобҳои бадеӣ бештар хонанд ва аз болои худ кор кунанд. Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар низоми маорифи вилоят китобхонӣ васеъ ҷорӣ гардад. Ҳам таълимгирандагон ва ҳам омӯзгорон баробар рушд кунанд. Барои ин масъаларо назорат кардан дар ҷамъбасти ҳар чоряк дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ давраҳои санҷиши мутолиаи асарҳои бадеӣ бо иштироки омӯзгорону падару модарони хонандагон баргузор мегардад. Фикр мекунам, ки ин тадбир ҳам басаводнокию маънавиёти хонандагон ва ҳам омӯзгорону кормандони соҳа таъсири мусбӣ мерасонад. 
-Чӣ бояд кард, ки мутахассисони соҳа ба кори мактабу маориф ҳарчи бештар ҷалб гарданд ва дар ин замина сифати таълим беҳтар карда шавад?
-Чанд соли охир дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят масъалаи норасоии омӯзгорон бештар мушоҳида мешуд. Хушбахтона, ин мушкилӣ зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст. Имрӯз бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилот мо диққати худро ба ҷалби мутахассисон ба кори соҳа равона сохта истодаем.  То имрӯз мо ҳар воситаро истифода мекардем, ки мактабҳо бе омӯзгор намонанд. Вале ҳоло вақти он расидааст, ки ба сифати кори онҳо низ диққати зарурӣ деҳем. Мо, аҳли маориф ба роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос мекунем, ки имсол якбора 40 фоиз маоши омӯзгоронро баланд бардоштанд ва ин боис шуд, ки омӯзгорони кордида дубора ба мактаб рӯ биоранд. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ соли гузашта дар ҳамин давра зиёда аз 1ҳазору 447 нафар омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Имсол бошад, тибқи таҳлилҳо беш аз 1000 нафар омӯзгорон ба мактаб баргаштанд. Аз ин бармеояд, ки ҳавасмандии мутахассисони соҳа ба кори мактабу маориф бештар шуда, бо ҳамин тартиб сифати таълим низ зина ба зина беҳтар мегардад. 

Амонҷон Маҳкамов


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий