Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ба шумо парвози бобарор мехоҳем!
Замони соҳибистиқлолии кишвар саҳми авиатсияи гражданӣ дар пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаддуни ҷаҳонӣ бебаҳо мебошад. Авиатсия- фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро мепайвандад.
Эмомалӣ Раҳмон
Баъди дамидани субҳ рӯзи корӣ оғоз гардиду мо сӯйи фурудгоҳи баиналмилалии шаҳри Бохтар роҳ пеш гирифтем. То расидан ба ҳавлию бинои маъмурии фурудгоҳ ду тарафи қад-қади роҳ дарахтони сояафкану мевадор, ниҳолу буттаҳои ҳамешасабз, гулҳои тару тоза ва рангоранг бӯйи хушу муаттарро ба машом меоварад. Аз накҳати мушкбези боғи назди фурудгоҳ хотири кас болида мегардад. Чун мо ба фурудгоҳ расидем, аллакай ду тайёра бо хатсайрҳои муайяни худ ба фазо парвози бобарор анҷом додаву даҳҳо нафар одамон наздикону пайвандонашонро гусел карда, аз толори интизории мусофирон берун меомаданд.
Суҳбати мо бо директори генералии фурудгоҳ Фарҳод Абдурашидзода дар ҳуҷраи кориаш хеле самимӣ сурат гирифт.
Зимни суҳбат дарёфтем, ки моҳи сентябри соли равон ба таъсисёбии авиатсияи граждании Тоҷикистон 100 сол ва ба таъсисёбии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” 55 сол пур мешавад. Мавриди зикр аст, ки 3-юми сентябри соли 1924 нахустин ҳавопаймои тамғаи Ю-13 аз Бухоро парвоз карда, ба Душанбе фуруд омад. Охири соли 1924 роҳи ҳавоии Душанбе –Тошкент ба кор оғоз намуд. Роҳи ҳавоии Душанбе- Москва бошад, соли 1945 кушода шуд.
Шуруъ аз 3 сентябри соли 1924 дар Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун Рӯзи авиатсия қайд карда мешавад. Авиатсияи гражданӣ барои кашондани бору одамон ва иҷрои вазифаҳои махсуси хоҷагии халқ мусоидат менамояд. Дар байни дигар навъҳои нақлиёт нахустин шуда, авиатсияи гражданӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Баъдтар соли 1927 нақлиёти автомобилӣ (роҳи мошингарди Душанбе- Қӯрғонтеппа ва Душанбе- Кӯлоб) ба кор оғоз намуд ва 14 октябр соли 1929 аввалин қатора ба пойтахти кишварамон –Душанбе омад.
ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” асосан аз 28 декабри соли 1968 ба фаъолият шуруъ намуда, то соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба тайёраҳои тамғаи АН -2 ва ЯК-40, ки барои гузаронидани корҳои дефолятсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва интиқоли мусофирон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар истифода мешуданд, хизматрасонӣ менамуд. Дар он замон хатти парвози фурудгоҳ ҳамагӣ 1985 метрро ташкил медод. Аммо ин масофа барои қабули тайёраҳои калонҳаҷм имконпазир буд.
Хушбахтона, дар солҳои соҳибистиқлолӣ авиатсияи гражданӣ рушд намуда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.
ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” низ аз баракати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба марҳалаи баланди рушд расидааст. Соли 2006 хатти парвози тайёраҳо ба масофаи 300 метр расонида шуд. Баъди ин хатти парвоз ба талаботи Кумитаи байналмилалии авиатсионӣ мутобиқ гардида, соҳиби мақоми “Фурудгоҳи байналмилалӣ” шуд. Моҳи сентябри соли 2006 фурудгоҳ тайёраи калонҳаҷми тамғаи ЯК-42-ро аз фурудгоҳи Домодедови Федератсияи Россия қабул намуд.
Баъдтар ширкатҳои ҳавопаймоии ватании “Тоҷик Эйр”, “Ист Эйр”, шаркати ҳавопаймоии хориҷии “Вим Авиа”-и Федератсияи Россия бо фурудгоҳ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Имсол ҳам фурудгоҳ бо ду ширкати ҳавопаймоии дигар- ҶДММ “Северный Ветер” ва ҶС “Авиакомпания Сибирь”-и Федератсияи Россия ҳамкориро дар доираи талаботҳои авиатсионӣ ба роҳ монда, дар 127 хатсайр парвозҳо мунтазам идома доранд.
Барои боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии мусофирон ва таъмини бехатарии авиатсионӣ роҳбарият ва кормандони фурудгоҳ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Як мушкилоти асосӣ он буд, ки бо сабаби аз ҳад зиёди гармии ҳаво дар моҳҳои июн- август ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷрои парвозҳоро боз медоштанд. Барои ҳалли ин мушкилот соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Вахш ва дарозкунии хатти парвоз ба масофаи 165 метр бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Ин тадбирҳо шароиту имконият фароҳам овард, ки дарозии умумии хатти парвоз ба 2450 метр расонида шуда, қабули тайёраҳо дар фасли гармо имконпазир гардад.
Дар идомаи суҳбат Фарҳод Абдурашидзода илова намуд, ки ояндаи наздик хатти парвоз аз таъмири асосӣ бароварда шуда, терминал пурра азнавсозӣ гардида, имконияти дар як вақт қабули 600 нафар мусофирон муҳайё карда мешавад. Инчунин, фурудгоҳ бо дастгоҳҳои махсуси хизматрасонӣ ва таҷҳизоти нави таъминкунандаи парвозу фурудоии тайёраҳо таъмин карда мешавад. Дар ин самт шартномаи фурудгоҳ бо иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии таҷҳизотҳои радиотехникии шаҳри Челябински Федератсияи Россия ба имзо расидааст.
Баҳри фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон иҷрои якчанд нақшаю лоиҳаҳо – “Лоиҳаи бунёди терминали муосир”, “Лоиҳаи таъмири капиталии хатти парвоз”, “Дастрас намудани нақлиётҳои махсуси хизматрасонӣ” ва “Лоиҳаи бунёди Боғи фарҳангию фароғатӣ” ояндаи наздик дар назар аст.
Ҳамаи ин тадбирҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ду сол қабл ба вилояти Хатлон анҷом дода буданд, амалӣ мегарданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи хоса ба ин соҳаи муҳими стратегӣ дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми “Фазои кушод” чораҷӯӣ намояд.
Роҳбарияту кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” дар ҷавоби таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва бо шукргузорӣ аз соҳибихтиёрию Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ корҳои ободонию созандагиро баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон вусъати тоза бахшида, талош доранд ҷашни фархундаи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо и бузурги меҳнатӣ истиқбол намоянд.
Аъзам Бобоев
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ – ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 14:00К И Т О Б Д О Р 13:56ХАТЛОН. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» 13:50РИШТАИ МЕҲР 13:44УСТОДЕ, КИ АЗ ХУД МАКТАБ ГУЗОШТ 14:16САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ ХАБИСА ХОЛОВА 13:39ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ 13:34
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
ШАБАФРӮЗ: БОНУЕ ДАР МАСИРИ ЭҶОД
ЗАН ДАР МАЪБАДИ КИТОБ



