Бойгонӣ

САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлолият вожаи муқаддасу беҳтарин неъмат барои ҳар қавму миллат аст. Бо шарофати ин рӯйдоди таърихӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба таври шинохтанашаванда ободу зебо гашта, дар радифи мамолики рӯ ба тараққӣ ҷо гирифтааст. Имрӯзҳо ҳар лаҳза аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз пайки хуши ободии Ватан, дастоварду музаффариятҳо мерасад. Давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар корҳои азиму бузурги ободонӣ, бунёдкорӣ бо маром идома дорад, ки ин ташаббусҳои созандагӣ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии сокинон нақши муассир мебозад. 
Ин ҳама ободгариҳо аз иқдомҳои ҳидоятгаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ки кишвари моро ба қуллаи орзуҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва пирӯзиҳои ояндасоз мерасонад. Қомат афрохтани як қатор иншооти ҷашнӣ, ободу зебо гардидани кӯчаву маҳаллаҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон, ки солҳои охир беҳбудиро металабид ва орзуи мардуми кӯҳстон буд, амалӣ гашт. 
Солҳои пешин ба Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, ки дурдасттарин мавзеъҳои ноҳияи Балҷувон аст, сафар кардан кори саҳлу сода набуд. Бахусус, дар мавсими сардиҳо барои сокинони ин мавзеи хушобу ҳавои Тоҷикистон ба маркази ноҳия рафтан ниҳоят мушкилу имконнопазир буд. Баҳорон сел меомаду роҳҳоро вайрону валангор карда, андар фасли зимистон баъди боридани барф бо сабаби хатарнок будани роҳ мардум дигар сафар намекарданд. 
Хушбахтона, имрӯз новобаста ба боду ҳаво ва мавсимҳои сол ҳамарӯза сокинон бемамоният ба куҷое хоҳанд азми сафар менамоянд. Ҳамзамон, рӯз аз рӯз шумораи меҳмонону сайёҳони дохиливу ҳориҷӣ ба Сари Хосор афзуда истодааст. Ин сарзамини бостонӣ бо чашмаҳои зулолу мусаффо, дарахтони куҳансолу табиати дилфиребаш меҳмонону сайёҳонро тасхир кардааст. Махсусан, шаршараи маъруфи Сари Хосор аз маконҳои шуҳратёри ин мавзеъ мебошад, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст, ки танҳо дар соли ҷорӣ ба ин макони зебову диданӣ беш аз 400 нафар сайёҳони хориҷию дохилӣ омадаанд.
Қомат афрохтани як қатор иншооти ҷашнӣ, ободу зебо гардидани кўчаву маҳаллаҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон, ки беҳбудиро металабид ва аз орзуҳои дерини мардуми кӯҳистон буд, солҳои охир бо суръат амалӣ гардида истодааст.
Чуноне ки бошандагони Ҷамоати деҳоти Сари Хосор изҳор медоранд, ин гӯшаи зебоманзару нотакрори Тоҷикистон аз қудуми мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо шуда истодааст. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, соли 2021 зимни ташрифи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосор як қатор иншооти хуштарҳу замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Табиати зебо, гулу гиёҳҳои шифобахш, обу ҳавои мусаффои ноњияи баландкӯҳи Балҷувон барои занбӯрпарварӣ хело ҳам мувофиқ мебошад. Бо назардошти ин ва ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон корхонаи коркарди асал ва банду басти он, корхонаи коркарди гиёҳҳои табиӣ, меҳмонхона ва чандин иншоти дигар ба истифода дода шуд.
Деҳоти Сари Хосор аз 23 деҳ иборат буда, аҳолии он ба 8 ҳазору 643 нафар мерасад. Дар ҳудуди деҳоти мазкур 15 муассисаи таълимӣ 9 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Дар доираи нақша чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Сари Хосор бунёди 52 иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешбинӣ гардидааст. То имрӯз бо саҳми соҳибкорони ватанӣ 21 иншооти ҷашнӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Сари Хосор осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, МТМУ № 18 дар деҳаи Боғи зоғон барои 600 хонанда, мактаби таҳсилоти асосӣ дар деҳаи Даштаро, бинои “Амонатбонк”, бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ ба истифода дода мешавад. 
Мусаллам аст, ки сокинони ватандӯсти Ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо хушнудиву фараҳмандӣ аз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду ободонии ин диёри афсонавӣ содиқона заҳмат кашида, дар баробари пешбурди рӯзгор ва ободониву ҳуснороии хонаву дари худ, ҳамзамон, дар ҳашарҳои дастаҷамъона фаъолона иштирок намуда, дар корҳои кабудизоркуниву тозагии муҳити зист саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. 
Мо, сокинони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем, ки бо ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ мавзеи Сари Хосорро ба зеботарин гӯшаи олам табдил дода истодаанд. 

Сайфиддин Исломӣ, раиси Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019