Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОХИРИН УМЕДИ ИН УМЕДДОРОН ЗИНДА БОД
Худованд мефармояд, ки «Беҳтарин инсон касест, ки нафърасон аст». Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Маъюбон низ чун одамони солим узви ҷудонашаванда дар ҷомеа маҳсуб меёбанд. Нафарони имконияташон маҳдуд бештар ба таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва муҳаббати атрофиён ниёз доранд.
“Оча тезтар биё, очачон ёдат кардам, очаҷон ба тамошо баред” имдоди Саодатхон ном духтараке мебошад, ки ҳар рӯз модарро бо чунин суханҳо пешвоз мегирад. Саодатхон имрӯз бо амри қисмат дар аробачаи маъюбӣ чашм ба роҳи модари меҳрубонаш ҳаст. Духтари ӯ ҳамагӣ 15 сол дораду дар ин лаҳзаҳои беғашу беолоиши ҳаёт андаруни дарду ранҷ ғутавор гашта, нолаҳояш қалби модарро реш-реш намудааст. Ӯ ҳам мехоҳад амсоли ҳамсолонаш ба мактаб равад сару либоси нав ба бар намояду дар рӯзи иду ҷашнҳо хурсандӣ кунад, вале ба дарде гирифтор аст, ки имрӯз ба ҷуз чор девори хона дигар дӯсте надорад. Бо нигоҳи пурдарду алам аз субҳ то шом интизори модар аст, модаре, ки барои дарёфти қутти лоямут ва пешбурди рӯзгору иҷорапулии хона дар яке аз Марказҳои ташхисию табобатии шаҳри Бохтар ба ҳайси назофаткор фаъолият менамояд.
- Талхию шириниҳои қисмат ҳамин аст, ин имтиҳони ҳаёт аст, сабур бош ва дигар суханҳое ҳастанд, ки пайваста аз мардум мешунавам. Бовар кунед дарди духтари ягонаам гӯё дарун – дарунамро сӯхтааст. Мегирям талх мегирям, сахт мегирям вале дар танҳоӣ дар хилватҷой, ки ашки талхи мани афгорро духтарам-Саодати орзуҳоям набинад. Ман бояд дармони дардаш бошам, зеро такягоҳу умеди охиринаш ҳастам. Бисёр душвор аст вақте, ки ба умед дари манзилатро мекушоӣ, лек дар он ҷо нолаи фарзандро мешунавию аз дарду ранҷ азият кашиданашро мебинӣ. Ҳамаи ин дарди ҷонгудоз барои модар ба марг баробар аст.
Шукри Парвардигор, шукри қисмат мекунам, ки ду писарам солим ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои Саодат таҳсили хонагӣ ташкил намудам, барои ҳунаромӯзиаш шароит муҳайё намудам вале афсӯс ин беморӣ имкон надод то духтараки маъюсам ба шуғле фаро гирифта шавад,- мегӯяду мегиряд модари Саодатхон.
Саодатхон ба гуфтаи модараш бемории модарзодӣ набуда дар синни се солагӣ ба ин дард гирифтор шудааст. Ба гуфти модар то гирифторӣ ба ин беморӣ вай чолоку чобук медавид, ғизояшро ба вақташ истеъмол мекард ва фикррониаш касро ба ҳайрат мегузошт. Духтари шуху донояк буд, аммо пас аз се солагӣ нахуст дар роҳгардӣ мушкилӣ пайдо карда, сипас, дигар дарду беҳолиҳоро дар ӯ мушоҳида мекардем. Ҳамагӣ бо духтурон зиёд талош мекардем, ки давои дарди ӯро пайдо карда, ба табобат фаро гирем, вале афсӯс нигоҳубини пайваста, дорую дармон ва дигар табобату маҳсҳо бенатиҷа буд.
Парвина – модари Саодатхон бо вуҷуди ноҷуриҳои қисмат боз ҳам бо қавииродагӣ ба хотири ояндаи неки фарзандаш саъю талош менамояд. Гарчанде ки ба ӯ бисёр душвор аст, ки дар хонаи иҷора сукунат карда, бо музди маоши назофаткорӣ фарзанди маъюбашро ба табобат фаро гирад. Вале боз ҳам талошу маромаш ба по хезондани фарзандонаш аст.
Вақте аз ҳоли онҳо пурсон шудем ва аз бемории Саодатхон фаҳмидан хостем, модарро гиря гулӯгир кард ва гуфт: Аз хурдсолӣ дар сари Саодатхон об (киста) будааст ва он сол ба сол ҳаҷман калон шуда, ба мағзи сар таъсир расондааст...
- Бисёр душвор аст ба рои зан – модар таъминоти рӯзгор, нигоҳубини фарзанди маъюб ва надоштани манзили зист. Рӯзе қариб 12 соат дар ҷойи кор рост истода, шабонгоҳон бошад болои сари фарзандам бедорхобӣ мекашам. Зеро Саодатхони ман хоби ором надорад, нолиш мекунад. Бо вуҷуди ин ҳама дар моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи хайру эҳсон асту накукорӣ маро бо фарзандонам аз хонаи иҷора ронданд. Лаҳзаи кучкашонӣ дарди Саодатхон хуруҷ карду моро ба беморхона интиқол доданд. Бовар кунед, баъди он ҳодиса дигар намедонам, ки ҳуҷҷатҳои ташхису дигар санадҳои тиббии фарзанди маъюбамро дар куҷо гузоштаам, - ба ёд меорад модар.
Ба гуфти модар имрӯз Саодатхон духтари қадрас шудаву модар тани танҳо аз уҳдаи шустушӯи ӯ баромада наметавонад. Мутаассифона, яке аз масъалаи вазнин бароям бехонагӣ аст, аммо умед дорам, ки шояд шахсони эҳсонкор дар ҳалли ин мушкилот ба ману духтарчаи беморам дасти мадад мерасонанд, - мегӯяд модари Саодатхон.
Саодатхон мусиқиро дӯст медорад. Бисёр мехоҳад либоси зебо ба бар намуда бирақсад. Вақте бо либоси зебо ба кӯча мебароем, ки лаҳзае ҳам бошад хурсандӣ кунад, вале аксар ҳамсояҳо ё роҳгузарон аз садои ӯ ба ғазаб омада, ҳатто суханони қабеҳ ҳам мегӯянд. Охир ин қишри ҷомеа ба муҳаббати атрофиён эҳтиёҷ доранду ба дастгирии хайрхоҳону эҳсонкорон, ки зиндагӣ барои ниёзмандон ҳам имтиҳони сабр асту барои одамони доро ҳам санҷиши шукри неъматҳои Офаридгор.
Махфират ШОИМОВА
(Акс аз интернет)
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд