Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ
“Пистаи туркӣ ва бодоми афғонӣ аз маъмултарин маҳсулоти донагӣ ба шумор меравад, ки дар бозорҳои Тоҷикистон харидори зиёд дорад. Ҳамасола садҳо тонна ин намуди маҳсулот аз хориҷ ба кишвари мо воридгаштаю талаботи он ҳам хеле зиёду бозораш ба қавле “гарм” аст. Аз ин рӯ тоҷирону боғдорон ин шабу рӯз барои ба даст гирифтани бозори ин намуди маҳсулот ҷидду ҷаҳд доранд”.
– Иқлими Тоҷикистон барои парвариши ҳама намуди маҳсулот мутобиқ асту хокаш зархез, аммо мутаассифона, ҳоло ҳам аксар аз маҳсулоти кишоварзӣ хориҷ аз кишвар ворид мегардад, дар ҳоле, ки ҳамаи онро имкони дар Тоҷикистон парваришу истеҳсол кардан ҳаст, – мегӯяд Ҳикматулло Ҷураев, менеҷери ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон”. –ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” низ маҳз талаботи аҳолиро ба инобат гирифта, боғи пистаи туркию бодоми афғониро бунёд кард. Аллакай ду сол мешавад, ки ниҳолони бодому пистаи боғи мо ба ҳосил даромадааст.

Ба гуфтаи Ҳ. Ҷураев онҳо ният доранд дар навбати аввал бо истеҳсол кардани бодому пистаи афғонӣ ва туркӣ қаблан бозорҳои дохилиро таъмин кунанд. Баъдан, нияти содирот кардани онро доранд.
– Ин пистазор 5 сол қабл дар заминҳои бекорхобидаю камҳосили Ҷамоати шаҳраки “Дӯсти”-и ноҳияи Ҷайҳун бунёд гаштааст,- мегӯяд Ҳикматулло Ҷураев, менеҷери ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон”. – Айни замон 25 ҳазор ниҳоли писта ҳоло 5 солаанд. Пистазори мазкур дар масоҳати 43 гектар бунёд шуда, бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ, сероб мегардад. Яъне пистае, ки онҳо парвариш менамоянд, пайвандист.
Ба андешаи мутахассисони соҳа дар ин мавзеи камоб бунёд кардани пистазор ба ноҳиядорон нафъи калон хоҳад овард. Чун қаблан хоҷагидорон бо азобу машаққати зиёд аз ин заминҳо танҳо як ҳосил рӯёнида метавонистанд. Ҳоло бошад норасоии об дар ин минтақа ба назар намерасад. Масъулини хоҷагӣ бо бунёди чоҳҳои махсус ва обёрии қатрагӣ мушкили худро осон намудаанд.

– Ҳарчанд баъди бунёди боғ мушкилот зиёд буд, аммо мо бо мурури вақт ҳамаи онро омӯхтаю бартараф кардем, яъне нозукиҳои парвариши пистаю бодомро дар иқлими гарми ин ноҳия аллакай аз бар намудем, - зикр намуд, Фазлиддин Назаров, мутахассиси соҳа. – Минтақае, ки мо боғ бунёд кардаем ба сарҳади Ҷумҳурии Афғонистон наздик аст, аз ин рӯ ҳавои тафсону боди “афғони”-и (шамоли афғонӣ, боди чангу ғубордореро мегӯянд, ки дар аксар маврид ба хоҷагидорон зиён меорад) зиёд дорад. Аз суйи дигар атрофи моро биёбон иҳота кардаасту бо вазидани бод, хокборишҳои зиёд ба вуқуъ меояд, ки ин ҳама барои парвариши ниҳоли писта таъсири манфии худро мерасонад.
Бояд гуфт, ки ниҳолони боғи ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” дар ноҳияи Ҷайҳун дар майдони беш аз 70 гектар бунёд шудааст. Чун нақшаи хоҷагидорон калон аст, соли ҷорӣ дар майдони 8 гектари дигар пистаи навъи “Узун Антеп”-и туркиро кишт кардаанд.
“Навъи пистае, ки мо кишт кардаем то 400 сол умр дида, дар 3 солагӣ ҳосилхез мегардад”, - изҳор медорад Фазлиддин Назаров, мутахассиси соҳа.
– Ин навъи писта аз дигар навъҳо тафовути калон дошта, дар баробари зуд ҳосилхез гаштан, даҳони донаки ҳамаи он боз аст. Нигоҳубини он ҳам дар шароити Тоҷикистон мушкил нест, танҳо дар замини обӣ парвариш намуданаш лозим аст.

Барои рушди соҳа ба дигар хоҷагидорон дастрас намудани ниҳоли ин навъи писта, масъулин дар як сол то 100 ҳазор ниҳолро дар қуттиҳои махсус сабзонидаю пайванд карда, пешкаши харидорон менамоянд.
– Дар баробари бунёди боғ ҷамъияти мо, ҳамчунин, ба парваришу фурӯши ниҳолони пайвандии писта машғул аст, - мегӯяд Ҳикматулло Ҷураев, менеҷери ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон”. – Ниҳол ва тухми пистаро дар оғоз аз Туркия ворид кардем. Баъдан, бо мурури вақт, мутахассисони мо тарзи парвариш ва пайванд кардани пистаро аз худ карданд. Ҳамин тариқ, мо парвариши навниҳоли онро ҳам ба роҳ мондем. Ҳоло дар гармхонаю ҳавои кушоди хоҷагӣ 40 ҳазор ниҳоли писта барои ба фурӯш гузоштан омодааст.
Агар қаблан пистазорро танҳо дар ҷангалу кӯҳистон дидан мумкин буд, ҳоло бошад, дар заминҳои наздиҳавлигию корами обӣ низ метавон ниҳоли пистаро парвариш кард. Чун тайи солҳои охир бо ворид кардани навъҳои гуногуни дарахти писта ва коркарди агротехникаи он, хоҷагидорон дар заминҳои хеш боғи пистаро низ бунёд мекунанд. Ҳамаи ин барои ба даст гирифтани бозори пистаи туркӣ, аз сӯйи тоҷирони ватанӣ имконият фароҳам меоварад.
Мизон
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



