Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон
Футбол дар арсаи ҷаҳон аз маъмултарин намуди варзиш ба ҳисоб рафта, ҳамчун варзиши рақами яки дунё шинохта шудааст. Ин намуди варзиш дар таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни инсоният нақши муассир дошта, ҳамчун воситаи муҳими пешбурди муошират ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқу миллатҳо хидмат менамояд. Футбол бозиест, ки исми кишварҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Дар вилояти Хатлон низ таваҷҷуҳ ба ин риштаи варзиш зиёд буда, дар баробари фаъолият намудани дастаҳои зиёди мардона, инчунин, чанде аз дастаҳои духтарона низ дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок доранд.
Дастаи футболбоздухтарони “Вахш”-и Хатлони шаҳри Бохтар аз ҷумлаи дастаҳое мебошад, ки соли 2002 таъсис ёфта, то инҷониб дар чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидааст.
Меҳрангез Шарифова, сармураббии даста, мегӯяд аз соли 2002 то соли 2022 дастаи “Вахш” дар чандин чемпионати Тоҷикистон хуб ҳунарнамоӣ карда, ду маротиба унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст оварда, ду маротибаи дигар барандаи медалҳои нуқраи ин мусобиқот гаштааст.

-Соли 2022 аз сабаби дастгирии молиявӣ наёфтан дастаи мо барҳам дода шуд, - гуфт зимни суҳбат Меҳрангез Шарифова. -Ҷалб намудани духтарон ба футбол мушкилоти худро дорад. Аксари волидайн намехоҳанд, ки духтаронашон ба ин риштаи варзиш машғул шаванд. Бар замми ин набудани сарпараст низ яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз дастаи “Вахш” соли 2022 фаъолияти хешро қатъ намуд, - гуфт Меҳрангез Шарифова.
Аввали соли 2024 дастаи “Вахш” дубора эҳё мешавад ва сарпарастии онро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба зимма гирифтааст.
Тавре Меҳрангез Шарифова дар идомаи суҳбат афзуд, феълан дар ин даста 18 нафар духтарон аз чандин шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷалб гардида, дар Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон ҳунарнамоӣ доранд.

Ашур Гадоев, мутахассиси варзидаест, ки чандин солҳо ба ҳайси сармураббии дастаи футболбоздухтарони “Вахш” кору фаъолият намудааст. Зери роҳбарии ӯ соли 2018 даста аввалин маротиба дар аввалин Чемпионати Тоҷикистон байни бонувон иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гашт. Ҳунарнамоии хуби ин дастаро дида, ду бозингари онро ба ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоянд. Феълан, ду бозингари дастаи “Вахш” Лайло Ҳалимова ва Беназир Ҷумъахонзода дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон хуб ҳунарнамоӣ намуда истодаанд.
Ашур Гадоев айни ҳол ба ҳайси ёрдамчии сармураббии дастаи “Вахш” фаъолият дошта, хизматҳои мондагори хешро баҳри рушду пешрафти футболи занон дар вилоят равона намуда истодааст.
-Футбол ҳамчун як риштаи варзиш марзҳо, монеаҳои забонӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ – иқтисодиро убур мекунад ва неруи муттаҳидкунандаи он одамони тамоми кураи заминро ба ҳам наздик менамояд. Онҳо бо забони ягона, “забони футбол” сухан меронанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар сатҳи дипломатия варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ байни кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ мегардад, - мегӯяд Ашур Гадоев.
Меҳрангез Шарифова афзуд, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бозии футбол, аз ҷумла футбол байни бонувон рушд карда, ҳаводорони зиёде пайдо намудааст.

-Нақша дорем, ки то охири соли равон дар шаҳри Бохтар як мусобиқаи футбол байни бонувон ташкил намоем ва баъди анҷоми мусобиқа чеҳраҳои навро ба ҳайати дастаи “Вахш” даъват намоем. Имрӯзҳо барои мо тамоми шароити машқу тамрин муҳайё карда шудааст. Мо миннатдории хешро ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва роҳбарияти шаҳри Бохтар мерасонем, ки пайваста моро дастгирӣ намуда, тамоми лавозимоти заруриро барои мо муҳайё намуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш менамоем, ки дар оянда дастаи “Вахш” дар Лигаи олӣ хуб ҳунарнамоӣ намояд ва шарафи футболи вилоят ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Меҳрангез Шарифова.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД